Бахшҳо
17 мар 2015 21:00Ҳуқуқи инсон

Хушунат ба мардон: Дилмурод 30 дона дору хӯрд…

Рухшона ҲАКИМОВА

Дилмуроди 46-сола банди арғамчинро ба гарданаш андохта, мехост аз ин дунё, аз ин ҳама таънашунавиҳои ҳамсар ва аз ин ҳама мушкилиҳои ҳаётӣ худро бираҳонад. Ба гӯшаш садое меомад, он садо ӯро ба сӯи хеш мехонд…

Дилмурод гумон дошт, ки ҳангоми даст ба ин кор бурдан ва худро ба дор овехтану аз ҳаёт маҳрум кардан тамоми мушкилиҳои ҳаётии ӯ ҳал хоҳад шуд. Замоне ки арғамчин ба мисоли гарданбанд гардани ӯро зеб медод, ин лаҳза ӯ хост худро ба мисоли паррандае, ки аз қафаси тангу тор хешро раҳо месозад, худро озод бинмояду бо ин тарз хешро биёвезад. Аммо вазни зиёдаш, боиси он гардид, ки банд канда шуда ӯ ба замин афтаду зинда монад.

Чӣ сабаб шуд, ки ӯ худро аз ҳаёт маҳрум кардан хост?

Дилмурод (номи мустаор) соҳиби 4 фарзанд буда, дар яке аз корхонаҳои давлатӣ кор мекунад. Ӯ дар як моҳ 700 сомонӣ музди меҳнат мегирад. Зиндагии онҳо хуб мегузашт, то даме, ки ҳамсараш аз кам будани маоши ба даст меовардаи Дилмурод шикояткуниро оғоз кард. Занаш ҳар рӯз аз кам будани маоши шавҳараш шикоят карда, ӯро маҷбур мекардааст, то ӯ раваду аз куҷое, ки набошад, пул ёфта орад. Чи тавре ки худи Дилмурод гуфт: «Ман дар як моҳ 700 сомонӣ маош мегирам. Медонам бо 700 сомонӣ дар як моҳ зиндагӣ кардан душвор аст, аммо чӣ кор кунам, дар Тоҷикистон маош чунин аст. Ҳар бегоҳ хона меомадам, занам бо ман ҷанҷол карда мегуфт, ки мисли дигарон зиндагии хуб мехоҳад ва ба дилаш задааст чунин зиндагии каммаош. Рӯзе набуд, ки ӯ бо ман ҷанҷол накунад. Ҳамин тавр, ман маҷбур шудам, ки аз шиносҳоям пул қарз гирам. Пули зиёдро дида занам боз маҷбур мекард, ки бисёртар биёрам. Ба ӯ мефаҳмонидам, ки ин пулҳоро қарз гирифтаам ва бояд баргардонидани онҳоро фикр кунам, аммо ӯ маро таҳдид мекард, ки аз хона меравад. Рӯз аз рӯз қарзҳои ман зиёд мешуданд ва ба назди дарам одамон барои гирифтани қарзашон меомаданд. Ман дигар илоҷ наёфтам ва роҳи ягонаро дар худкушӣ дидам».

Дилмурод мегӯяд, ки аз тарси баргардонида натавонистани қарз маҷбур шудааст, ки ба ин кор даст занад.
- 30 дона доруро хӯрда худро дор кашиданӣ шудам, аммо банд канда шуду ба замин афтодам. Баъди ин кор занам милисаҳоро фарёд карда маро девона баровард. 2 рӯз дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ будам. Ба ман як маълумотнома доданд, ки гӯё ман касалии рӯҳӣ дорам,- бо як таассуф мегӯяд Дилмурод.

Имрӯзҳо мавриди хушунат қарор гирифтани занон зиёд ба назар мерасад. Аммо мушоҳидаҳо нишон дод, ки хушунат алайҳи мард низ вуҷуд дорад. Бисёр чунин ҳодисаҳоро шунидам, аммо мардони тоҷик, ки обрӯяшонро аз ҳама чиз боло медонанд, барои ошкор накардани чунин ҳодисаҳо худдорӣ мекунанд.

Чанде пеш дар шаҳри Конибодом як зан шавҳарашро аз сабаби рашки зиёд хатна карда буд, ки дар байни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Ин ҳам мавриди хушунат қарор гирифтани мардон мебошад.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти охирони матбуотиаш ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар соли гузашта ба марказҳои аз ҷониби Кумита таъсисдодашуда дар маҷмӯъ 8,5 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва боз 122 нафар тариқи хаттӣ бо арзу шикоят муроҷиат кардаанд, ки 56 нафари тариқи хаттӣ муроҷиаткарда мардон будаанд.

Заррина Зуҳурова равоншиноси тоҷик аз ҷониби занҳо ба хушунат гирифторшавии мардонро ҳодисаи нангин мешумоад. Ӯ мегуяд: «Имрӯз мутаассифона, мо шоҳиди ҳодисаҳои нанговаре мешавем, ки зани тоҷик нисбати ҳамсари худ, яъне шавҳари худ бисёр беҳурматӣ мекунад ва шавҳарони онҳо зери хушунат қарор мегиранд. Сабаби асосии инро ман дар бесаводию бефаҳмии занон мебинам. Дар ҳадисҳои Пайғамбари ислом нисбати ҳурмату эҳтироми шавҳарро ба ҷо овардан чӣ қадар ривояту мисолҳо оварда шудааст, ки мебояд онҳоро риоя намуд. Дар баъзе мавридҳо бошад, занҳо аз беаҳамиятии мардҳо истифода намуда, бо ҳар роҳҳо, таҳдиду суду судбозиҳо мехоҳанд онҳоро истифода намоянд. Дар чунин ҳол мард маҷбур аст, ки гуфтаҳои занро иҷро карда, барои обрӯи худро ҳимоя кардан хомӯш нишинад».

Дар аввалҳо ҳамеша сухан зери хушунат қарор гирифтани занон мерафт, аммо мутассифона, имрӯзҳо дар ҳар як минтақае садо баланд кардани мардони зери хушунати ҳамсаронашон қарор гирифта ҳодисаест нохушоянд. Пас чӣ бояд кард?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)