Бахшҳо
12 фев 2015 18:46Ҳуқуқи инсон

Фоҷиаи Покистон. Қатли бегуноҳонро ягон дин намебахшад

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Ҳодисаи ҳамлаи Толибон ба як мактаб дар шаҳри Пешовари Покистон тамоми ҷомеаи ҷаҳониро такон дод ва мардумро ба он таҳрик дод, ки дар муқобили терроризм, бадрафторӣ ва қатли кӯдакони бегуноҳ иттиҳоди назар ва амал нишон диҳанд. Тибқи фарҳанги исломӣ, «Банӣ одам аъзои як пайкаранд» ва «Муъмин бародари муъмин аст», вале, мутаассифона, ҳақиқати ҳол ин аст, ки иддае арзишҳои асили исломиро таҳриф карда, он пайкари куллро хуншор ва мусулмонон, ҳатто кӯдакони бегуноҳро кушта истодаанд.


ФОҶИАЕ, КИ ҶАҲОНРО ТАКОН ДОД

Дар пайи ин амали террористӣ, ки 16 декабр ба вуқӯъ пайваст, наздики 150 нафар, аз он ҷумла беш аз 130 кӯдаки аз 9 то 14-сола ба ҳалокат расиду 122 ноболиғи дигар захмӣ гашт. Ҷунбиши толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Ба қавли манобеи расмии Покистон, субҳи 16-уми декабр шаш марди мусаллаҳ дар либоси низомии давлатӣ вориди мактаби таҳсилоти умумӣ ва коллеҷи ҳарбӣ, ки дар он ҷо 500 хонандаю омӯзгор ҳузур доштанд, шуда, тирандозӣ кардаанд. Котиби матбуотии «Таҳрики толибони Покистон» Муҳаммади Хуросонӣ ба бахши покистонии радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин ҳамла дар посух ба амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Вазиристони Шимолӣ баргузор гаштааст. Баъдтар Хуросонӣ дар суҳбат бо хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ба камияш 6 нафари мусаллаҳ дар ҳоле вориди мактаб шудаанд, ки дар он 500 донишҷӯву омӯзгор машғули дарс буданд.

Ибод, толибилми синфи 10-уми мактаби мавриди ҳамла қароргирифта, ки шоҳиди марги даҳҳо шарикдарсаш шудааст, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки вақте муҳассилон вориди мактаб мегардиданд, тирандозӣ сар шуд ва мусаллаҳон ба синфхона даромаданд. «Онҳо бисёре аз донишҷӯёнро паронданд. Ман кушта шудани 40 то 50 нафарро дидам ва ҳам дидам, ки муаллими омодагии ҳарбиро дар пеши чашмони мо паронданд», - қисса мекунад Ибод.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса, ҳамла дар айни имтиҳони хонандагон ба вуқӯъ пайвастааст, яъне замоне ки хонандаҳо синф ба синф мегарданд. Аз дохили мактаб садои се таркиши бузург ба гӯш расидааст. Ҳарбиёни покистонӣ ҳамаи 6 нафар ҳамлаваронро нобуд кардаанд.

«Таҳрики толибони Покистон» ҷамъияти ҷангии исломист, ки соли 2007 ташкил шудааст. Он дар ҳудуди минтақаҳои қабиланишини Покистон ва баъзе минтақаҳои ҷанубии Афғонистон ҷойгир буда, қисми зиёди гурӯҳҳои террористии покистониро дар атрофи худ гирд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо барқарор намудани қонунҳои шариат, берун кардани қувваҳои НАТО аз Афғонистон ва сарнагун кардани ҳукумати феълии Покистон аст.

ТОҶИКИСТОН: "МУБОРИЗАИ БЕАМОНРО ИДОМА МЕДИҲЕМ!"

Ин ҳамлаи террористӣ вокуниши шадиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба бор овард. Худи ҳамон рӯзи вуқӯи ин амали террористӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, башиддат маҳкум кард. «Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод», - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Дар баёнияи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳодисаҳои ғамангези рӯзҳои ахир дар Покистону Ироқу Сурия «амали ноҷавонмардонаи террористон» арзёбӣ шудааст. «Ислом дини раҳмат ва меҳрубонӣ аст, ки дар таълимоти он мусулмонон бо ҳам бародар ва меҳрубон хонда шуда, инсонҳо ба сабру таҳаммул ва рафтори нек даъват мегарданд (сураи Шуҷурот, ояти 10, сураи Фатҳ, ояти 29 ва сураи Аср). Инсон новобаста аз миллат, дину мазҳаб аз тарафи ислом эҳтиром шуда, каромат дода шудааст (сураи Исро, ояти 70)», - зикр шудааст дар ин баёния ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки минбаъд низ ба муқобили ин падидаи нангин, ки ба номи ислом иснод меорад, мубориза баранд.

