Бахшҳо
17 мар 2015 11:22Ҳуқуқи инсон

Бозори гарми танфурӯшон

Барнои БЕГМАДЗОДА

Дар паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон, нисбати зиёд шудани бемории ВНМО (СПИД) дар байни ҷавонон ва афзоиши равандҳои номатлуби ин беморӣ, қайд гардид. Дар партави паёми Президент мо низ ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, хостем паҳлуҳои норӯшани гирифторшавӣ ба ин вирусро, ба таври худ таҳқиқ намоем. Зеро аксарияти ин беморонро нафароне ташкил медиҳанд, ки љавонписарону љавондухтаронанд, ки яке дигареро сироят намудааст.


Сабаби асосии ин паҳншавӣ фоҳишагӣ ва нашъамандист. Вирус тавассути моеъҳое, ки дар организм ҳастанд, ба монанди: хун, нутфа, оби маҳбал ва шири сина аз як шахс метавонад ба шахси дигар гузарад. Аз ин рӯ муроҷиат намудем ба маркази вилоятии СПИД дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб. Мутмаин будем, ки дар ин миён паҳлуҳои норушани гирифтор шудан ба ин бемориро бо кӯмаки мутахассис -сардори ин марказ ошкор хоҳем намуд, аммо ин барои мо муяссар нагашт. Зеро сарвари ин Марказ маълумот яктараф истад, ҳатто худро ба мо муаррифӣ накард ва моро аз кабинети кориаш қариб буд бо зӯри бозу берун партояд. Рӯи рост гуфт, ки дар ин масъала ба мо ягон маълумот пешниҳод нахоҳад кард, зеро дар асоси розигии раёсат ва тариқи мактуб ин корро ба роҳ мемонаду халос. Боз тамасхур ҳам карда гуфт: «агар ба шумо маълумот лозим бошад, худатон кофта ёбед.»

Ризқи Туманов аз СПИД-ҳо аст?

Пез аз ин ҳам шунида будам, ки мегуфтанд сардори Марказ ва ташкилотҳои хориҷии кумакрасони СПИД ҷонибдори онанд, ки сафи ҷавонони гирифтори бемории СПИД ҳарчи зиёдтар бошад. Баъди он, ки ба сардори Марказ гуфтам кумак кунед, ки бо паҳншавии ин беморӣ мубориза барем сахт оташин шуд. Баъди ин шубҳак кардам, ки ин мард бо паҳншавии беморӣ мубориза барад. Насаби ин раиси «герой»-табиатро аз пушти утоқи кориаш навишта гирифтем: Туманов. Муҷиби ҷанҷоли ин раисро мо нафаҳмидем, шояд дар ҳақиқат мехоҳад шумораи беморони СПИД дар минтақаи Кӯлоб зиёд бошаду аз ҳисоби он беморон кӯмакҳои пулии бештар ба даст орад? Маълум аст, ки ташкилотҳои хориҷӣ барои ин беморӣ маблағҳои зиёд медиҳанд. Мегӯянд Туманов СПИД-ҳоро бо чеҳраи кушод истиқбол мекунад, аммо журналистонро бад мебинад.

Ҳамакнун ин мард шояд 20 сол аст, ки дар ин вазифа кор мекунад. Ба гӯшаи хаёли касе намеояд, ки рататсия гуфтанӣ чора аст, алайҳи мансабдорони дар курсиҳо часпида. Ҳамин аст, ки мутахассисони ҷавон абадулабад рӯи мансабу курсиро намебинанд ва мудом зердаст боқӣ мемонанд.
Чун нек нигарӣ «Муваффақият»-и ин мутахассис дар роҳи зиёд кардани сироятшудагон хело назаррас аст.

Тоҷирони бозори танфурӯшӣ

Имрӯз ҳар инсон ҳаргунае, ки метавонад барои худ ризқ дарёфт мекунад. Яке бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ мекунаду дигарӣ аз ҳисоби дигарон рӯз мегузаронад. Ин гунна шахсонро русҳое «паразит» меноманд. Дар ин миён, танфурӯшон истисно нестанд. Ин тоифа беҳтарин махлуқи Худо-инсонро ба савдо гузоштаанд. Духтарони ноболиғ басо ба дасти ин гуна тоҷирони «паразит» афтида, сарчашмаи даромади онҳо мегарданд ва саранҷом фоҳиша ва гирифтори бемории СПИД мегарданд. Аламовараш ин аст, ки сироятшудагон гоҳо аз сабукфикрии оилаҳои ҷавон истифода бурда якеро гирифтори беморӣ месозанду дигар ин вабо ба оила роҳ меёбад. Ҳамсар бошад тифли ба дунё овардаашро мубталои ин беморӣ мегардонад. Бубинед дар ин миён нафарони бегуноҳ, қурбонии шаҳвати онене мегардад, ки ҳељ олудагӣ ба ин кор надорад ва зарари хатои ин қабил ашхосро ин бегуноҳон мебинанд.

