Бахшҳо
18 фев 2015 18:24Тоҷикистон / Сиёсат

Барканории ҳамаи муовинони Абдуфаттоҳи Ғоиб

Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти Оҷонсии зидди фасоди молӣ имрӯз, 18 феврал дар ин ниҳод тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия -- Тоҳир Ҷобирзода, муовинҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия -- Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода аз вазифаҳои худ сабукдуш гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз камбудиҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия интиқод намуда буд: “Махсусан, аз тарафи кормандони ин ниҳод содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ боиси нигаронист. Аз ҷониби кормандон риоя нашудани муҳлатҳои муқарраршуда ва бидуни тамдиди мӯҳлат кашол додани санҷиш ба мушоҳида мерасад. Инчунин, аз ҷониби кормандон риоя нашудани муҳлатҳои муқарраршуда ва бидуни тамдиди мӯҳлат кашол додани санҷиш ба мушоҳида мерасад. Масалан, санҷиш дар иншооти обрасонӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод аз муҳлати муқарраршуда 30 рӯз зиёд, Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ 27 рӯз, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Вазорати тандурустӣ 28 рӯз зиёд кашол ёфтааст. Ҳамчунин, ҳодисаҳое низ ошкор карда шудаанд, ки мутахассисон бархилофи талаботи нақшаи корӣ ва фармони роҳбарияти Агентӣ фаъолияти субъектҳоеро мавриди тафтишу санҷиш қарор додаанд, ки дар нақша ё фармон пешбинӣ нашудааст. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳангоми санҷишҳои молиявӣ қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, аз қабили камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ошкор гардидаанд, вале маводи санҷишӣ барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарори қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда нашудааст”.
Мӯҳр
муосир
хама аз дасти прокурорхою кормандони агентии коррупсия ба дод омадааст. Хайрият чаноби оли ба дарди мардум расид.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ин баромади Рохбари Давлатро як одами камтар аз сиёсат хабардор тамошо кунад хаёл мекунад баъди ин кадар фошкорихои вазиру раисон хамаи онхоро натанхо озод балки ба махбас мекашад. Аммо ин Точикистон хаст факат муовин гунахкор вазир бегунох. ...

57
Ачоиб ку дао ин холатхо раис бояд ба истеэфо биравад аммо бечорахоро пеш карда худ давом медихад корхор

Пас ин номзадии Т.Чобирзода ба номзадии вакили мачлиси намояндагон чи мешавад баъди ин интикодхо ва аз вазифахoбо ин тарз рафтанхо Ачабо

Ин Муллопар солхои тулони дар Хучанд кор кард. Бачаи дилсоф аст. Вале бе пушту панох ки буд, дар баробари дигар коррупйионерхо уро хам сабукдуш карданд. Жалко.

уйгур
сафи кормандони карупсияро 10 сола ба антарктида мухочир кардан даркор

Аз хама корхонаи фасодзадатарин дар Точикистон Кумитаи заминсози ва БДА мебошад.Ч О масалаи ин ду корхонарохам бинед,ки хуни халки камбагалро хурдан.муосир,

Ман Чураева модари Муаттара Чураева, хозир панч мох шудааст. Хар руз ба худ савол медихам, ки Заваров Икром ба хабарнигори Радиои Озоди гуфтааст. "У нас есть аудио и видио доказательства" у чиро дар назар дошт то хол нафахмидаам? Чунки Муаттара ягон карзи гирифтааашро инкор накардааст. Хатто забонхат нанавиштаашро тасдик кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)