ҶАВОНОН: "АМАЛИ ТЕРРОРИСТОН БЕШАРАФИСТ"

Ҳамлаи гурӯҳи ҷангиёни Толибон ба мактаб ва коллеҷи ҳарбӣ дар шаҳри Пешовари Покистонро Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ маҳкум кардааст. Тавре дар изҳороти ин созмон омадааст, бовари кас намеояд, ки фарзанди инсон ба чунин ваҳшоният қодир бошад. «Чунин ҷинояти гӯшношунид дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро низ бетараф нагузошт ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад, зеро ин хавфу таҳдидест ба тамоми аҳли башар, ҳама халқҳову давлатҳо. Ҳамчунин ин ҷиноят, ваҳшонияти навбатӣ бори дигар ҷаҳолат, чеҳраи аслӣ ва мақсаду мароми ҳаракатҳои террористиро исбот намуд, ки ҳатто дар давраҳои асримиёнагӣ ҳам чунин як пастию бешарафиро дучор омадан шояд мумкин ҳам набуд», - таъкид шудааст дар изҳорот. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчунин аз он истиқбол мекунад, ки ҳодисаи мазкур кулли сарварони давлатҳои ҷаҳонро сари як андеша овард ва онҳо бо нафрату ғазаби беандоза бар зидди терроризми байналмилалӣ изҳори назар намуданд.

Дар идомаи изҳороти ИҶТ ҳамчунин даъват шудааст, ки ин ҳодисаи нангин ва даҳшатнок бояд тамоми аҳли тараққихоҳи ҷаҳонро, новобаста аз дину мазҳаб, андеша, сохти давлатдорӣ алайҳи ин қувваҳои аҳриманӣ муттаҳид созад, то якҷо ин решаи зулму фасодро решакан намоем. «Бигузор, чунин рафтори разилона барои он ҷавонони тоҷик, ки ба кӯйи гумроҳӣ рафта, ба ҳаракату гурӯҳҳои ситезаҷӯ, бахусус, дар сафҳои давлати ба ном исломии Ироқу Сурия меҷанганд, сабақ гардад. Онҳо бояд дарк созанд, ки ҷони ҷавони худро баҳри манфиатҳои кадом як гурӯҳу ашхоси бадният ва кинаҷӯ беҳуда қурбон месозанд. Онҳо дар назди виҷдони худ бояд иқрор шаванд, ки ният ва амалашон ҷавонмардӣ набуда, имрӯзу оянда ва дар давоми таърих ҳамеша аз ҷониби аҳли башар маҳкум мегардад», - таъкид мешавад дар изҳороти ИҶТ ва дар идома омадааст, ки «баргаштан аз роҳи бад ҳеҷ вақт дер нест ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта, ки дар асл боиси як бори дигар туҳфа намудани олами хушбахтӣ ба волидайн ва фарзандонашон мегардад, бузургтарин кор дар ҳаёти он ҷавонони роҳгумкарда мебошад».

ПЕШВОЁН: "ҚАТЛИ БЕГУНОҲОНРО ЯГОН ДИН НАМЕБАХШАД!

Раҳбарони Маркази исломии Тоҷикистон, маркази исмоилия, иттиҳодияи ҷумҳуриявии ибодатгоҳҳои масеҳиёт-баптистҳои евангелии Тоҷикистон, ибодатгоҳи русии православӣ, ибодатгоҳи румии насронӣ низ дар як баёнияи муштаракашон ба мардуми Покистон изҳори тасаллият намуда, амали нангини мазкурро кори дасти нерӯҳои фитнаангезу зиддиинсонӣ ва душманони башарият хондаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки амалҳои ин созмони террористиро, ки боиси марги даҳҳо кӯдаки бегуноҳ шудааст, тамоми динҳои дунё, аз он ҷумла ислом, гуноҳи кабира мешуморанд. Онҳое, ки назару ақидаҳои ифротӣ доранд, бинобар донишҳои номукаммали исломиашон оятҳои Қуръонро таҳриф намуда, даст ба хунрезию низоъангезӣ мезананд. «Кӯдакон барои волидони худ неъмати худовандӣ ҳастанд. Ҳамлаварон бо қатли тифлони маъсум ба ин неъмат дастдарозӣ кардаанд, ки гуноҳи нобахшиданист», - омадааст дар баёния. Пешвоҳои созмонҳои динии Тоҷикистон дар идома гуфтаанд, ки тамоми мардуми олам, новобаста ба эътиқоди диниашон, бояд чунин амалҳои ифротгароию террористиро шадидан маҳкум намоянд ва изҳори боварӣ кардаанд, ки ин сабақи талх боиси муттаҳидии халқиятҳои гуногунмиллату гуногунмазҳаби ҷаҳон мегардад ва қувваҳои сиёҳкори байналмилалӣ дар ҳеҷ куҷо дастгирӣ нахоҳанд ёфт.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо таваҷҷуҳ ба амали террористии рӯзи 16-уми декабр дар яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистон рухдода мегӯяд, ки мардуми тоҷик ҳам бояд ҳушёр бошаду аз оқибати ҳалокатбори тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ биандешад. «Оё дар дохили халқи қариб саросар мусулмони Тоҷикистон зарурат ба ҷудо кардани бахше аз он дар як ҳизби динӣ вуҷуд дорад? Ҷавоб ба ин савол комилан равшан аст: не, ягон зарра зарурат вуҷуд надорад! Ормонҳои динии халқи Тоҷикистон озодона амалӣ шуда истодаанд ва ниёзе ба ягон дахолати нерӯи сиёсии хислати динидошта ба умури эътиқодии ӯ низ вуҷуд надорад… Давлат барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодӣ, аз ҷумла, анҷом додани тамоми аркони ислом, фароиз ва расму оинҳои динӣ шароити заруриро муҳайё сохтааст», - иддао дорад Н. Амиршоҳӣ.

