Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Прокуратура: Худкушии ноболиғ ирсӣ аст » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 18 июл 2019, 15:51

Прокуратура: Худкушии ноболиғ ирсӣ аст

5 март 2015, 23:25

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд мегӯяд тафтиши парвандаи даст ба худкушӣ задани хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои миёнаи ҷамоати Ҳамробоеви шаҳри Конибодом ба анҷом расонида шудаааст. Дар ин бора ба Faraj.tj Сафархон Кабирзода, муфаттиши прокуратураи шаҳри Конибодом хабар дод.

-Мо сабаби худкушии ин духтари ноболиғро ҳаматарафа омӯхтем. М.М. хонандаи синфи 11-и яке аз мактаби миёнаи ҷамоати Ҳамробоем буда, дар дарсҳо мунтазам иштирок мекард. Натиҷаи тафтишот муайян кард, ки ин ноболиғи даст ба худкушӣ зада ягон беморӣ надоштааст. Ӯ бо бибиаш зиндагӣ мекардааст. Модараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст. Бо тамоми ҳамсинфону муаллимонаш сӯҳбат кардем. Онҳо мегӯянд, ки ягон мушкилӣ надошт. Муайян шуд, ки падараш низ панҷ сол пеш даст ба худкушӣ задааст.

Манбаъ мегӯяд, ки натиҷаи тафтиши анҷомшуда ҳеҷ як ҳолати маҷбурсозӣ ё монанд ба онро муайян накардааст, ки боиси магри ин духтари ноболиғ гашта бошад. Эҳтимолан ин амали ӯ хусусияти ирсӣ дошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки баъди даст ба худкушӣ задани ин духтари ноболиғ дар деҳа сару садоҳое паҳн гардида буд, ки гӯё М.М. дар хонаи бибиаш бо хешовандонаш чандон муносибати хуб надошт.

Ёдовар мешавем, ки ноболиғ М.М. хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои миёнаи ҷамоати Ҳамробоеви шаҳри Конибодом дар таърихи 18-уми феврали соли ҷорӣ даст ба худкушӣ зада буд ва пайвандонаш ҷасади ӯро аз анбори манзили истиқоматиашон овехта дарёфт карда буданд.

Сафархон Кабирзода қайд кард, ки дар соли 2014 дар шаҳри Конибодом 19 ҳолатҳои худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 2 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Рухшона Ҳакимова


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!