Бахшҳо

Баҳси “заминфурӯшӣ” ба Чин ва даъвати Президент ба мурофиаи Солиҳов

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Умедҷон Солиҳов, нафари муттаҳам дар узвият ба созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва таҳқири Президенти Тоҷикистон, аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хостааст, барои бозпурсӣ ба мурофиаи додгоҳии зерҳимояаш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъват шавад.

Феълан, додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи Умедҷон Солиҳов, сокини шаҳри Ваҳдатро баррасӣ дорад, ки ба узвият дар “Гуруҳи 24”, иштирок дар ҳамоиши мухолифони ҳукумат дар шаҳри Новосибирски Русия ва барои дар он гирдиҳамоӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯши заминҳои Тоҷикистон ба Чин айбдор кардан, муттаҳам мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Солиҳов, имрӯз, 25 феврал бо нашри дархосташ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук изҳор доштааст, “барои пурсиш дар мурофиаи судӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомали Раҳмон даъват карда шавад ва оиди муносибати доштааш ё ин ки надоштааш бо судшаванда - Солиҳов Умедҷон пурсида шавад. Муқарар карда шавад, ки оё ӯро касе туҳмату таҳқири оммавӣ кардааст ё не?”

Ба гуфтаи Ёров, зерҳимояи ӯ дар ҳоле бар асоси моддаи 137 к.2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (тахқири оммавии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон) муттаҳам мешавад, ки ҳеч гуна аризаи шикоятӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ё намояндаи ваколатдори ӯ алайҳи Солиҳов навишта нашудааст. Дар ҳоле ки танҳо дар сурати вуҷуд доштани ариза эълони чунин айб имкон дорад: “Дар содир намудани ҷиноятҳои ба Солиҳов эълоншуда, ӯ худро умуман айбдор намедонад ва мегӯяд, ҷинояте содир накардааст. Чунончи вобаста ба моддаи 137 қ.2 КҶ ҶТ дар рафти тафтишоти судӣ оиди он нишондод дод, ки Солиҳов ҳеч вақт ба таҳқир ва ё туҳмати оммавии Президенти Ҷумҳурии Точикистон машғул нашудааст. Дар маводҳои парвандаи ҷиноятӣ дар ин қисм ягон аризаи Президенти кишвар Эмомали Раҳмон ва ё ин ки намояндаи ваколатдори Президенти кишвар дар хусуси он, ки Солиҳов У. ӯро туҳмату таҳқири оммавӣ намудааст, мавҷуд нест”.

Ин вакили дифоъ ин парвандаро беасос хонда, дар мавриди иштироки зерҳимояаш дар ҳамоишҳои Новосибирск афзудааст, “мақомоти тафтишотӣ умуман муқаррар накардаанд, ки Солиҳов кадом наворро, кай ва тавассути кадом шабакаи интернетӣ паҳн кардааст ва танҳо ба он ишора мекунанд, ки Солиҳов ҳамроҳ бо пайравони баъзе аз ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон аз қабили “Гуруҳи 24” ва “Тоҷикистони нав-2” бо нашри наворҳои видеоӣ дар интернет преизединти кишварро таҳқир ва туҳмат кардаанд, ки гӯиё ӯ “Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Халқии Чин фурухта, шаҳрвандони Тоҷикистонро зери зулму асорат қарор додааст”.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Ёров зерҳимояи ӯ мегӯяд, ингуна суханҳоро дар ҳеч ҷое нагуфтааст: “Агар дигар ашхос чунин суханонро гуфта бошад, пас дар ин ҳолат низ таркиби ҷинояти бо моддаи 137 к.2 КҶ ҶТ дида намешавад. Зеро ин баҳои нисбии мардум ба фаъолияти Президенти кишвар мебошад. Як кас ин фаъолиятро хуб мешуморад, дигар кас бад мешуморад. Барои ин гуна баҳодиҳии нисбӣ касеро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан мумкин нест. Хусусан дар қисми гузашт кардани китъаҳои замин ба Ҷумҳурии Халқии Чин аз тарафи давлати Тоҷикистон мардум оиди ин ҳолат огоҳ набуданд. Ягон вакили мардумӣ ё ин ки намояндагони Президенти кишвар зарур нашумурда буданд, ки аҳолӣ дар ин хусус маълумоте дошта бошад. Ба ҷойи он, ки мақомоти давлатӣ заруриятро фаҳмонанд, ки чӣ гуна омилҳои таърихӣ ва ё дигар омилҳои маҷбуркунандае буданд, ки гузашт кардани қисми ҳудуди Тоҷикистонро тақозо мекарданд, баръакс Солиҳов У. ва мисли ӯ дигар шаҳрвандони ҶТ-ро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд, ки ин нодуруст мебошад”.

Умедҷон Солиҳов охирҳои моҳи октябри соли 2014 аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шуда, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ӯро бар асоси моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “ғасби ҳокимият”, ”даъват ба экстремизм”, “ҷавобгарии ҷиноӣ барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ” дар ҳамкорӣ бо созмони “Гуруҳи 24” ва “таҳқири омавии президент” муттаҳам менамояд. Ба гуфтаи мақомот, гӯиё Солиҳов дар яке аз наворҳои паҳншуда дар интернет Эмомалӣ Раҳмонро дар фурухтани қитъаи замини Тоҷикистон ба Чин айбдор карда, истеъфои ӯро низ талаб кардааст.

Феълан баҳси ин қазия дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идома дорад.
Мӯҳр
Дидор
Бузургмеҳр Ёров, шумо адвокати хуб, вале 2 айби калон доред: 1. аъзои ХСДТ ва 2. бисёр гап мезанед. Метарсам, мисли Кудратов шуморо хам "дам" нагиронанд. Вохимаи бад накунед!

Дидор,

Хайрият, ки дар Точикистон хам чунин адвакатхои саводнок пайдо шуданд! Офарин!

аличон
агар президент андаке ба конун эщтиром дошта бошад хатман бояд дар мурофиа ширкат намояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)