Бахшҳо
09 мар 2015 11:00Ҳуқуқи инсон

Чаро дармондагонро нодида мегирем?

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ

Насибаи 26 - сола аз ҷумлаи афроди бехонамондаест, ки соли сеюм дар бинои Маркази захиравии занони шаҳри Хоруғ сукунат дорад. Номбурда аз афроди дорои касалии маъюбияти гурӯҳи дуюмдошта маҳсуб мешавад. Бо иллате оне, ки ихтилофоти хонаводагӣ дар оила барояш бо хушунат анҷом ёфтанд. Ӯ воқеан ночор монда хонаашро тарк кард ва ҳамзамон рӯзгори сангину вахим ӯро пайгирӣ намуд.


Чунин рӯйдод боис шуд, ки шабҳои фасли тобистон назди остонаи дар ва пештоқҳою паскӯчаҳо мезист. Ё худ дар нимкатҳои боғи марказии «Чорбоғ» хоб мекард. Бо дастгирии афроди ҳоҷатбарор(благодетели)мушкилоти рӯзгор ва бетӯшагиро аз сар гузаронд. Бо ҳарфи дигар ин бонуи ҷавон чиҳое, ки таҳаммул накарда буд. Ба ҳар печу хами сарнавишташ то ҳадде тоб овард. Мавсуф бо таассуф мегӯяд, ки «сипас фасли сармо алакай омада расид. Асосан шабона ҳарорати ҳаво ба дараҷае сард мешуд. Дигар дар хунукии фазои беруна имконияти зистан набуд.»

Аммо баъдан тақдири Насибаи ошуфтаҳол андаке омад кард. Раҳбарияти маркази зикршуда, Набот Додихудоева аз ҳолаш огоҳӣ ёфтанд. Ҳамин тариқ бонуи ҷавон то замоне аз коми сарди сармозадагӣ наҷот ёфт. «Тадбири дигаре набуд, - мегӯяд Н. Додихудоева. Насибаро дар як утоқчаи танг ва беягон шароити муҳайёшудаи идораамон муваққатан ҷойгир намудем. Ва то ҳозир ҳам ӯ дар чунин вазъи ногувор иҷборан зиндагӣ дорад. Агарчи пайвандони наздикаш дар қайди ҳаёт ҳастанд. Аммо феълан ӯро қабул надоранду ҳатто аз ақрабои хеш эътирофаш намекунанд. Гарчанде, ки ин бонуи ҷавон ба манзилгоҳи худӣ ва ҷонибдории хонаводааш чун обу ҳаво ниёз дорад».

Дар ҳамин маврид Назарбегим Назаралиева, ҳуқуқшинос ва корманди дафтари корӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ гуфт, ки «аслан чунин ашхоси ниёзманду осебпазир дар худи Бадахшон ангуштшумор нестанд. Феълан барои афроди бесарпаноҳмондаи вилоят ҷойи вижагӣ ё ин ки парваришгоҳ бениҳоят зарур аст. Аммо то ҳол аз хусуси бунёди он дар вилоят ҳарфе ҳам намеравад. Ва паҳлӯи дигари масъала он аст, ки агар парваришгоҳ эҳтимолан дар ҳолати кунунӣ сохтаву ба истифода дода шавад. Он бешубҳа бо ҳамаи утоқҳояш дар рӯзи аввал аз ҳисоби ниёзмандон пур хоҳад гашт,» - мегӯяд ӯ.

«Яъне таҷрибаи ҳамарӯзаи кориамон нишон медиҳад, ки ин тамоюл дар вилоят рӯз аз рӯз болоравӣ дорад. Қаблан ягона омиле, ки каму беш садди роҳи падидаи мазкур гашт. Ин истимдоди қавмӣ ё худ имдодталабии хешу таборӣ буд. Лекин агар амалан дар давраи ҳозира гирем, на ҳамаи пайвандон пуштибони якдигар мешаванд», - тавзеҳ дод Н. Назаралиева.

Мавсуф он нуктаро тақвият дод, ки «расман барои афроди бесаробон хусусан дорои маъюбият бояд намоянда ё худ сарпараст аз ҳисоби кормандони мақомоти васоят ва парасторӣ таъин карда шавад. Гарчанде дар кишварҳои хориҷа ин ниҳоди давлатӣ ё худ агар ҷамъиятӣ бошад. Яке аз пуриқтидортарин мақомот аст. Барои мунтазам фаъолият кардани он дар хориҷа аз ҳисоби буҷаи ҳокимият маблағи калон ҷудо карда мешавад. Ва дар иртибот бо чунин ашхос баҳсҳои оилавие, ки дар мақомоти судӣ муҳокима мешаванд. Масъулин идораи парасторӣ муваззафанд, ки талаботу манфиатҳои афроди бехонамондаро дар қазияҳои судӣ ҳимоя кунанд.

«Аммо мутаасифона феълан аз мавҷудияти чунин идора дар вилоят шубҳа дорам. Оиди амалан фаъолият кардани он ҳатто ҳоҷати ҳарф задан ҳам нест.» - арз дошт Назарбегим Назаралиева.
«Имсол барои теъдоде аз ашхоси бесаробонмонда эҳтимолан тадбирандешӣ мекунем,» - мегӯяд муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекова. Вале амсоли онҳо нафароне ҳастанд, ки ҳатто ягон хел ҳуҷҷати нишондоди шахсият ё худ шиносномае надоранд. Бинобар ин ҳалли масъала дар иртибот бо таъминоти онҳо аз манзилгоҳи муваққатӣ ҳам мубҳамиеро ба миён меорад.»