"ГУНОҲИ ҚАТЛИ ЯК НАФАР МИСЛИ ГУНОҲИ ҚАТЛИ ЯК ОЛАМ АСТ"

Ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон низ дар робита ба фоҷиаи рухдода дар шаҳри Пешовари Покистон вокунишҳои шадидлаҳн нишон дод. Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии ҷумҳурӣ ва ҳамзамон сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, аз қавли уламои дини вилоят гуфт, ки амали ноҷавонмардонаи террористон, ки дар боргоҳи илму маърифат зидди толибилмон сурат гирифт, хилофи ахлоқи башарӣ ва талаботҳои дини мубини ислом мебошад. «Дар Қуръони карим Парвардигори олам мефармояд: «… ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод (яъне роҳзанӣ ва муртад шудан) дар Замин бикушад, пас, чунон аст, ки ҳамаи мардумонро якҷо кушта бошад ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумонро якҷо зинда сохта бошад… » (сураи «Моида», ояти 32). Яъне гуноҳи қатли як нафар мисли гуноҳи қатли як олам аст», - таъкид кард С. Сорбонхӯҷа ва афзуд, ки Шӯрои уламои дини вилояти Хатлон мавқеи давлатамонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷинояти мудҳиши толибонро маҳкум менамояд ва аҳли ҷомеаро даъват мекунад, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа пайваста кӯшиш намоянд.

Ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав низ бо ирсоли номае ба унвонии рӯзномаи «Хатлон» таъкид кардаанд, ки ҳамлаи мусаллаҳона ба яке аз мактабҳои Пешовари Покистон қаҳру ғазаби онҳоро ба бор овардааст. «Ин амалро танҳо ваҳшоният метавон номид, зеро ягон мусулмон алайҳи ҳамдину ҳамзабону ҳамватани худ ба чунин амали даҳшатбор даст намезанад. Ин гурӯҳи худобехабар, ки пеши чашмонашонро ҳадафҳои ифлосу интиқомҷӯёна ва забт-корона кӯр кардааст, кайҳо аз ҳадди мусулмонӣ берун баромада, фаромӯш кардаанд, ки инсонро аз ҷоне, ки Худованд ба ӯ ато кардааст, илло бо хости Худованд, ҷудо намудан гуноҳест кабира. Ин гурӯҳи ифротию забткор солҳо боз мардуми заҳматкаши Афғонистону Покистонро зери шиканҷаи шадид қарор додааст ва мардумозорӣ, одамкушӣ, хонасӯзӣ ва вайронкорӣ барои ин тоифа як амали одию рӯзмарра шудааст. Онҳо кайҳо панди бузургон ва фармудаҳои Қуръони азимушшаънро аз ёд бурдаанд.

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширинаш хваш аст.

Онҳое, ки фарзандони мардуми бечораро ба хоку хун кашиданд, модарони онҳоро ашкрезону қалбҳояшонро хунчакон сохтаанд, тифлони бегуноҳро маҳкуми марг намудаанд, мунтазир бошанд, ки чунин ҷазоро нисбат ба худ ё ақрабояшон хоҳанд дид.

Эй дил, малол мабош, Аллоҳ акбар аст,
Душман агар қавӣ бувад, Аллоҳ қавитар аст»,- омадааст дар номаи устодону донишҷӯён.

Аз нигоҳи дини мубини ислом, ҳеҷ кас ҳақ надорад хуни бегуноҳеро бирезад ва касе, ки ба чунин кор даст мезанад, гӯё ҳамаи инсонҳоро куштааст ва аз раҳмати Худо маҳрум шуда, абадӣ дар дӯзах хоҳад монд. Биноан, амали касоне, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам аз номи ислом даст ба қатлу ғорат мезананд, аз нигоҳи Қуръону ислом комилан нораво буда, ин гуна афрод аз ҷумлаи пайравони ростини ин дини пок ба ҳисоб намераванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)