Бахшҳо
11 мар 2015 22:37Ҳуқуқи инсон

Ба заъфи худ ғазо кунед!

Зокир ҲАСАН

Имрӯзҳо иддае аз ҷавонони мо бо сабаби бехабарӣ аз ҳақиқати ислом гирифтори доми макри гурӯҳҳои ифротгарои фаромиллӣ гардида, дар кишварҳои мусулмоннишине, амсоли Сурияву Ироқ… ба муқобили бародарони ҳамкеш ва дигар аҳли китоб теғу камон кашидан доранд.


Ва мусибат дар он аст, ки ин нерӯҳои аҳриманӣ зери ливои исломи сулҳхоҳ, адолатманиш, ҳамсояшинос ва инсонпарвар бар зидди ҷомеаи ҷаҳон «ҷиҳод» эълон кардаанд, аммо дар асл ягон арзиши диниву дунявиро қойил нестанд. Маънои аслии ҷиҳод чист? Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ бо Саидмаҳмуд Олимов, имом-хатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи «Ҳақиқат»-и ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар, суҳбате оростем, ки инак, фишурдаашро манзури хонандаи хуштабъ менамоем. Маънои луғавии ҷиҳод ҷаҳду талош буда, масрафи кӯшишу ғайратро гӯянд. Лекин маънои истилоҳии он даъват ба сӯйи дини ҳақ мебошад.

Ҷиҳод барои мусулмон ҳамон вақт фарз мегардад, ки бар сари кишвар, миллат, зану фарзанд ва ҳуқуқҳои як мусулмон хатари воқеӣ таҳдид мекунад. Яъне ҳолатҳое, ки мо, алҳамдулиллоҳ, чандин сол боз онҳоро дар кишвари худ мушоҳида намекунем. Мутобиқи қонунгузории кишвар ҳар кас дар интихоби дин ва ақида озод аст ва зиёда аз ин, мазҳаби Имоми Аъзам дар Тоҷикистон ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шуда, давлат ва ҳар як сокини диёрамон ба он арҷ мегузорад. Таъкиди ман сари ин нукта аст, ки ҳамватанони азиз набояд калимаи ҷиҳодро ба маънои қатлу хунрезӣ бифаҳманд. Қаблан бояд бидонем, ки ҷиҳод дорои се марҳилаи асосӣ мебошад. Чи тавре, ки Қуръони карим мефармояд, «Кофиронро итоат набояд кард ва ба онҳо ҷиҳоди азиме анҷом бояд дод!» (сураи «Фурқон», ояти 52). Аммо мусулмон набояд аз ин оят бардошти нодуруст дошта бошад. Яъне манзур аз «ҷиҳоди азим» даъват ба сӯйи Парвардигор, ҷиҳод барои таълиму тарбияи қуръонӣ, ахлоқи нек ва риояи суннатҳои пайғамбари Худо (с) мебошад. Ва гуфтанист, ки қабл аз ҷиҳоди қатлу хунрезӣ чаҳор ҷиҳоди асосӣ мақом дорад. Якум, ҷиҳоди нафсӣ. Мурод аз ҷиҳоди нафсӣ мубориза бо нафси хеш аст. Тавре ки расули акрам (с) дар ҳадиси мубораки худ мефармоянд, «Муҷоҳиди ҳақиқӣ шахсест, ки хоҳишҳои нафсонии худро дар итоати Парвардигор нигоҳ дорад».

Шахсоне, ки дар замони расули Худо (с) аз ғазовот бармегаштанд, мегуфтанд: «Мо аз ҷиҳоди асғар (хурд) ба ҷиҳоди акбар (бузург) баргаштем». Дар ин ҷумла аз «ҷиҳоди асғар» ҷангу хунрезӣ ва аз «ҷиҳоди акбар» зери назорат гирифтани нафсу шаҳватро бояд фаҳмид. Агар мушаххас бигӯем, ҷиҳоди асосӣ ин ҷиҳод бо нафси худ мебошад. Шахсе, ки дар муқобили нафси худ мағлуб мешавад, ҳатто дар муқобили як пашша ҳам наметавонад ғолиб ояд. Аз ин ҷо бармеояд, ки нафарони барои пулу шуҳрат баҷанграфта ҳаргиз хаёли ҷиҳоди воқеӣ надоранд ва ногузир дар итоати ҳаввою ҳаваси дунёӣ мебошанд. Ва чуноне Ҳаким Фирдавсӣ фармуда: Зиёни касон аз пайи суди хеш Биҷӯянду дин андар оранд пеш. Дувум, ҷиҳоди даъват ва фаҳмонидан. Ҳазрати расули акрам (с) даҳ соле, ки дар Макка буданд, вазифаи худро аз фаҳмонидани моҳияти ислом иборат медонистанд ва танҳо дуои ҳидояти мардумро мекарданду бас. Воқеан, он замонҳое, ки ислом бо зарби шамшер паҳн карда мешуд, кайҳо пушти сар шудааст. Чархи таърихро ба қафо тоб додан кори мардони оқил нест. Ҳатто дар замонҳои аввали нуфузи ислом ҳам ҳеҷ кас иҷборан ба ислом даъват намегардид. Пазируфтани ислом ва риояи аркони он ҳаққи худи инсон аст. Он касе, ки бо зарби шамшер исломро мепазирад, дар ҳар фурсати барояш мувофиқ метавонад аз он рӯй гардонад. Барои ҳамин мегӯянд, ки ислом овардани калимаи шаҳодат бар забон ва тасдиқи он дар қалб аст. Бо қатлу хунрезӣ метавон нафареро ба пазируфтани дине маҷбур кард, аммо қалби ӯ дар ихтиёри муҷоҳид нест ва танҳо аз олами боло метавонад ҳидоят ёбад. Шоир дуруст мефармояд, ки Сарро ба замин чӣ мебарӣ вақти намоз? Онро ба замин бубар, ки дар сар дорӣ! Савум, ҷиҳоди биноӣ. Маънои ҷиҳоди биноӣ созандагию бунёдкорист. Яъне ҳар як фарди мусулмон бояд дар пешрафт ва тараққии кишвар саҳмгузор бошад. Содатар карда бигӯем, бояд ҳар як мусулмон дорои тахассуси муайян бошад, то ба василаи он барои рушди Ватани худ кӯшише анҷом дода тавонад. Агар мусулмонон дар ин се ҷиҳоди болозикр комёб гарданд, дигар барои ҳеҷ гуна ҷиҳоди хунин ниёз боқӣ намемонад.

