Бахшҳо

Эшони Нуриддин дар бораи баргардони оятҳои Қуръон ба кирилӣ

Эшони Нуриддин, руҳонии саршиноси тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо баргардони лафзи сураҳои Қуръон ба хатти кирилиро аз нигоҳи шариати Ислом нораво хондааст.

Ӯ дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - Turajon.org, гуфтааст, “навиштани оятҳои Қуръон бо ҳуруфи ғайри арабӣ назди ҷумҳури уламо ҷоиз нест”.

Ба гуфтаи эшони Нуриддин, забони арабӣ дорои ҳарфҳое мебошад, ки дар дигар забонҳо дида намешавад: “Аз ин сабаб шумо кушиш кунед хондани Қуръонро биомӯзед”. Руҳонии тоҷик афзудааст, агар шахс тавони азхуд кардани хатти арабиро надошта бошад, метавонад, “аз даҳони ягон шахсе, ки қироати саҳеҳ дорад, сураҳоро ҳифз кунад”.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши китоб шумораи китобчаҳои сураҳои Қуръони баргардон бо ҳарфҳои кирилӣ зиёд шудааст.
Мӯҳр
Точикам
ин Худо миллаташ араб аст, ки танхо бо араби Куръонро мумкин будааст??? Чи тавре, ки католикхо дигар равияхои християниро фиреб мекунанд, ки забони Библия лотини аст. то кай ин дуруг. Худо миллату забон надорад.

Озод
Дигар чавобро аз эшонхо набояд интизор буд. Барои онхо дар бесаводи ва нофахми нигох доштани мардуми мусалмон, ин нигох доштани даромадашон мебошад. Мардуми бесаводро осонтар рохбари кардан. Агар динро бо забони модари ( порси) чори мекарданд, ба бисёр рохгумихо ва бадбахтихо дар тули 1000 сол дучор намешудем ва аз торикиву кашокии манави рахо меёфтем.

Бобойи Ешон ягончизро медонад ки мегуяд у аз пеши хеш гап намезанад!!!

Донишчу
Бародарон манзури эшон тарчумаи Куръон ба забони точики нест, танхо баргардони лафзи асли-арабии оятхо бо хатти кирили аст. яъне ба мисли "Алхамду лиллохи раббил ъоламин..."

Точикак
Точикам,
Дар асл забони Инчил арами (арамейский) хаст, ки махз ба забонхои гуногун гардонидани он сабаб шуд, ки тагйиротхои нораво дар он зиёд шуд ва ин китоб мансух шуд. Барои чи мулло метавонистааст, ки забони араби ёд гираду Куръон омузад ва дигарон на? Магар ягон монеа хаст, ки шумо наметавонед куръонро бо аслаш биёмузед? Хак ба чониби Турарчонзода хаст, ки араби харфхое дорад, ки дар дигар забон ифода кардан номумкин аст. Масъалан харфи з, ё т, ё х, ва боки тавфик талаб дорем барои хамагон, Валлоху аълам.

бандаи Худо
ХАК БАР ЧОНИБИ БОБОИ ЭШОН АСТ
ХУДО НИГАХБОНАШ БОШАД.

Фархори
Куръонро ба точики хону аз руи он амал бикун ин шо Оллох Худованди мехрубон гунохоро мебахшад. Зеро Худованди мехрубон ба банда ягон кори мушкилро раво намебинад. Аввал ба точики омузед пурра аз худ намоед баъдан забони арабияшро низ аз худ намоед хело осон мешавад.

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Ду бор дар чопхонаи Қуръон будам. Он дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ аст. Ба ҳар чи ки гӯед қасам мехурам, ки бо чашми худ дидам, ин китоби муқаддасро бо ҳама ҳуруфотҳо, аз ҷумла сриликӣ, чоп мекунанд.

я кас
и китоби куръони точики ба араби чи дахл дора? барои одамой ки лафзи арабира намедонан. Дар точикистон шояд панч фоизш арабира бдона ё не амшам боша аму млхои хондагиан. чи бади дора тарчумай точки мардм бхна бдона ки Аллох чи гуфтай гандахай.

Abdulloh
Kasone ki ba suxani eshon erod giriftand besavod budani xudro nishon dodand. Eshon durust guftaand. Mas'alan dar arabi 3- to harfi ''z'' hast ki bo xud maxraji gunogun ya'ne talaffuzi maxsus dorad ammo dar tojiki 1 to ast. 3 to harfi ''s'' bo talaffuzi gunogun dar kirili 1 to .

Мусалмонам
Точикам,
Вакте, ки бо Худованд ру бу ру шуди пурраву возех ба саволат чавоб мегири, ки миллаташ араб аст е на. Фатвохо ва шарху тафсирхои Олимони Ислом, ки дуруг бошад, ба ин гуна саволу чавоб ахамият надех ва худатро хаста макун. Барои мо ки даркор аст, мехонем бахра мегирем ва дар зиндагиамон бо фатвохои Уламо амал мекунем, ки то розигии Худовандро ба даст орем. Худованд Олимони Худотарс ба мисли Нуриддинчонро хифз кунад ва илму амалашонро ба дигар бандахо насиб гардонад. Омин!

Азиз
Точикам,
Дуруст охир, танхо бо араби бояд блшад, чунки агар хамин хел рафтан гирад чанд сол пас Куръонро сиёсатмадорон сиёси карда истифода мебарандhttps://www.ozodagon.com/20023-eshoni-nuriddin-dar-borai-bargardo
ni-oyato
i-uron-ba-kiril.html#

118
Abdulloh,
БАРОДАРИ АЗИЗ МАНЗУРИ ХАЗРАТИ ЭШОН ТАРЧУМА НЕСТ ОЯ ХАСТ. МАТНРО ХУБ МУТОЛИЪА КУН


Точикам,
Охи ами ячира нафамида чи ика пешпртаки мекни? Эшон мега бо сабаби харфои араби ба и харфои криликит фаркияти калон доштаншш мумкин неест!!

Холис
Хак ба чониби устод эшони Нуриддин аст. у харчи мегуяд аз хакикат дур нест. яъне хакикат дорад. чунки дар хатти араби харф хое хаст ки дар дигар забонхо дида намешавад. ба монанди х, ки 2талафуз дорад. 1. х, бо куртук гафс талаффуз мешавад. 2. х, тунук талафуз мешавад. ба монанди ин боз хаст А. Т. Худовад ба хамаи муслимин тавфики дар Ислом ато кунад


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)