Ихтисоси беш аз 102 ҳазор доллари Ҷопон барои ноҳияи Рашт
Ҷопон дар доираи лоиҳа беҳтар гардонидани марказҳои дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт 102,371 доллар ихтисос дод.
Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Душанбе хабар доданд, маросими имзои созишномаи грантӣ дар чорчуби лоиҳаи мазкур имрӯз, 12 феврал дар пойтахти Тоҷикистон сурат пазируфтааст. Зери созишномаи мазкур Такашӣ Камада, сафири Ҷопон ва Қаноатшо Лоиқов, раиси ноҳияи Рашт имзо гузоштаанд. Манбаъ мегӯяд, ин маблағ дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ ҷудо гардидааст. “Дар чаҳорчуби ин лоиҳа, бинои Маркази хизматрасониҳои рӯзонаи “Аниса” пурра таъмир мегардад ва Маркази нави машваратгоҳи равониву тиббӣ-омӯзгорӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт таъсис меёбад. Ҳамзамон, тавассути лоиҳаи мазкур ҳарду иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Бо анҷом ёфтани лоиҳа, иншооти зикршуда метавонанд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт ва гирду атрофи он хизматҳои ҳамаҷониба ва кумак расонанд”.
Ба қавли Такашӣ Камада Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарии Ҷопон барои амалӣ гаштани лоиҳаҳои мухталиф дар сартосари Тоҷикистон ба таври назаррас барои рушди устувори кишвар саҳм мегузорад: “Алалхусус, ин лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити беҳтар барои кудакон дар манотиқи дурдаст, ки ба нигоҳубини махсус ниёз доранд, мусоидат хоҳад намуд”.
Манбаъ мегӯяд, сар аз соли 1996 кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии 27.6 миллион доллар дар Тоҷикистон амалӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |