Бахшҳо

Аҳтам Абдуллозода ба ҷавонон: Ба боварии раисиҷумҳур сазовор бошед

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷавонон даъват кардааст, ба боварии райисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошанд.

Ҷаноби Абдуллозода ин нуктаро рӯзи 13 феврал зимни шарҳи паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷавонон, аҳли ҷамоатчигӣ, имом-хатибҳо, намояндагони мақомоти қудратӣ ва омӯзгорону аҳли зиёи ноҳияи Ҳисор иброз доштааст. Наврӯз Қурбонов, як масъули бахши иттилооти Кумита ба “Озодагон” гуфт, Аҳтам Абдуллозода дар ин мулоқот паёми президентро ҳуҷҷати ниҳоят муҳим ва тақдирсоз барои тамоми қишрҳои ҷомеа унвон карда, изҳор доштааст, паём қабл аз ҳама барои ҷавонон як роҳнамои роҳи росту бенуқсон ва хиради воло мебошад.

Манбаъ мегӯяд, раиси Кумита таъкид кардааст, эътимоди раисиҷумҳури кишвар ба ҷавонон масъулияти онҳоро бештар месозад: “Боварии роҳбари давлат ба ҷавонон масъулияти моро дучанд намуда, аз мо талаб карда мешавад, ки бештар ба мутолиа машғул гардида, босаводу соҳибмаърифат бошем. Эҳтироми волидайнро ба ҷо оварда, Ватани азизи худ - Тоҷикистонро дӯст дорем”.

Ҷаноби Абдуллозода дар идомаи суҳбаташ ба масоили вайрон гардидани оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ низ дахл карда, аз пош хӯрдани оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ намудааст. Ӯ яке аз сабабҳои аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавонро омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона арзёбӣ кардааст: “Оила бояд поянда ва бардавом бошад. Танҳо дар соли 2014, 95 ҳазор оила бунёд гардида, аз он тақрибан 9 ҳазорашон вайрон шуданд. Яке аз сабабҳо омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аст. Аз ин рӯ аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки пайваста дар пайи ҷустуҷӯи илм бошед ва тарбияро аз калонсолон гирифта, ҳаёти мустақилонаи хешро устувор намоед”.

Раиси Кумита аз ҷавонон даъват кардааст, то айёми ҷавониро бомаврид истифода намуда, ба таблиғу ақидаҳои баъзе гуруҳҳо, ки бо мақсаду ҳадафҳои носолим қисме аз ҷавонони ноогоҳро ба худ ҷалб намуда, аз онҳо истифода менамоянд, дода нашаванд.
Мӯҳр
ҷавон
Чи мо бояд сазовори бовари касе бошем? ҷаноб бояд бо хитмати беминнат сазовори эхтироми мардум шаванд на мардум сазовори эхтироми он кас

кулоби бача
786
салом.
Сазовор шудан бояд ду тарафа бошад. хам чаноб сазовори миллат бошад хам миллат. чаноб бояд сипосгузори миллат бошад аз эътимоде ки ба у карданду уро раиси чумхур интихоб карданд у бояд ба кадри ин миллат бирасад.
аммо пешниход, бояд барои китоб хондан фарханги китоб ва китобхониро дар чомеа тарвич кард. ин кор бояд ах Садик ва Богчаи кудакон сар шавад ва дар мактаби миёна то донишгоххо идома дошта бошад то фарханги китоб ва китобхони дар чомеаи мо шакл гираду мардум огохи ва хирадаш пешраф кунад.
дар донишгох меган ки як реферат навис мерай пула мети менасисан метанта чи дар кор мада китобхони ба 5сомони як реферат.
ислохот бояд харчи зудтар анчом шавад ва ичрои шавад. масулон дар давоми 22сол хизмат накарданд ба миллат балки хиёнат карданд.
сохаи маориф хеч хизмате накард танхо коре кард чавонони моро фиристод ба хорича бо квота ва фархангу маърифати кишвархои бегонаро бо худ ба кишвар оварданду меоранд. Аммо донишгоххо ва мактабхои миёнаи ЧТ чи холи аз аклу маънову маърифат монд ва мемонад.
аз масулин хохиш мекунам то худро дар сахифахои таърих ба номи сиёх ва номи бад сабт ва забт накунанд бигузоранд номашон ба неки сабт шавад дар таърихи кишвар.

чавони кулоби
фикр мекунам, ки чунин вохурихо бояд зиёд ташкил карда шаванд. Аз ёшии мо чавонон гуруххо истифода мебаранд, баъзехоро ба доми худ мекашанд. Ба бовари сазовор будан, хатто ба боварии Чаноби Оли дар асл масьулият аст. Дуруст гуФТАСТ. Мо ватанамро сохиби ва обод мекунем. Мо метавонем.

746
Чаноба мо интихоб кардем мо чавонон овоздодем па чаноб бояд сазовори боварии чавонон бошад набаракс.

бемансаб
Агар сазовор шаванд ту мансабатро ба якеашон медихи???

Ин гап чи маъни дорад? Ба фикрам, баъзе мансабдори давлати ба фанатизми маъмури дода шуданд. Агар ин гапи раиси кумитаи чавононро ба руси гардонем, чунин мешавад: "Будьте достойны доверия президента". Хамин гапро ягон чиновники рус нисбати Путин гуяд, як хафта зери мазоку хандаи матбуот монда, борхалташа гифта мерад ватанаш ба...

Рохбари Давлат хамавакт бо мо чавонон аст,мо хам бо у хамавакт хастем,баъзе камбудихои мешавад аз тарафи баъзе коргарон. Рохбари Давлат хам бовари карда баъзеяшро чои кор медихад, хаммаш хуб мешавад ИншоАллох Аллохи Мехрубон имону инсофашонро аз ин зиёд кунад,ки ба халку ватан хизмат кунанд.Сарбаланду хонаобод бошед Рохбарони Давлат хизматхои шуморо баъзеаш баназар намегирад, онхое ки хизматхои шуморо ба назар намегиранд кам хастанд,зик нашавед.

НУХ ХАЗОР ОИЛА ВАЙРОН ШУД.САБАБА АСОСИАШ ЗИНДАГИИ ШОИСТА НАДОРЕМ!!ИЛМРО ХОНЕМ ХАМ КАНИ ЧОИ КОРИ ХУБ?!АЛООО БОЛО!!НАСИХАТА МОНЕД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)