Ҷиҳод, пеш аз ҳама, рафтори нек, ахлоқи ҳамида ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардан мебошад. Ислом муомилаи нек бо ҳамсоягон аст ва фарқе надорад, ки ҳамсояи шумо мусулмон аст ё яҳудию насоро. Танҳо бо муомилаи хуб, кирдори ибратомӯз ва тарзи зиндагии шоиста метавон намояндаи як дини дигарро ба дини худ дилгарм кард. Қатлу хунрезӣ на танҳо барои паҳншавии ислом хидмат намекунад, балки тамоми мардуми ҷаҳонро водор менамояд, то барои пешрафти ислом монеа эҷод кунанд. Ба ибораи дигар, чунин муҷоҳидон ба дин ва Худои худ хидмати хирсона карда, ба осиёи душманони ислом об мерезанду бас. Ҳамин гуна фатвоҳои нодуруст буд, ки Шарқи исломӣ пешрафт накард ва чеҳраи аслии ислом зери ниқоби аҷнабии терроризму экстримизм пӯшида монд. Ин дардро шоири машҳур Ҷалолиддини Афғонӣ чунин баён доштааст: Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост. Зимнан, мувофиқи маълумоти мавҷуда, аксари ҷавонон бидуни рухсати волидайн ба Сурияву Ироқ рафта, падару модари пир ва зану фарзанди ноболиғашонро ба ҳукми такдир ҳавола намуда, гуё худро тасаллӣ ҳам медодаанд, ки чун дар роҳи Худо меҷанганд, ҳама гуна масъулияти дигар аз зиммаашон бардошта шудааст.

Бояд бигӯям, ки ин андешаи ишон мутлақо ғалатат аст. Ва барои тақвияти сухани хеш аз китобҳои таърихи ислом якчанд мисол меорам. Аз Абдулло, писари Умар (р), нақл шуда, ки «Марде ба назди паямбари Худо (с) омада, дархост мекунад, ки «Ман мехохам дар ҷиҳод ширкат варзам». Пайғамбари Худо (с) мепурсад, ки «Оё падару модар дорӣ?». Мард мегуяд: «Бале, дорам». Пайғамбар (с) бар ӯ мегӯяд: «Бирав дар хидмати онҳо бош, ки аз ҷиҳод ҳам ин афзалтару беҳтар аст» (ривояти Бухорӣ ва Абумуслим). Дар ин маврид Абулайси Самарқандӣ гуфта, ки «Бо ҳамин ҳадиси паямбар (с) собит аст, ки барои фарзанд дуруст нест, ки бе иҷозати падару модар ба ҷиҳод равад. Зеро итоати падару модар аз ҷиҳод дар қиболи кофирон афзал ва лозимтар аст». Мутаассифона, баъзе мусулмонони фиребхӯрда бо номи ҷиҳод дар Сурияву Ироқ ба фитна даст задаанд ва худро бидуни сабаб қурбониву гирифтори азоби дӯзах мегардонанд. Бояд донист, ки вақте фитна бармехезад ва мусулмон мусулмони дигареро мекушад, мувофиқи ҳадиси паямбар (с), ҷойгоҳи ҳардуи онҳо дар ҷаҳаннам муқаррар аст. Марде ҳангоми баёни ин ҳадис мепурсад, ки «Эй паямбари Худо (с), қотил бар асоси гуноҳаш ба дӯзах меравад. Аммо мақтул ба чӣ хотир гирифтори азоб мегардад?» Ҳазрат дар ҷавоб мефармоянд, ки «Ба хотири қасди куштанаш. Агар кушта намешуд, ҳатман қотилро мекушт». Беҳтарин хулосаи ин ҳама гуфтаҳои мо дар ҳамин ду мисраъ шеъри устод Озар нуҳуфтааст: Бародарон, бародарон, агар ки шери шарзаед, Ба кибри худ, ба заъфи худ, ба тарси худ ғазо кунед!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)