Қурби 1$-5,77 сомонӣ ва 1000 рубл – 93 сомонӣ шуд
Қурби доллари амрикоӣ ва рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, феълан арзиши як доллари амрикоӣ 5,77 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ 93 сомониро ташкил медиҳад.
Субҳи имрӯз, 19-уми феврал қурби 1000 рубл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе- 91-93 сомонӣ ва як доллари амрикоӣ 575-577 сомонӣ нишон дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл арзиши як доллар 5,68-5,70 сомонӣ ва арзиши 1000 рубл 80-83 сомониро ташкил медод.
Қаблан Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди дурнамои қурби асъори хориҷӣ дар кишвар гуфт, ки пешгӯии он душвор аст. Ба гуфтаи ӯ қурби асъор дар бозори нақди кишвар аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла нархи нафт ва буҳрон дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз ҷумла Русия вобастагӣ дорад: “Пешгӯии дарозмуддат кори душвор аст ва ҳатто кишварҳои Аврупо наметавонанд, дурнаморо дақиқ пешгӯӣ кунанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |