Бахшҳо

Оғози ҷалби тоҷикон ба хидмат дар Русия: 6 нафар танҳо аз Тюмен

Виталий Мудрук, сардори бахши ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар вилояти Тюмен имрӯз, 5 феврал зимни як нишасти хабарӣ дар бораи таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия суҳбат кардааст.

Ӯ таъкид кардааст, танҳо аз вилояти Тюмен дар соли гузашта 6 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи шартнома ба хидмати ҳарбӣ дар Русия сафарбар шудаанд: “Аз аввали соли равон то ҳол ҳудуди 10-15 шаҳрванди дигари Тоҷикистон барои хидмати шарномавӣ муроҷиат кардаанд. Теъдоди шаҳрвандони украинӣ низ тақрибан ҳамин қадар аст. Аз Узбакистон 5 ва аз Қазоқистон ду нафар ба мо муроҷиат кардаанд.”

2 январи соли равон Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия фармонеро содир кард, ки тибқи он хориҷиён имкон пайдо карданд, ба таври шартномавӣ дар артиши Русия хидмат кунанд. Дар ин фармон, ки торномаи расмии ҳуқуқии Русия нашр кард, омадааст, “ҳарбиёне, ки шаҳрвандони хориҷианд, имкон доранд дар вазъияти ҷангӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, мутобиқ ба тартиби муқарраркардаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои Русия, ба артиш ҷалб шаванд.”

Дар ин фармони Путин таъкид мешавад, ин муқаррарот ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар пайгарди қонунӣ ва ё додгоҳ қарор доранд ва инчунин муҳлати адои ҷазояшон тамом нашудааст, дахл надорад.
Мӯҳр
Фирдавс
Додситон бояд рӯйхати ин шаҳвандонро тартиб дода. шаҳрвандии онҳоро бозгардонад, моликияти онҳоро тассаруф кунад. Ва ворид ба хоки ҶТ манъ кунад ва ба хок супоридани маъит онҳоро манъ кунад.

456
Маблаги шартномаашон чанд рубль бошад?

Коршинос
Ҳукумати Тоҷикистон бояд ин протсесро зери назорат дошта бошад. Оё Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандон иҷозат медиҳад, ки дар сафи артиши кишвари бегона бошанд?
Онҳо маҷрӯҳ шаван, кии онҳоро нафақа медиҳад ва аз кадом роҳ? Ҳукумати Руссия то ҳол масъалаи пардохти нафақапулӣ ва пардохтҳои иҷтимоиро ҳал накардааст...

Точиконе, ки ба сафи артиши давлати бегона хизмат менамоянд, бояд тарики автомати аз шахрвандии Точикистон махрум шаванд. Артиш ин як асбоби сиёсист, ки ба нафъи давлати сохиби ин артиш хизмат менамояд ва дар холати чанги бо ин давлат метавонад фишоре ба мо оварад. Ин дар холест, ки шахрвандони мо бо худи мо метавонанд чанг бикунанд. Инро бояд конунбарори охистаи мо алакай дарк мекард!

Мухтарам Чаноби Оли Ягон Конуни Навкабул Кнен дар Бораи Шахрвадон ки Дар Расияа Хастан .Хизмати Харбикнан дар Расияа Чиноят Елоншон кнен.Аксарияти Милати Мо Бесавод Хаст Расия Истифодашон Мебаран Украинада Мекшаншон

.
Миллат

Бародар, хамин шахрвандии Точикистон ба ки лозим аст? Ин мардакхо аз ночори тарки ватан кардаанд. Хукумати Точикистон дар фикри онхо нест. Бигзор бо кадом рохе ки набошад, зиндагиашонро пеш баранд. Шахрвандии Точикистон гупта бо шиками гурусна гарнданд?

ы
Фроситочик,

Дар хамон Украина рафта мури бехтар аз он аст, ки дар Точикистон бекору хору залил боши.

ин икдоми хуб аст, чунки писарон мехоханд зиндагии хуб дошта бошанд ва оилаашонро хуронда фарзандонашонро дар мактабхои хуб хононанд. аз ин ру ин рохро интихоб кардаанд, мутаассифона дар кишвари мо касе ки сумдор аст вале магзи сараш пуч бо сумаш аттестатро харида метавонад муаллимон барои сум бесаводро бахои аъло мегузоранд бо чунин кадрхо ин кишвар обод намешавад.

pom
Чӣ кор дорӣ ба онҳо? Ту кистӣ ки дафни майити як бандаи муъминро манъ мекунӣ? Дар кадом асос? Фариштаи покӣ? Беҳтараш, дафни фанатикҳоеро манъ кардан лозим аст, ки дар мамлакатҳои араб зархарид шудаанд ва боз ба миллати худ рӯирост таҳдид мекунанд, бо амри куффор мӯъминонро мекушанд.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад дафну ҷанозаи бандаи муъминро манъ кунад, як бандаи муъминро кофир ҳукм кунад, агар он банда ба яккаву ягонагии худованд ширк наорад, ба малоикаҳои ӯ, ба паёмбарони ӯ, китобҳои ӯ, рӯзи қиёмат, дар дасти аллоҳ будани тақдир шак наорад. Кулли аъмоли дигар дар рӯзи ҷазо қазоват карда мешаванд. Имрӯзҳо ингуна мушрикон зиёд шудаанд, ки аз пеши дасти худ ҳар касеро хоҳанд кофир ҳукм мекунанд. Аз худованд тарсед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)