Бахшҳо

ВИДЕО: “Имиҷ”-и нави Меҳринигор бо таронаи “Куҷоӣ”

Меҳринигори Рустам, хонандаи таронаҳои поп ахиран клипи навашро бар таронаи “Куҷоӣ” таҳия кардааст.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик мегӯяд, клипи мазкур дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон охирҳои моҳи январ наворбардорӣ ва омода шудааст: “Ҳоло як клипи дигари ӯ ҳам бар матни таронаи “Ҷаннати ишқ” дар ҳоли омода шудан аст, ки рӯзҳои наздик муаррифӣ мешавад”.

Матни таронаи “Куҷоӣ”-ро Орзу Исоев навишта, худи Меҳринигор ба он оҳанг навиштааст. Дар ин клип Меҳринигор бо имиҷи нав дар экран зоҳир мешавад.

Меҳринигори Рустам дар ҳоли ҳозир яке аз хонандаҳои муваффақи саҳнаи попи тоҷик дониста мешавад. "Бемор машав, модар", "Шаб", "Фаромуш", "Мебарӣ" ва "Ситора" аз маҳбубтарин сурудҳои ӯянд, ки дар ҳамин жанр таҳия шудаанд. Ӯ дар хондани таронаҳои халқӣ ва академӣ ҳам маҳорат дорад. Меҳринигор ба ҷуз таронаҳои тоҷикӣ бо забонҳои англисӣ, русӣ, туркӣ ва озарӣ ҳам суруд мехонад.

Ахиран, клипи “Таронаборон”-и ӯ ҷоизаи "Tamoshow Music Awards”-ро дарёфт кард. Созмондиҳандагони ин ҷоиза гуфтанд, “Таронаборон”-и Меҳринигор давоми соли 2014 тавассути шабакаи интернетии “Tamoshow” 501384 боздид доштааст.

Муваффақияти ӯро баъзе мунақидони мусиқӣ дар садо ва таваҷҷуҳ ба унсурҳои миллӣ, ба вижа тарзи либоспушияш арзёбӣ мекунанд. Суҳайли Кабирзод, яке аз шореҳони мусиқӣ мегӯяд, дар бештари сурудҳои Меҳринигор тоҷикият эҳсос мешавад ва ҳамин ӯро зуд ба шунавандаву бинанда наздик месозад: "Ҳоло бо имиҷи нав то куҷо муваффақ ва ба ҳаводоронаш наздик мешавад, вақт нишон хоҳад дод".



Мӯҳр
..
Дар хамин афту башараву либоспушиву охангу тарона кадом точикият эхсос карда мешавад? Пурра таклид ба сарояндахои эрони аст. Таклиди номуваффак. Ба фикрам Мехринигор худро гум кардааст. Творческий кризис.

Точикшинос
Чехраи ин сарояндаро дида кариб буд хурдагихоямро кай кунам))))))))))))))))))(((((((((((((((((((((((((((((((

Тарона
Таклид ба як бонуи таронасарои эронӣ аст, ки ҳамарӯза клипҳояшро PMC пахш мекунад...

Умед
Маълум аст, ки хабарро Абдулазиз навиштааст. У бо ин бачахо чураги мекунад, чи бало.
Хеле рангу бор карданд духтари бечораро. ВАЛЕ копии клипи Нигани - "Рафти" аст, ки дар Душанбе-Плаза сабт шудааст. Фон, ороиш, либос, харакат. Бехрузи вохима, ягон идеяи нав нест? Дигар хамаи хофизхоро Тошканд бурдан мегири? Пулро дар Ватани худатон сарф кунед! Ягон маротиба хофизхоро ба зодгохат - Помир бар. Ана зебои кучост! Хамон пули клипро ба С.Саъдиев дихи, як намуд клип мекунад, мебини дам мегири. Бо Киём Int. ва Мархабо prod. хамкори кун, дар онхо фикри нав хаст!

мухлис
Хар шахс бояд стили худашро дошта бошад ин стили ту нест Мехрнигор худатро шарманда карди точик буданатро фаромуш накун......!

Шохин
Аз кудакии калонсифату муваффак, ба калонию кудаксифати ва номуайяни рафтааст. Хеч нишони точикият дар ин клип дида намешавад. Хамин хам ба ифроти либоспуши афтид а?

мухлис
Бо хамон шакли точикият сароидан гиру гапи хар касро гуш накун. Ин афту башара ба ту зебанда нест.

Бехтарин сарояндаи эстрадаи точик дар холи хозир аст. Ба болои ин хеле чавон аст, хоксор аст, ахлоки хамида дорад, зери контроли доимии падару модар аст, онхо ба вай аз хар чихат мадад мекунанд. Зиёда аз ин завки баланд дорад. Завки баланд аз омухтану хондану чустучу кардан пайдо мешавад. Иншоллох обруи санъату хунари Точикистон ва точиконро дар тамоми дунё аз ин хам боло мебардорад.

Zarafshoni
Ин либоспуши ва хифз намудани анъанахои милли, ки дар заминаи худи ин хофиз набошад ба таври мачбури намешавад, яъне ин хел хофизхоро мувакати меноманд рузе мебинед мисли абри гузар аз сахна нест мешавад. Дар аввал медидед бо куртаи чакан баромад мекард охиста-охиста ки буданашро гум кард ва гузаштаашро низ. Фикр кард бо пушидани чунин либосхое, ки хоси миллати мо нест у машхуртару зеботар мешавад. Аммо афсус........


rangubori chashmonash. bayroqi Ukroina, shoyad tarafdori Porashenko boshad. ..,

неки хдша ниничак караст

ИН духтараки сохибистеъдодро доранд гул мезананд ва рохим сангфарши мусики мебаранд.Мусики ва матн кучабозорист .Бояд хунариёни мусики ин духтарак кор кунанд.ИН Орзу магар таронасозу мусикифахм аст?Аз конунияти шеъру мусики хабаре надорад.Сабки ичроии Мехрнигор хам бисёр кучабозорию ифодахои овозию ичро хам мисли винигрет (мошкичирист) аст,ба гуш намешинанд.Мехрнигор ба устоди хуб ниёзи сахт дорад.Холо чавон аст,дер нашуда уро ба рохи дурусти санъати ичрои рахнамун бояд намуд.Консерваторияи мо як устоди рахнамуни мусики надорад,аз ру ин чавонон дар аърофанд.Ба эрончилес бояд кам таклид кард ва мо мероси бузургу хосаи шеърию мусики дорем ва вокиан дар ин самт ниёз ба чизхои кучабозрори надорем.

Дар аёми кудакиаш таронахои хуб месароид.холо хам таронахои халкиро хуб месарояд ,лекин бо ин сару либос ва ин афташ маъкул нашуд......

ба ман хамун имечи пештара махкул. хафа нашав Мехринигор лекин имечи навт назебид

Тарзи либосу харакатхояш майли, лекин аз ин суруде, ки месарояд ягон маъно нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)