Бахшҳо

Ҳушдори Шабдолов тариқи TV: Ҳамаро аз даст медиҳем

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон зимни суханронии пешазинтихоботиаш аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфт, бозори дохилиро ҳимоя карда натавонистем ва дар пайи таъсири омилҳои берунӣ иқтисоди кишвар дучори буҳрони шадид шудааст.

Раҳбари коммунистҳо бо зикри пойбандии бозорҳои дохилӣ, аз ҷумла бозори озуқа аз маҳсулоти хориҷӣ рушди хоҷагии қишлоқро зарур хондааст. Ӯ бозгашт ба низому колхозу савхозро пешниҳод карда, таъкид намудааст, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то маҳсулоти ниҳоӣ бояд дар дохили кишвар роҳандозӣ шавад.

Шабдолов ба рушди соҳаи энергетика ишора карда, изҳор доштааст, ки он бояд пурра дар инҳисори давлат бошад. “Дар сурати ғайр мо ҳамаро аз даст медиҳем”. Раҳбари коммунистон тоҷик афзудааст, ки рушди ҳамаи соҳаҳои дигар аз энергетика вобастаанд.

Ба қавли раиси ҲКТ дар сурати роҳандозӣ кардани сиёсати иҷтимоӣ Тоҷикистон метавонад субот ва амнияташро таъмин кунад. “Ҳукумат бояд иттилоот дар мавриди таҳдид ба амнияти миллӣ, хатарҳои иқтисодӣ ва суботи иҷтимоиро аз мардум пинҳон накунад”- таъкид кардааст Шодӣ Шабдолов.

Ӯ гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд дар раванди пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фаъол бошад. Ба бовари Шабдолов ин иттиҳодия барои ҳамаи кишварҳои узв шароит фароҳам мекунад, ки бозорҳои миллиашонро ҳифз кунанд.
Мӯҳр
мухочири сарсон
мухтарам раис мисли гресия намешавем мабодо чунки бе хаминам 25сол ин чониб бо русхо будем дидем ки русхо бо кризис ру ба ру мо аз русхо бадтар шудем бед раис бетараш аз хама блок берунравем 1-2солак азоб мекашему сони нагзмешат аз ХУДО умеддорам мухочират сах азоби миллат досос

Коршинос
Муҳтарам Шабдолов,
Ҳоло ҳам хоби СССР мебинед? Кадом иттиҳоди иқтисодӣ?!
Худатон мегӯед, ки ягон чиз надорем, бо чӣ мо ба ин иттиҳод ворид мешавем? Бо сари қоқу дасту пои бараҳна? Манфиатҳои миллӣ чӣ мешаванд? Ё шумо Тоҷикистонро роддоми қувваи кории (ғуломони) Руссияи азизатон кунед?!
Бедор шавед, Бедор!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)