Парвинаи Давлат истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ноболиғи 15-16 соларо (бо сабабҳои маълум исмашро ошкор накардем) дар хонаи истиқоматии худ ба ивази пул бо мардони гуногун ҳамхоба намуда, бо ин роҳ зиндагии худро пеш мебурд. Духтараки хурдсол соҳиби хубе надорад, ки ӯро нигоҳубин намояд ва аз ночорӣ гирифтори зулми ин зани маккораро таҳаммул карда, ба ивазаш дар хонаи ӯ бе пул зиндагӣ мекунад. Ин зан бо роҳи қалоббӣ духтараки ноболиғро ба танфрӯшӣ оварда расонд. Аммо «тиҷораташ» дер давом накард. Саранҷом органҳои танобкаш танобашро кашиданд.

Сабабҳои ба танфурӯшӣ даст задани духтарон, ин ноустувории хонавода, надоштани шароити зиндагӣ ва хушунат дар оила низ мешавад. Исботи ин ҳақиқат шаҳодати се нафар танфурӯшест, ки аз маљбурӣ даст ба танфурӯшӣ заданд ва тамғаи фоҳишаро ба рӯи худ заданд. Мо шахсияти онҳоро ошкор намекунем, чунки танҳо ба ин хотир розӣ шуданд, ки иттилоъ бидиҳанд. Сабақи талхи онҳо ҳушдор аст ба духтарони дигар.

Қиссаи талхи фоҳишаи ноболиғ

Аз ҷабри падарандар дар синни 15 солагиам безор шудаму маљбурӣ ба шавҳар баромадам, то ҷонам аз зулм халос шавад, қисса мекунад яке аз ин фоҳишаҳо. Модарам бемор буду дигар натавонист садди роҳи падари угаям шавад. Ба љуз ба шавҳар баромадан чора надоштам. Ҳамин тавр ба шавҳар баромадам, лекин бахт ба рӯям нахандид. Шавҳарам нашъаманд буду маро ҳамеша латту куб мекард ва дар охир бо тифли дар батнам буда, маро аз хона пеш кард. Дигар љойи рафтан надоштам, агар ба хона мерафтам, боз азобу таънаи пияндар сар мешуд, аз ин рӯ фикри ба хона рафтанро аз сар берун кардам. Ба хонаи як дугонаам, ки дар шаҳри Кӯлоб танҳо зиндагӣ мекард рафтам ва зориву тавалло кардам, ки маро барои якчанд муддат дар хонааш роҳ диҳад, ҳамин ки кор ёфтам хона иљора гирифта аз хонааш меравам. Дугонаам розӣ шуду маро ба хонааш роҳ дод ва ман дар фикри кор ёфтан афтидам. Дар ошхонае кор пайдо намудаму муддате он љо кор кардам ва дар ин миён тифли дар батнам бударо таваллуд намудам. Қариб як сол дар он хона мондам ва дар охир бо нафаре шинос шудам, ки ӯ маро ба ин роҳ бурд, яъне танфурӯшӣ. Як бегоҳ бо зане вохӯрдам, ки ситорагарм менамуд. Якҷо хеле суҳбат кардем, саргузаштамро ба ӯ нақл кардам. Он зан маро таклиф намуд, ки бо ӯ ба шаҳри Душанбе равам. Ман низ ба пешниҳоди ӯ рози шуда, духтарчаамро ба як хешдухтарамон амонат гузошта бо ин зан ба Душанбе рафтам. Ӯ бо ман чунон самимӣ буд, ки шубҳаеро ҳис накардам. Ҳамин хел мо ба хонаи он зан рафтем ва рӯзи дигар ӯ маро бо худ ба «дискатека» бурд. Ман чизе нагуфта, гуфтаҳои он занро як - як иљро кардам.

