Бахшҳо
13 мар 2015 10:10Ҳуқуқи инсон

Чаро танфурӯшон ҳиҷоб мепӯшанд?

Ганҷинаи ГАНҶ

Рафоат Рабиева (номи хонаводагиаш иваз шудааст), ки баъди пахши намоиши боздошти гурӯҳи фоҳишаҳои ҳиҷобдор дар телевизиони давлатӣ дигар ба “кор” намебарояд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳиҷоб дар зеҳни мардҳои тоҷик таъсир дорад.


“Ҳиҷоб мардҳоро нисбати фоҳишаҳо саховатманд ва меҳрубонтар мекунанд. Агар шумо дар тан мини-юбка дошта бошед, 10 бор лату кӯб мешавед ва тани шумо ройгон истифода мешавад. Ман барои ҳамин ҳиҷоб мепӯшам,”- мегӯяд Рафоат Рабиева.

Ин зан, ки ҳиҷобро барои худ ҳамчун “сипар” аз ҳар гуна тааррузҳо қарор додааст, мегӯяд, ин кори ӯ ба ҳеҷ сурат, бозӣ бо эҳсоси занони ҳиҷобпӯш ваё бо ҳадафи бадном кардани онҳо нест: “Одамон мегӯянд гӯё мо бо ин либосу корамон ба эҳсоси занҳои ҳиҷобпӯш бозӣ мекунем. Не, ин тавр нест. Агар гап сари бозӣ кардан бо эҳсоси касе равад пас агар мини- юбка ҳам пӯшем, дар иззати занҳои юбкапӯш мерасем. Дар ҷомеа занҳои юбкапӯш ҳам кам нестанд, ки хеле бо иффатанд.”

Ахиран дар пайи як рейди кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар аз даҳ зани танфурӯш боздошт шуд, ки ҳамагӣ либоси исломиро ҳамчун “униформа” ва ё либоси “корӣ” истифода мекарданд. Ҳиҷоб ва сатр, тавре ба назар мерасад, як навъ “ҳиллаи маркетинг” аст, ки занҳои танфурӯш барои бозоргир шудани худ аз он истифода мекунанд.

Қаҳрамони мо Рафоат Рабиева 24 сол дорад ва ӯ 6 сол пеш аз як ноҳияи наздики пойтахт ҳамроҳ бо духтари тағояш ба Душанбе омад. Духтарҳо, ки аслан барои таҳсил омада буданд, баъди чанде худро дар бозори танфурӯшҳо дарёфтанд.

Онҳо ҳоло дар маҳаллаи “Маяковский” хонаи иҷора доранд. Ҳамсояҳо ин дуро духтарони боиффату имон мешуморанд ва ҳатто намедонанд, ки инҳо шабона куҷо мераванд ва саҳар аз куҷо бармегарданд?

Қиссаи ин ду фоҳишаи ҷавон аз сарнавишти фоҳишаҳои дигар чандон тафовут надорад. Падари Рафоат муҳоҷири меҳнатӣ буд ва модараш фарроши мактаб. Рафоат пас аз хатми соли аввали коллеҷи тиббӣ дар шаври душанбе аз имтиҳонҳо қарздор шуд ва дигар ба мактаб нарафт.

Ӯро боре духтари тағояш ба маркази дилхушӣ бурд ва бо мардҳое ошно кард. Бо ҳамин таҷрибаи танфурӯшии ӯ сар шуд. Рафоат чаҳор соли пеш дар ҳоле ба либоси исломӣ рӯ овард, ки бо домани кутоҳи аврпуоӣ пайваста таҳқир мешунид ва ҳатто зарбу лат мехурд.

Рафоат, ба гуфтаи худаш, дар як шаб на камтар аз 100 доллари амрикоӣ ба даст меорад ва ба ду хоҳару як додараш, ки вобастаи пули падари муҳоҷираш будаанд, сару либос ва ҷиҳози зарурӣ мехарад. Рафоат намедонад, ки чанд соли дигар танфурӯшӣ хоҳад кард. Падараш аз ин шуғли ӯ хабар надорад, модараш ба ӯ машкук шудааст ва гоҳ гоҳ ҳушдораш медиҳад, ки “пояшро каҷ нагузорад.”

