Бахшҳо

Эълони натиҷаҳои ниҳоӣ: ҲНИТ-у ҲХДТ овози бештар гирифтаанд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии 1-уми мартро эълон намуд, ки тибқи он Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ соҳиби овози бештар шудааст.

Тавре аз КМИР ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ҳизби ҳоким, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ 65,2 дарсади овозҳоро гирифт, баъди муайян намудани натиҷаҳои ниҳоӣ соҳиби 65,4 дарсади овозҳо шудааст. Овозҳои Ҳизби аграрӣ баръакс камтар шуда, ба ҷои 11,8-и пешакӣ 11,7 дарсадро ташкил додаанд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ ки қаблан 7,6 дарсади овозҳоро гирифта буд, тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ соҳиби 7,5 дарсади овозҳо шудааст. Нишондиҳандаи Ҳизби сотсиалистӣ тағйир наёфта, тибқи ҳам натиҷаҳои муқаддамотӣ ва ҳам ниҳоӣ соҳиби 5,5 дарсади овозҳо шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тибқи ҳисобҳои ниҳоӣ бештар шуда, аз 1,5 дарсади қаблӣ то ба 1,6 дарсад расидаанд. Ҷонибдорони коммунистҳо аз 2,3 дарсади қаблӣ то ба 2,2 дарсад, Ҳизби демократӣ – 1,7 дарсад ва аз Ҳизби сотсиал-демократӣ ба 0,5 дарсад расидаанд.

Қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИРТ дар нишасти хабарии созмонёфтае рӯзи 2 март зимни эълони натоиҷи муқаддамотии интихобот гуфт, ки ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 2 миллиону 482 ҳазору 267 нафар ё 65,2 дарсади интихобкунандаҳо раъй додаанд. Ба иттилои аввалия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дарёфти 58 ҳазору 28 ё 1,5 дарсади раъйи мардум муваффақ шудааст. Тибқи иттилои раҳбари КМИР ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 фисади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Раъйи ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон додашударо оқои Шоҳиён 11,8 дарсад гуфт (450 ҳазору 275 интихобкунанда). Ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6%, ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби демократ 64 ҳазору 547 кас ё 1,7%, Ҳизби сотсиал-демократ 18 ҳазору 875 ё 0,5% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 328 нафар ё 5,5% раъй додаанд.

Ба ин тартиб, аз рӯйҳати ҳизбӣ ҲХДТ -- 16 мандат, ҲАТ -- 3, ҲИИТ -- 2 ва ҲСТ -- як мандатро соҳиб шуданд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон, ки дар парлумони феълӣ ҳар кадом соҳиби 2 курсӣ буданд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд.
Мӯҳр
.
Хафи хамин кадар вакту маблаги сарфшуда ба ин маъракаи нолозим. Хамин натичахоро бе интихоб хам эълон мекардед, ягон гап набуд.

хато
Хато кардед ХНИТ навиштед

Хайем
Дар дахр чу ман якею вай хам кофир Пас дар хама дахр як мусалмон набувад

Умари Хайем дуруст дарк кардаанд Дар дахр чуну якею вай хам кофир Пас дар хама Точикистон ягон мусулмон набувад

Точикак
Хайем Рубои аслан моли Синост, аммо ба масъалаи интихобот чи дахл дорад? Ба кавли бародар хамаи ин маблагхоро сарф нокарда эълон мекарданд, ки фалону фалон депутат шуд бовар мекардем...

махина
мухтарам хаем ин РУБОИ АЗ СИНОСТ

Чунайдулло К
Хай аму сад фоиз овозора хизби хокима медоден мешид фаркаш чи хеч кас хаки даъво карданро надошт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)