Аввал нӯшокии масткунанда, баъд шиносоӣ бо як марде, ки дар он ҷо буду ин зан маро бо ӯ шинос намуд, қабул кардам ва ҳамин хел ба ин роҳ рафтам. Муддате дар Душанбе саргарми ҳамин корҳо шуда пул кор мекардам ва ин гӯё василаи рӯзгузарониам гашт. Дар охир он зан аз бахилӣ (хушдорони ӯ ба манн часпиданд) маро аз хонаи худ ронд ва боз ба шаҳри Кӯлоб омада «касб»-и навамро дар ин љо давом дода, тули се сол боз бо ин роҳ зиндагӣ дорам. Пушаймонам, аммо роҳи бозгашт ба қафо надорам. Аз як чиз метарсам, ки оянда фарзанди ман дар бораи фоҳиша будани ман чизеро фаҳмад мурдани ман барин модар хубтар аст!!! Офтобро бо доман пӯшида намешавад мегӯяд, ки шояд қаҳрамони ҳақиқати ин ҳикматро пай бурда, фикри ояндаи дурахшон кунад ва ин роҳро дигар идома надиҳад, зеро фоҳиша будани модар барои фарзанд нанг аст ва гоҳо боиси ру гардондан аз модар мешавад. Баъди зарбаҳои рӯзгор шикастану фоҳиша шудан кори заифон аст, аммо мубориза бурдан ворастан кори занони дили мардона дошта.

Ноболиғе, ки бо фаҳш оиларо нон медиҳад

Ин ҷо саргузашти ноболиғеро меорем, ки танфурӯшӣ карда, модару апаашро бо пули ба даст овардааш мехӯронаду мепӯшонад. Модар бошад аз кори духтараш огоҳ буда, то имрӯз садди роҳи ӯ нагашт. Ман худ аз ноҳияи Восеъам, мегӯяд ин танфурӯш, тули қариб як сол боз даст ба ин кор задаам. Ҳоло мактаби миёнаро хатм накардаам. Аз рӯзе, ки падарамро зиндонӣ карданд мактабро партофтам ва бо писаре, ки гӯё ҳамдигарро дӯст медоштем ҳамхоба шудам ва ӯ тарсида бо ман дигар муносибат накард. Баъди ин аз хона баромада, барои зиндагиамонро пеш бурдан даст ба ин кор задам. Дар аввал на модарам ва на апаам аз ин кори ман хабар надоштанд ва худам ҳамаашро ба онҳо гуфтам. Баъди шунидани ин гапҳо аввал маро љанг карданд, ки аз ин роҳ баргардам, лекин баъди чанд рӯзе, ки дигар дар хона чизе барои хурдан набуд маро боз барои кор кардан ба шаҳри Кӯлоб равон намуданд. Ҳамин хел ман бе ягон дудилагӣ корамро идома додам. Гоҳ ба хона меравам, мебинам, ки апаам бо модарам љанг карда, ин кори шумо хато ҳаст, гӯён модарамро насиҳат мекунад, аммо модарам чизе нагуфта хомӯш меистад…
Духтар, ё аниқтараш зани ноболиғ, нақлашро тамом накарда буд, ки гиря гулӯгираш кард. Духтари дигар ҳам бесоҳибу бетарбия мондан пас ба ин роҳи нангин рафтааст. Ӯ мегӯяд: «Вақти таваллуд кардани ман модарам аз дунё гузашт ва бибии очагиам маро бо худ гирифт. Аммо дар ин миён бадбинии зани тағоям зиндагии маро талх сохт. Ӯ бо роҳи бахилӣ коре кард, ки маро аз он хона берун сохт. Бибиам бошад аз тарсе, ки худ бесоҳиб намонад, барои мондани ман дигар коре накард ва маро ба назди хешовандони падарам оварда партофт, ки он вақт 14 сол доштам. Дар хонаи хешовандони падар касе маро қабул накард ва касе низ парвои омадани ман надошт. Дар он хона чанд рӯз шишта, мисли бегонагон мондам ва қариб буд аз гуруснагӣ мемурдам. Барои нон ёфтан аз хона берун шудам ва дар роҳ бо марде рӯ ба рӯ гаштам, ки маро дида, ба куљо рафтанамро пурсон шуд. Гуфтам бисёр гуруснаам ва чанд рӯз боз чизе нахӯрдам. Он мард маро ба як ошхона бурд ва якчанд хурок бароям фармуд, нон шикаста, таклиф ба хурдан кард. Баъди сер шудан он мард маро ба хонааш таклиф кард. Ман дигар ба хонаи хешовандони падарам рафтан намехостам ва ба таклифи ин мард розӣ шудам ва бо ӯ ба хонааш рафтам. Фикр кардам, ки маро чун фарзанд бо худ мебарад, лекин баъди ба хонааш омадан ба даҳшати бузург гирифтор шудам. Ӯ ба номуси ман даст зада, маро таљовӯз кард ва баъди ин фаҳмидам, мардон аз ман барин духтар чӣ мехоҳанд. Тули 6 сол аст, ки танфурӯшӣ мекунам. Ана ин аст саргузашти нангини ман, ки аз бахилии зани тағоям оғоз шуд.

