Бахшҳо
26 фев 2015 16:01Ҳуқуқи инсон

Роҳхати марг ба Сурия. Маҳмадшариф ҳамагӣ 30 сол дошт... (ВИДЕО)

Орзӯи КАРИМ

Хабари кушта шудани Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи деҳаи Фермаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар дар Сурия аввалҳои моҳи декабр ба пайвандонаш расидааст. Ашӯрмо Сайдалиева, хоҳари калониии Маҳмадшариф, рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз кушта шудани бародараш дар Сурия онҳоро келинашон Сарвиноз ҳанӯз рӯзи 10 декабр тариқи телефон огоҳ карда буд, аммо онҳо ин хабарро ба модарашон Зумрат Сайдалиеваи 67-сола нагуфтанд. Модари онҳо танҳо ҳафтае пеш аз ҳамсояҳо фаҳмидааст, ки писараш кушта шудааст.


Ба гуфтаи Ашӯрмо Сайдалиева, бародараш Маҳмадшариф аз соли 2004 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафту меомад, вале баъдан хонаводаашро низ худ бурд. Ба гуфтаи ӯ, бародараш дар як ширкати туркӣ дар Маскав кор мекард ва гӯё ибтидо ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия сафар кардааст. Вай афзуд: “Аввал Маскав рафт, вале телефон кард, ки ман Туркия меравам. Гуфт, ки ман онҷо кор мекунам. Зану кӯдакҳояшро равон кардем, худи манро низ даъват кард, ки биё, кор мекунем, вале ба хотири модарам ман нарафтам. Баъд вақте занг зададанд, аз рақамҳои телефонияшон фаҳмидем, ки онҳо дар Сурияанд. Келинамон ҳоло дар Сурия аст ва занг зада мегӯяд, ки саломатияш хуб аст, вале наметавонад, ки аз он ҷо баргардад, чун дар дасташ се фарзанд дорад ва боз ҳомила аст.”

Сарвиноз мегуфтааст, баъди вуруд ба Сурия афроди созмони тундрави "Давлати исломӣ" касеро намемонанд, ки баргарданд. Ило агар аз роҳи Миср ваё аз тариқи сафари Ҳаҷ. Ашӯрмоҳ Сайдалиева аз нақли келинашон гуфт, ду зане, ки бе кӯдак будаанд, талоши фирор кардаанд, вале натавонистаанд. Ӯ ҳам, ки се кӯдаки хурдсол ва якеи дигар дар батн дорад, тавони хуруҷ аз Сурияро надорад.

Бори охир, ба гуфтаи Ашӯрбӣ Сайдалиева, Сарвиноз, ҳамсари Маҳмадшариф рӯзи гузашта, яъне 24 феврал аз Сурия занг зада ва бо аҳли хонавода сӯҳбат кардааст. Аммо Зумрат Сайдалиева, модари Маҳмадшариф ба далели бемории фишор натавонистааст бо келину набераҳояш сӯҳбат кунад.
Сарвиноз, ҳамсари Маҳмадшариф, ки бо се фарзандаш - Ёсумани як солаю ду моҳа, Нуриддини 3-сола ва Абдулмуҳаллими 5-сола дар Сурия буда ва айни ҳол ҳомила низ ҳаст, дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки мехоҳад то таваллуди фарзанди чаҳорумаш ба Тоҷикистон баргардад, вале имкони омаданро надорад.

Ҳамакнун бо хабардор шудани модари Маҳмадшариф аз кушта шудани вай дар Сурия чанд рӯз боз аҳли деҳ ва хешовандон барои тасаллият у ҳамдардӣ ба хонадони Сайдалиевҳо меоянд.Зумрат Сайдалиева дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни 13 фарзанд Маҳмадшариф писари хурдияш буд ва ӯро бештар дӯст медошт. Модари мотамзада афзуд, писараш бо ӯ зиндагӣ мекард ва маҳз фақру нодорӣ Маҳмадшарифро ба муҳоҷират бурд.

Холаи Зумрат мегӯяд, маротибаи охирин бо Маҳмадшариф тобистони соли гузашта телефонӣ сӯҳбат кардааст: “Ман намедонистам, ки куҷо рафтааст ва чӣ кор мекард. Сарам дард мекунаду шаб хобам намебарад, келинам бо набераҳоям онҷо ҳастанд. Тобистон дӯғ мекашидам, ки телефонам кард. Охирин бор бо ӯ ҳамон вақт гап зада будам.”

Хабари кушта шудани Маҳмадшарифи 30-сола дар ҳолест, ки ҳукумати ноҳияи Бохтар теъдоди ҷавонони зодаи ин ноҳия дар Сурияро 8 нафар ҳисоб карда, мегӯянд, то кунун 3 тан аз онҳо дар он ҷанги бегона кушта шудаанд. Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: “Гурӯҳҳои корӣ хона ба хона гашта мефаҳмонанд, ки ҷавонон дигар ба Сурия нараванд. Бештари падару модарон намедонанд, ки фарзандашон дар Сурия аст. Баъзеашон ки мефавтанд, баъд огоҳ мешаванд. Ҳоло шаш гурӯҳи корӣ дар он деҳаҳое, ки муҳоҷирати корӣ бештар аст, сӯҳбат мекунем. 3 нафарашон фавтидаанд ва панҷтоаш зинданд, вале умеде барои баргаштани онҳо нест, чун гуфта мешавад, ки онҷо ҷанг аст ва онҳо берун шуда наметавонанд.”

Ҳафтаи гузашта Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар аз ҳузури ҷавонони ин вилоят дар Сурия изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бояд аз гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ба хусус аз рафтани онҳо ба Сурия пешгирӣ шавад. Додситонии вилояти Хатлон ҷамъи ҷавонони хатлониро, ки дар Сурия ва Ироқу Афғонистон меҷанганд, 31 нафар мегӯяд, вале идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ахиран ин рақамро 45 нафар хонд. Ин дар ҳолест ки мақомоти бештари навоҳии вилояти Хатлон ба хотири “доғдор” нашудани номашон намехоҳанд, ки теъдоди ҷавононеро, ки дар Сурия, Ироқу Афғонистон мечанганд, ошкор кунанд.

Аз ин пештар, додситонии Хатлон гуфта буд, теъдоди ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон аз ин минтақа иштирок доранд, ба 31 нафар мерасад. Шаҳзод Раҳимов гуфт, ҳоло бо дастури ҳукумати маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии ҷавонон ва ҷинояткори онҳо бо мардум суҳбат анҷом медиҳанд. Вале афзуд ӯ, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 102 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҷиноят зиёдтар мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Аммо худи ин ҷангиён шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷангҳои бегона дар як сарзамини аз Ватани онҳо беш аз 4000 километр дурро ба камияш 1000 нафар мегӯянд ва иддао доранд, бо таъмини пирӯзии “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ маҳдуд шуданӣ нестанд, балки ҳадафи онҳо эҳёи “хилофати исломӣ” дар саросари дунё, аз ҷумла дар Осиёи Марказист.

Зимнан тамоми ин минтақа дар харитаи ин созмони ифротӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрону Афғонистон ва Покистону Ҳинд ҳамчун як бахши вилояти “Хуросон” тасвир шудааст.

Мақомоти тоҷик афзоиши шумори тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)