Хайриябонуи миёнасолро бошандагони ҷамоати деҳоти Ринди ноҳияи Ишкошим аз ҷумлаи маскунони ин мавзеъ меҳисобанд. Ва ӯро бо исми дигар низ ном мебаранд. Онҳо ҳатто мӯътақид бар онанд, ки номбурда дар ҷойгоҳи зикршуда оилаву фарзанд дорад. Яъне чанд сол қабл маҳз зӯроварӣ дар оила боис шудаст, ки ӯ аз назди пайвандонаш фирор кардаст. Ва чунин рӯйдод бевосита рӯҳан бар ӯ асар кардаст. Ҳозир номбурда дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекунад. Ҳақиқатан забон аз баён оҷиз аст, ки комилан аз боби вазъи рӯзгори вазнини Хайрия ҳарф занем. Дар утоқчае, ки ӯ муваққатан ҳаёт ба сар мебарад. Ҳатто ба ҷои таҷҳизоти ногузир аз қабили дару тиреза фақат як пардаи тунуки корношоям дораду халос. Ва ин дар ҳолест, ки фасли сармои қаҳратун дар вилоят ҳанӯз ҳам паси дар аст.

Худи «Хайриябону» дучори зӯроварӣ шуданро инкор намекунад. Аммо номбурда бар он аст, ки ӯ тамоман сокини ҷои дигар будаст. Яъне худро собиқ бошандаи ноҳияи Айнии вилояти Хуҷанд меҳисобад. Вобаста ба ин ҳол Гулдаста Орумбекова мегӯяд, ки «Дар ҳамбастагӣ бо мақомоти қудратӣ маскан ё худ зистгоҳи Хайриябонуро дар ноҳияи Айнӣ ҳам муддатҳое кофта гаштем. Лекин то ҳозир ягон асноди нишондоди шахсияти ӯро дар ин мавзеъ дарёфт накардем.»

Сармутахасиси кумитаи кор бо занон ва оилаи маркази вилоят, Зебо Асалова чунин гуфт, ки «Агарчи зуҳуроти хушунати хонаводагӣ дар Хоруғ тадриҷан ба шакли ҷузъӣ афзуда бошад. Ва феълан дар иртибот бо ин падида агар чашмпӯшӣ карда бошем. Пас дар сатҳи вилоят он аз масоили мубрам ва таъхирнопазир аст.» «Метавон «лафзбозӣ» карда гуфт, ки парваришгоҳ барои афроди бесаробон бунёд хоҳад шуд. Аммо гап сари он меравад, ки хонабардӯшонро дар доираи талаботи инфиродӣ, ки ҳимоят мекунад. Чунин одамон аз қабили ашхоси дорои маъюбиятбуда амсоли Насибабону бояд пайваста таҳти назорат қарор гиранд», - хулоса намуд Зебо Асалова.

Аммо дар робита бо ин нуқтаи назар равоншинос ва табиби касалиҳои рӯҳӣ Қамчибек Қадамов гуфт, ки «афроди дорои каслии маюбияти гурӯҳи дуюмдошта комилан қодиранд, ки ҳаёти мустақилро барқарор кунанд. Агар барояшон шароити фароҳам муҳайё карда шавад.Чунин одамон куллан қобилияти кории ҷисмонӣ ҳам доранд.»

Ҳуқуқшиносе, ки нахост муаррифӣ шавад аз вазъи тирабахтии Насиба куллан хабардор ҳаст. Ӯ гуфт, ки «Насибабону ҳаққи ҳамзистии баробар бо дигар ҳамхешонаш дорад. Яъне дар хонае, ки номбурда қаблан зиндагӣ кардаст. Ҳамчун меросхӯр ҳозир хуқуқи пурра дорад, то дар он сукунат кунад. Чунки дар ин маврид номбурда ҳамаи асноди лозимӣ дораду ба мақомоти дахлдор ҳам тақозои кӯмак кардаст. Лекин аз чӣ бошад, ки аз тарафи мақомоти додрасӣ мувофиқи ҳадаф вокуниш нест.» Вале худи азиятдида Насиба Мародалиева дар сӯҳбат изҳор дошт, ки «оиди проблемаи бесаробониам ба идороти додрасӣ ҳам чандин бор муроҷиат карда будам. Аммо масъулин коргоҳҳо баҳонаҷӯӣ карда, ҳамарӯза корро ба таъхир мегузоранд.»

Ахиран дар ин маврид зимни нишасти хабарӣ Аловиддин Меҳмонов, сардори Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ дар вилоят аз фаъолияти бархе судяҳои шаҳриву вилоятӣ изҳори нигаронӣ кард. Мавсуф гуфт, ки «воқеан аз ҷониби судяҳо аъмоли судӣ мувофиқи матлаб баррасӣ намешаванд. Масъулин кори парвандаҳоро сари вақт роҳандозӣ намекунанд. Чунин тасмимгирии судяҳо бевосита боиси саргардонии теъдоди беше аз шаҳрвандон мегардад.»
«Ашхоси зарардидаи бемаскан бешак ҳиссиёти нобоварӣ нисбати ҳамаи атрофиён доранд,» - мегӯяд коршиноси масоили иҷтимоӣ, Салима Исмоилова.
«Бале, онҳо чунин дарки хаёлот доранд, ки дар дунё бо мушкилоти худашон яккаву танҳо ҳастанд. Бо ҳарфи дигар хешро ҳамчун ҷузви баробарҳуқуқи ҷомеа эҳсос намекунанд. Бинобар ин ҳамагонро лозим аст, ки чунин афродро аз ҳар тараф ҷонибдорӣ бояд кард.»
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)