Бахшҳо

Убайдуллоев ду курсияшро ҳифз кард: Президент истеъфоямро напазируфт...

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дигарбора раиси маҷлис интихоб гардида, аз ҷониби вакилони тозаинтихоб ҳамчун номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар ин бора ба "Озодагон" Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ ба "Озодагон" гуфт, қабл аз оғози ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, мехост аз мақоми раиси шаҳр истеъфо бидиҳад, вале Президенти Тоҷикистон истеъфояшро напазируфт. Ба қавли ӯ, Убайдуллоев дар оғози маҷлиси вакилони тозаинтихоб изҳор дошт, “чунин эҳтимолият вуҷуд дошт, ки ман дигар кор накунам, чун ба синни нафақа расидаам. Аммо сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳоло вақти нафақа нест, шумо бояд кор кунед”.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, якуми феврали соли равон, ба синни 63-солагӣ расид, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун синни нафақа барои мардон муқаррар шудааст. Ҳарчанд дар пасманзари 63-солагии Убайдуллоев овозаҳо дар мавриди эҳтимоли барканорияш зиёд гардиданд, ӯ тавонист, ки мақоми раисияшро дар шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси вакилони шаҳр ҳифз кунад. Аммо суол, ки оё Убайдуллоев дар Маҷлиси Миллии ояндаи Тоҷикистон низ дар симмати раис боқӣ хоҳад монд, феълан матраҳ аст.

Дар ҳамин ҳол Маҷлиси вакилони Душанбе, ки Убайдуллоев дигарбора раиси он интихоб шудааст, ба гуфтаи Шавкат Саидов аз намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла 22 нафар ихтисосмандони соҳаи саноату сохтмон, 16 нафар илму маориф, 8 нафар иқтисодчӣ, 6 нафар ҳуқуқшинос, 5 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ, 3 нафар соҳаи тандурустӣ, 3 нафар аҳли фарҳанг, 3 нафар соҳибкор, 3 нафар аз соҳаи технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва 1 нафар варзишгар иборат мебошад: “Бояд таъкид дошт, ки дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум 8 нафар докторҳои илм ва 25 нафар номзадҳои илм шомил буда, дар маҷмуъ беш аз 41%-и вакилонро занон ташкил медиҳанд”.
Мӯҳр
Истиклол
Махмадсаид Убайдуллоев вокеан хам арзандатарин кадр хастанд.
Сарбаланди ва барори кор насибатон бод...

Конундон
О пас Конун чи мешавад, оиди нафака

Вокеан хам арзандаед Мухтарам Махмадсаид Убайдуллоевич, барору комёбихои назаррасро орзумандам!

Табрик
Муборак мо сокинони шахр бо шумо ифтихор дорем барори кор Шумода Худо нигохдоратон бошад

шахрдор
Озодагон номарди накунед.Навистагиямро чоп кунед.

Мо хурсанд. Муборак бошад!

МУБОРАК ШАВАД РАФИК УБАЙДУЛЛОЕВ. ДИЛИ ДУШМАНОНРО ЧУН БОМБА ТАРКОНДЕД

Мард
Муборак бошад ШЕРИ НАР

Муборак бошад ШЕРИ НАРАКБАР,

Шери нари Кулоб Муборак шавад, бехтарин инсон аст Махмадсаид Убайдуллоев арзандатарин кадри ЧТ

Муборак бошад. Чаноби Оли медонад, ки ба мисли Шумо кормандон дар давлат даркораст. Ба ман фахр аст

Чаро аксро истифода мебареду муаллифашро наменависед инро читавр фахмем?Магар шумо конуни хукуки муаллифро намедонед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)