Бахшҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев: Интихобот нишон дод, ки мардум ҷонибдори ҳизбҳои созанда мебошанд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ аснои суханронӣ дар охирин иҷлоси даъвати чоруми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон натиҷаи интихоботи парлумонии рӯзи якуми мартро таҳаввулоти зеҳнӣ ва такомули хиради сиёсии ҷомеа арзёбӣ карда, афзудааст, дар ин маърака интихоби мардум дар ифодаи мавқею ҳуқуқҳи конситутсионӣ ҳалкунанда буд.

“Натиҷаи ин интихобот нишон дод, ки мардуми кишвар ҷонибдори ҳизбҳои созанда, пайгирандаи ислоҳоту дигаргунсозиҳи иқтисодӣ, инфрасохторӣ ва амаликунандаи барномаҳи иҷтимоӣ, эҳтиромгузор ба ҳуқуқбунёдию дунявияти ҷомеа мебошанд ва овози худро ба хотири татбиқи он барномаҳое медиҳанд, ки ба пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳақиқат мусоидат намоянд”,-иброз доштааст ӯ.

Ба қавли Маҳмадсаид Убайдуллоев, интихоботи баргузоршуда тасдиқ сохт, низоми қонунгузории давлати мо хеле такмил ёфта, барои баёни иродаи ҳар чи бештари шаҳрвандони кишвар ба воситаи раъйдиҳӣ ва иштирок дар раванди демократисозии ҷомеа мусоидат намуд: “марҳилае, ки вориди он шудем, воқеан собит намуд, ки тамоми тоҷикистониён аз сиёсати Президенти мамлакат ҷонибдорӣ ва баҳри таъмини волоияти қонун, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳи он овоз доданд. Мавқеи интихобкунандагони диёри арҷмандамон бори дигар афзалият ва бартарии сиёсату барномаи созандаро собит намуд ва чун ҳамеша дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маҳз интихоби мардум дар ифодаи мавқею ҳуқуқҳи конситутсионӣ ҳалкунанда буд. Аз нигоҳи дигар натиҷаи интихоботи суратгирифтаро метавон таҳаввулоти зеҳнӣ ва такомули хиради сиёсии ҷомеа арзёбӣ кард”.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар идома ба кори палатаи болоии парлумон дар панҷ соле, ки гузашт баҳои хуб дода, гуфтааст, “метавонем зикр намоем, ки дар ин муддат Маҷлиси миллӣ дар тавсеаи фазои ҳуқуқии кишвар ва таҳкими раванди демократикунонии ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявиямон бо дарки масъулияти баланд рисолати конститутсионии худро амалӣ намуд”.

Ба таъкиди Маҳмадсаид Убайдуллоев, Маҷлиси миллӣ дар давраи даъвати чорум ҷиҳати таҳкими қонунгузорӣ вобаста ба масъалаҳи таъмини суботу оромии ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида, чор маротиба ҳисоботи Прокурори генералиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озо¬диҳи инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зид¬ди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайрон¬кунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ намуд: “Дар иртибот ба ин таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ ба соҳаҳои мухталифи назорати прокурорӣ, таъмини пурраю ҳаматарафаи таҳқиқу тафтишоти пешакӣ, хотима бахшидан ба ҳолатҳои ғайриқонунии дастгиру ҳабс намудан, ҳолати ҷой доштани шиканҷа нисбати дастгиршудагон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон, ҷоннок намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳо дар мавриди тақсимоти замин ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб карда шуд”.

Дар ин суханронӣ ҷаноби Убайдуллоев афзоиши сатҳи тавлидоти саноатӣ ва кишоварзиро барои рушди иқтисодиёт муҳим хонда, таъкид кардааст, ки раванди ҷаҳонишавӣ рақобатҳои шадидро ба вуҷуд оварда, зарурати аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани ба вуҷуд омадааст: “Мутаассифона дар давраи сипаришуда дар ин самти муҳим мо на ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи қонунгузориро баҳри таҳкими заминаҳои санадҳи меъёрии ҳуқуқии ҷойдошта истифода намудем”.

Ӯ ба мавзӯи ифротгароии динӣ, терроризм, паҳн шудани маводи мухаддир ва одамрабоӣ ҳам дахл карда гуфтааст, барои аз ин падидаҳои номатлуб ҳифз кардани сокинони мамлакат “моро зарур аст, ки фаъолиятамонро баҳри боло бурдани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа тавсеа бахшем, то ки барои ҳар фарди кишвар эҳтироми қонунҳ мазмуни фаъолияти иҷтимоӣ ва намунаи рафтори шахсӣ гардад“.

Дар поёни суханронии худ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштааст, “вақт тезгузар аст ва дар ин панҷсолае, ки сипарӣ гашт, на ҳамаи нақшаҳо ва хостаҳои мо ба иҷро расиданд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки аъзои нави Маҷлиси миллӣ, ки ба наздикӣ интихоб мешаванд ташаббусҳи креативӣ, анъана ва таҷрибаҳои парламентаризми муосирро идома бахшида, обрӯю эътибори Маҷлиси миллиро дар кишвар ва берун аз он афзунтар хоҳад намуд”.
Мӯҳр
кып
Мутассифона интихобот нишон дод, ки дар Точикистон то ход раъи мрадум ба инобат гирифта нашуда, натичаи интихоботро пешаки бо рохи такаллуб муайян мекунанд. Дигар лозим нест ба мо ин гуна ба ном интихоботатон.

интихобот нишон дод, ки мардум намехоханд овоз диханд

Muso
Ман хайронам, ба шахси кур маълум буд ки интихобот сохта бофта, калбаки ва спектакл буд.

Дар хамун Россия кор кардан гиред(гуфтахои Убайдулоев).Акнун бошад боз ин гуфтахои дуругу хандаовар.

Сароянд
Сада дар сад медонам, ки интихобот дигар чизро нишон дод вале

интисобот
Интихобот нишон дод ки сарнавишти мардум бо такалуб хал шуд.

Umarali
“Натиҷаи ин интихобот нишон дод, ки мардуми кишвар ҷонибдори ҳизбҳои созанда, пайгирандаи ислоҳоту дигаргунсозиҳи иқтисодӣ, инфрасохторӣ ва амаликунандаи барномаҳи иҷтимоӣ, эҳтиромгузор ба ҳуқуқбунёдию дунявияти ҷомеа мебошанд.
In suhanho ba hudi shumo va hizbaton tamoman taaluk nadorand, va ba humo
hizbi shumo inho BOMBA meboshand

самсунг
интихобот нишон дод, ки мардуми босаводу огох аслан ба интихобот нарафтанд, чунки интихобхои хукумати хозира бо такаллуб пойбарчост.

adl
Man hayronam ami mardum ay durug guftani rui rost sharm namedoshta boshand. Ohoi raisoni dono on mardum kuru kar nest didan hama chizro wa hulosa hamaro fahmidan ki in kursihoi shumo az chub ne az beton sohtagi. Kandani in kursiho hele dushworu wale lozim.

АКАИ МАХМАДСАИД ХУДО НИГАХБОНАТ БОШАД. ХУДО УМРИ ДАРОЗ БИНЕД ВА ХУДОВАНД ХАМА РОХБАРОНИ КИШВАР ШУМО БАРИН ХУДОТАРС, БАНОМУС БАНАНГ ВА ДИЛСУЗ БОШАНД. ОМИН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)