Суғд: 60 ҳазор сомонӣ барои кумаки тиббӣ ба иштирокчиёни ҶБВ
Дар шимоли кишвар барои кумаки тибии иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар 60 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.
Тавре аз дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар асоси як қарори Абдураҳмон Қодирӣ Раёсати тандурустии вилоят муваззаф гардидааст, “бо мақсади дастгирии молиявию таъмини иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ моҳе 5 ҳазор сомонӣ ва дар давоми сол 60 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд”.
Манбаъ мегӯяд, раисони шаҳру навоҳии вилоят низ вазифадор шудаанд, барои таъмини иштирокчиён ва маъюбон бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Бино ба оморҳо дар қаламрави вилояти Суғд 265 иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги бузурги ватанӣ ба сар мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |