Бахшҳо

Пирӯзии Фелалиев дар Хоруғ: Шерзамонов дар ҷои дуюм

Акрамшо Фелалиев, номзади Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба парлумон аз ҳавзаи якмандатаи рақами 41, “Хоруғ” бо 69 дарсади овозҳо бар рақибонаш пирӯз шудааст.

Алим Шерзамонов, номзад ба вакили Маҷлсиси намояндагон аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин ҳавза дар ҷои дуюм қарор дорад. Овозҳои гирифтаи ӯ 17 фисад гуфта мешавад. Дар маҷмӯъ дар ҳавзаии якмандатаи Хоруғ панҷ номзад - Акрамшо Фелалиев вакили парлумони пешӣ аз ҲХДТ, Абдуласан Мамадасанов, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи ҳукумати ноҳияи Шуғнон аз ҲАТ, Сайёрамо Замирова, муовини раиси ноҳияи Ишкошим ба тариқи худпешбарӣ, Алим Шерзамонов, раиси кумитаи иҷроияи ҲСДТ дар Бадахшон аз ҲСДТ ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афзун Қурбонзода сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президент аз ҲИИТ барои курсии парлумонӣ рақобат мекарданд.

Ҷаноби Шерзамонов дар мавриди раванди интихоботи парлумонии 1 март дар ҳавзаи Хоруғ ба “Озодагон” гуфт, ин интихобот аз интихоботҳои пештара ноодилонатар гузашт ва фишор аз ҷониби мақомоти қудратӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ болои интихобкунанда ва участкаву ҳавзаҳо хеле шаддид буд: “Мардумро нагузоштанд, ки раъйи худро ба ҷонибдории номзадаш муайян кунад, боварӣ надоштам то ин дараҷа ноадолатӣ мешавад”.
Мӯҳр
муосир
хар нафаре курсиро гирифта натавонист баъд ноадолати мегуяд. агар пируз мешуз, мегуфт ин гуна интихоботи шаффоф ягон маротиба нагузаштааст

номбардори ватан
эй виродар Алим чи даркор амин гапои бехуда , худат дируз интервю доди ки хама хуб гузашта истодаст, имруз бо фикрата дигар мекуни??? Хама шафоф гузашт, маглубятро бо сари баланд кабул намо!!!

О акаи Алим, дируз худат гуфти ки хамааш хуб, шаффоф, одилона. нозиронат хам аз интихобот рози, дар Ишкошим хама чи хуб, имруз мегуи ки интихобот ноодилона ва бо фишор гузашт!? Нафахмидем дигар чи мегуи ба Худо

Шерзамон
Ба бародар Акрамшо табрик гуфта, бурдбори орзумандмандем, ба фоиз чашм духтам 17% кучову -69% кучо??? хама мардуми Бадахшон бо шумост !!!


Алим Шерзамонов.Худат дируз бо щафофии интихобот дар Бадахшон интервю дода кайд карди,ки ягон холати вайронкунии конун дар Бадахшон мушохида накарден.Имруз баръакси гуфтахои худ баромад дори.Туро чи тавр бовар ва аз кафои ту равем.

Алим Шерзамон маглубиятро пазируфтан ин хисси чавон мардист.Гунохро ба сари дигарон назан.


Хоруги
Ин Фелалиевро касе амешиносад, агар интихобот шафоф мебуд ин хатто 1% хам намегирифт. Аммо афсус, ки мо дар як давлати феодалии худкома умри худро бефоида сгузаронида истодаем. Хкумат тамоми сохторхояшро вазифадор кард, ки Алим Шерзамонов нагузарад.

Даханбефаровез
Дар мо мегуянд, ки "кампир ракс карда натавонад, мегуяд, ки пойгах танг аст". Касе аз дасти овоздиханда нагирифтааст ва уро мачбур накардааст, ки ба тарафдории ин ё он овоз дех! Мардум худ окил аст, ба тарафдории ки овоз доданашро медонад. Мард он аст, ки агар дар майдон маглуб шавад, дасти харифашро боло мебардорад ва ба маглубияташ мардона тан медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)