Ишқи фоҳиша мӯйсафедро ноумед кард

Бобои Раҷаб баъди фавти занаш дар фикри гирифтани зани нав шуд ва зани 22 солеро, ки фоҳиша буд барои тарбия додану одам кардан ба никоҳи худ даровард. Баъди сипарӣ шудани хеле вақт, ки дар миён ин зан бо дигар мардҳо низ рафтуо дошт, лекин касе аз ин кораш огоҳ набуд. Баъди гум шудани 1200 долари америкоӣ ба бобои Раљаб муяссар шуд, ки аз кирдори ношоями зани маккораш огоҳ шавад. Пулро занаш дуздида ба як маъшуқи пешинааш, додааст. Бобои Раљаб худи ҳамон рӯз занашро ба милиса дода, пулҳояшро талаб мекунад. Баъди шикоят маъшуқи занашро дастгир карда шуъба меоранд ва ҳамин тавр љангу хархаша оғоз мешавад. Акнун бобои Раљаб бо исрор мегӯяд, ки фоҳишаро зан карда намешудааст, зеро ӯ мегӯяд, ки аз ин роҳ баъди ба шавҳар баромадан низ даст намекашидааст.

Бародар хоҳари фоҳишаашро кушт

Тобистони соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб кӯштори хоҳар аз љониби бародар ба достони нангин табдил ёфт, ки зуд овазааш дар байни дигарон паҳн шуд.
Сабзаев Хисрав худашро дар куштори хоҳар пурра гунаҳгор ҳисобида ба кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб пурра иқрор шуд ва илова намуд, ки соли 2010 ӯро ба хизмати ҳарбӣ ба қисми низомии 410008, воқеъ дар шаҳри Душанбе бурданд. То ин вақт муносибаташ бо хоҳраш Парвина хуб буд ва баъди рафтани ӯ аз коста шудани ахлоқи хоҳар ва гашту гузораш бо мардҳои бегона ба ӯ хабар доданд.

Моҳи ноябри соли 2012, баъди адои хизмат Хусрав ба хона бар мегардад ва чанд рӯз пас хоҳарашро ба назди мактаби №3 шаҳр бурда, насиҳат намудааст, ки аз роҳи бад баргардад. Парвина назди ӯ ва хоҳари бузургаш Зулфия ваъда додааст, ки ислоҳ мешавад, вале бегоҳӣ боз ғайб задааст. Вақти ба хона баргаштанаш хоҳарашро лату куб кард ва гуфт, ки аз ин роҳ баргадад, набошад бо дасти худ ӯро мекӯшад. Моҳи апрели ҳамон сол барои кор кардан ба Қазоқистон рафта дар шаҳри Алмато кор кардааст. Чанде пас, модар ба ӯ занг зада аз нописандии хоҳараш шикоят мекунад ва дар дили Хисрав нисбати хоҳари худ ҳисси баде пайдо мешавад. Чипта харида ба хона омад, аммо аз омаданаш касе огоҳ набуд, зеро дар хусуси ин ки меояд ба касе чизе нагуфта буд. Мақсади ӯ дар кӯчаҳои шаҳр ё дигар љой пайдо кардани хоҳар ва беруни шаҳр бурдану нест намудани ӯ буд.

Шабонгаҳ, баъди пойиданҳои зиёд хоҳарашро пайдо кард ва ба соҳили дарёи Ёхсу бурд. Баъди гузаштан аз посбонони бошишгоҳи саҳроӣ, роҳро ба сӯйи соҳили дарё идома доданд ва тақрибан, соати 1-и шаб дар лаби дарё қарор гирифтанд. Дар он ҷо бародар маљбуран ва бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани хоҳар, ӯро кашида ба об сарашро ғутта занонд. Хоҳар ба таҳлука афтода, мекӯшид аз чанги бародар раҳо ёбад, вале қувваҳо нобаробар буданд. Баъди 10-15 дақиқа Хисрав тани беҳаракати хоҳарро раҳо кард ва љасад ба зери шохоби дарё рафта, қарор гирифт. Ҳамин тавр, ҷиноят ошкор шуд ва нисбати ин бародари хоҳаркӯш ҳукм баромад ва ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Натиҷаи рафтори бади хоҳар ҳамин шуд, ки бародар аз ширинии ҳаёт баҳра набарад. Ин таҷриба собит сохт, ки роҳи мубориза бо фаҳш чунин нест. Беҳтараш аз хурдӣ духтаронро тарбия додан лозим. Агар оила мустаҳкам набошад, метавонад дар муддати кутоҳ пароканда ва ба чунин гирдобҳо ғарқ шавад. Оилаи солим ҷомеаи солим гуфтаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)