Бахшҳо

Чаро сафи ифротиён ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст?

Игор Лякин-Фролов, сафари Русия дар Душанбе дар нишасти САҲА гуфтааст, сафи тундравон ва ҷангиёни тероррист ба шиддат меафзояд ва ягон даъвои пешгирӣ ва рафъи радикализм дар минтақа вуҷуд надорад. Вобаста ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Чаро сафи ифротиён ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст?


Акрамхон ЗИЁДУЛЛОҲ, коршиноси аршади таърих

Ҳарчанд ба назри банда посухи ин суол борҳо дода шудааст, аммо лозим медонам ба чанд нукта ишора намоям: 1 - Муҳимтарин масъала ин аст, ки коршиносон далели гаравидани ҷавонон ба сафи ифротгароёнро адами огоҳии онон аз масоили марбута медонанд. Бинобар ин беҳтар мебуд, ҷиҳати огоҳии бештари онон барномарезии дақиқ анҷом бигирад. 2 - Дар ҳамин росто, ба назар мерасад, муҳимтарин омили адами огоҳии ҷавонон, (махсусан навҷавонон ва ҷавонони зери 18 сола) аз масоҷиди расмии кишвар мебошад. Зеро бо вуруди ҷавонон ба марокизи расмии динӣ-мазҳабӣ сатҳи огоҳии онон аз дини обову аҷдодамон ва ҳувияти мазҳабиамон боло хоҳад рафт ва дигар аз паи фурсатталабони ифротгаро нахоҳанд буд. Афроде ҳастанд, ки аз ноогоҳии ҷавонони мо сӯистифода намуда ва бо истифода аз ноогоҳии онон, ин ҷавонони маъсусму мазлумро ба сӯи афкори палид ва касифи худ ҷалб менамоянд. Мо медонем, ки ҷараёнҳои ифротгаро аз тариқи шуури динии ашхос нуфуз мекунанд, бинобар ин мутаваллии аслӣ ва хунсокунандагони ин ҷараёнҳо ва зудудани ин афкори палид аз зеҳни ҷомеа фақат аз дасти коршиносони динӣ, ё ҳамон муллоҳои огоҳ бармеояд. 3 - Нуктаи сеюм ин аст, ки ба далоили маълум, бештари ҷавонони кишвар барои пайдо намудани маблағҳои ночизе дар ҷустуҷӯи кор ба кишварҳои хориҷӣ, махсусан Русия муҳоҷират намудаанд. Ин шаҳрвандони тоҷик, дар Русия аввал ба қасди пайдо намудани ҷои кор ва таъмини маоши зиндагӣ сафар намуда, вале дар он ҷо ба доми шайтонсифатони ифротгаро меафтанд, ки мутаассифона корашонро хуб медонанд ва ворид ҳастанд, ки чӣ гуна ашхоси соддаро гӯл зананд. Абзори онҳо барои гул задани ҷавонони мо боз ҳамон абзорҳои динист. Бинобар ин, агарчи аз муҳоҷирати меҳнатӣ роҳи гурез вуҷуд надорад ва ҳамасола иддаи зиёде низ ба сафи муҳоҷирон изофа мегардад, интизор меравад, ширкатҳову муассисоти давлатӣ ва хусусӣ дар фикри кор ва шуғли ҷавонон бошанд, то ҳадди ақал чанд фоизе аз сели ин ҷараён маҳор гардад.

Саъдии ЮСУФӢ, таҳлилгар

Ба бовари ман ифротишавии ҷавонон омилҳои зиёде дорад. Фақру нодорӣ, яъсу ноумедӣ ба оянда, афрсурдагӣ ва дилмондагӣ аз ҳаёту зиндагӣ ва адами шинохти комилу кофӣ аз дин.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раиси бахши ҲСДТ дар Бадахшон

Аз нигоҳи банда на фақат дар Осиёи Миёна ва на фақат ифротгароӣ дар байни мусалмонон, балки дар соири давлатҳое, ки режимҳои худкома доранд, новобаста аз мазҳаб ва имонашон, албатта ифротгароӣ афзоиш меёбад, мардум маҷбур ба вокуниши шадидтар нисбати чунин режимҳо мешавад. Барои мисол дур рафтан даркор нест. Укроин, Сурия, пеш аз он Миср, Гурҷистон. Сабаби асосии ифрот худи хукуматҳои худкома ва муносибаташон ба шаҳрвандон, нақзи хуқуқҳояшон ва нотавонии таъмини ҳаёти маишии онҳо мардумро маҷбур ба ифрот мекунад.
Мӯҳр
саид
Мухтарам Зиёдулло мардум дигар эмомхатибони масочидро гуш намекунанд барои он,ки минбархои масчид чои таблиги сиёсат шудаст ва он домулохое мардум онхоро гуш мекард аз минбар гирифташон барои хакикатгуияшон.

Ин хамааш аз бесаводиву беакли аст,аз тарзи нодуруст фахмидани дини Ислом аст.

точик
Сабаби аслӣ ин диктаторҳо ҳастанд. Ин асрро асри аз байн рафтани диктаторҳо мегуянд, вале агар худи диктаторҳо пеш аз онки давлати худро ба хоку хун кашанд аз мансаб мерафтанд ифротгароӣ пайдо намешуд ва кам мешуд. Ҳаду гурӯҳ ифротӣ ҳастанд ҳам касоне ки курсию вазифаро то мурданашон қапида меистанд, ҳам касоне ки роҳи халосӣ аз диктаторҳоро фақат дар ҷанг мебинанд. Ҳар ду гунаҳкоранд 50 / 50

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)