Бахшҳо

Истиқболи Иттиҳодияи Аврупо аз гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон

Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон шароити мусоидро барои ҳалли масоили Роғун эҷод мекунад.

Хидайет Бишчевич дар як суҳбат ба CA-News гуфтааст, “умедворам, гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон, ки дар пасманзари нишасти охирини созмони ҳамкориҳои Шонгҳой эҳё шудаанд, ба тақвияти минбаъдаи рушди дуҷонибаи ин кишварҳо бошад. Бояд аз ин муносибат ҷонибдорӣ кард, ки шароити муносиберо барои ҳалли масъалаи Роғун ба вуҷуд меоварад”.

Ӯ гуфтааст, Иттиҳодияи Аврупо омодааст, бо таҷриба ва донишҳои худ дар ин самт ёрӣ намояд.

Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки Тоҷикистон дар рӯдхонаи Вахш бо иқтидори истеҳсоли 13,3 кВт.с. неруи барқи солона месозад, дар сурати анҷоми сохтмон бо садди 335 метра баландтарин садд дар ҷаҳонро хоҳад дошт. Узбакистон то кунун ба сохтмони ин НБО мухолифатҳои шадиде нишон додааст.

Истиқболи сафири Иттиҳоди Аврупо аз гармшавии муносиботи Душанбеву Тошканд дар ҳолест, ки ахиран Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ҷониби Узбакистон аз тариқи намояндаи дипломатии ин кишвар дар Душанбе пешниҳод кард, бояд рафтуомади шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ бидуни раводид анҷом шавад. Ҳамчунин интизор меравад, миёни Тоҷикистону Узбакистон парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шавад.
Мӯҳр
ИншоАллох ин фоидаи харду давлат аст,Ташакури зиёд ба Сарвари Давлат ва Хукумат ЧТ барои хизматхояшон обод бошед.

Ислом Коримов, як сиёсатмадри бисёр моҳир ва дуруя мебошад. Ӯ ҳар лаҳза метавонад самти сиёсаташро тағир бидиҳад, инро дар муносибат бо тарҳҳои минтақави чандин маротиба исбот кардааст. Аз ин рӯ моро мебояд ба суи ин гармшави эҳтиёткорона равона шавем, то зери коса ягон нимкоса набошад

Шояд ин бозии пеш аз интихоботии ислом Каримов бошад ? Хаминки дар интихобот голиб ки омад хамаш Боз ба мисли пештара мешавад

Зебак
Ҳамчунин интизор
меравад, миёни
Тоҷикистону Узбакистон
парвози ҳавопаймоҳо аз
сар гирифта шавад.нафахмидам ИН худш чи гап?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)