Рафоат, ки рӯзи 11 март бо мо дар манзили иҷорааш сӯҳбат мекард, гуфт, ки баъди рейди густардаи Вазорати дохилии Тоҷикистон дар се-чаҳор моҳи пеш кор мисли солҳои пеш осон нест. Фоҳишахонаҳо баста ва фоҳишаҳо борҳо ҷарима шудаанд. Ӯ афзуд: “Ҳозир рейдҳо зиёд мешаванд. Агар клиентро ба хона биёрем ҳамсояҳо фоҳишахона ташкил кардед гуфта хабар медиҳанд. Барои ҳамин вақте дидем ҳама ором шуд худамон ба кӯча мебароем ва субҳ ношуда боз гашта хона меоем.”

Ман аз Рафоат пурсидам, ки оё шинохти як фоҳишаи ҳиҷобпӯш аз як духари ҳиҷоппӯши покдоман осон аст ё мушкил ва чӣ тавр муштариҳо Рафоатро аз ҳиҷобпӯшҳои дигар фарқ мекунанд? Рафоат гуфт, “вақте мардҳо мошинро наздамон манъ мекунанду “апа ё хоҳар куҷо меравед? Биёед, бараматон,” мегӯянд, агар бинем одами мазҳабӣ ё хеле ҳассос ба назар нарасад, дар мошин мешинем ва дар роҳ маслиҳат мекунем. Агар маслиҳатамон пухт, меравем. Агар не, аз мошин мефароранд.” Ӯ гуфт, ки аллакай доираи муштариёни худро дорад ва бо телефон аз онҳо даъват мегирад.

Мақомоти Тоҷикистон, ки ба пӯшишҳои мазҳабӣ ва умуман мазҳабӣ шудани ислом ҳассосият доранд, сӯиистифода аз ислом ва тарғиби либосҳои исломиро бар зарари ҷомеъаи дунявӣ мешуморанд. Боздошти беш аз 10 фоҳиша бо либоси мазҳабӣ эҳтимолан бахши барномаи дур кардани мардум аз либосҳои “арабӣ” аст.

Мақоот ҳамчунин муборизаи густардеро алацҳи танфурӯшӣ ба роҳ монда дар ним соли ахир беш аз 500 зани танфурӯшро боздошт ва ҷирама кардаанд. Аммо қаҳрамони Рафоат аз ин чандон нигарон нест. Ӯ мегӯяд: “Ду полковники ҷӯра дорам, ҳамонҳо ду-се бор халосам карданд, медонам ки боз кӯмак мекунанд.”

Бархе аз шаҳрвандон бо ишора ба вуҷуди фасодкорӣ дар ниҳодҳои ҳифзи тартибот ба талошҳои мақомоти кишвар барои бунёди “ҷомеаи орӣ аз фаҳш” хушбин нестанд.

Хуршедшоҳ Толибов, як ронандаи таксӣ, ки 53 сол дорад, мегӯяд, 17 сол боз дар Душанбе шабона кор мекунад. Ӯ мегӯяд, аз ҳисоби фоҳишаҳо муштариҳои зиёд дошт ва борҳо онҳоро аз ҷое ба ҷое бурдааст. Ба гуфтаи Толибов, агар як соли охирро ба ду соли пеш муқоиса кунем дар кӯчаҳои Душанбе фоҳишаҳо хело камтар ба назар маерасанд. Аммо, мегӯяд Толибов, ин ин маъное нест, ки онҳо воқеан кам шудаанд, балки танҳо шеваи кори худро дигар кардаанд: “Онҳо заказро аз хона қабул мекунанд ва одамҳои махсуси худро доранд, ки ба ҷойи даркорӣ мебарандашон. Ҳатто баъзеяш мошини шахсӣ ё ронанда доранд.“

Тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар соли гузашта ва танҳо дар шаҳри Душанбе 400 фоҳиша ва 275 фоҳишахона ошкор шуда, аз ҳисоби ҷаримаи онҳо ба буҷа 25 600 сомонӣ ворид шудааст.

Қонунҳои Тоҷикистон барои танфурӯшӣ аз 400 то 800 сомонӣ ҷарима муҷозотро пешбинӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳоле ки бисёриҳо дар ин кишвар аз пешниҳоди сахттар кардани муҷозоти танфурӯшон пуштибонӣ мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)