Бахшҳо
01 дек 2014 11:12Ҳуқуқи инсон

Ҷавонони тоҷикро чӣ ба ҷангҳои хориҷӣ мебарад?

А. ЗАРИФӢ

Ҳузури ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ аз доғтарин мавзӯъҳои рӯз аст. Коршиносон мегӯянд, бояд ҳарчи зудтар роҳҳои ҷилавгирӣ аз рафтани ҷавонон ба кишварҳои Ховари Миёна ба манзури иштирок дар ҷангҳо муайян карда шавад. Дар акси ҳол ба қавли онҳо ин раванд шиддат мегирад, ки паёмадҳои нохуше дар пай дорад.

Мақомоти расмӣ теъдоди ҷавонони тоҷик танҳо дар Сурияро 300 нафар мегӯянд, ки то имрӯз аз кушта шудани дасти кам 50 тани онҳо гузориш шудааст. Сурия, Ироқ ва Либия аз кишварҳоеанд, ки ҷавонони тоҷик бештар онҷо ба ҷанг мераванд. Охирин нафаре, ки хабари марги ӯ расид, Василов Дилшод Юревич, мулаққаб ба “Иброҳим”, як сокинони Кӯлоби вилояти Хатлон аст. Онҳое, ки Дилшодро мешиносанд, гуфтаанд, ӯ то Сурия рафтанаш, дар Ростови лаби Дони Русия ба сар мебурд. Қабл аз ин сафар ду писарашро, ки аз зани русаш будааст, ба Тоҷикистон оварда, хатна мекунаду бо падару модараш худоҳофизӣ менамояд.

Зимнан, бархе мақомоти қудратии кишвар ҳам мегӯянд, бештари ҷавонони тоҷик аз тариқи Русия ба ин кишварҳо сафар кардаанд. Бародарон Файзиддин ва Сангак Қосимовҳо, сокини ноҳияи Фархор, ки дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд, низ аз Русия ба ин кишвари Ховари Миёна рафтаанд. Хабари ҳалокати Сангак моҳи июл ва аз Файзиддин нимаҳои моҳи ноябр расида буд. Сайфиддин Қосимов, падари ин ду ҷавон ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, “онҳо дар Русия кор мекарданд, аммо баъди моҳи май дигар бо онҳо сӯҳбат карда натавонистам”.

Акрам Амонов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 21 ноябр аснои суханронӣ дар парлумони кишвар гуфт, “дар масҷиди "Проспект мира" (Русия-муаллиф) ҷавонон ҷамъ шуда ва аз онҷо ба Сурия фиристода мешаванд”. Аммо ин суханҳо зуд бо вокуниши шадиди Шӯрои муфтиёти Русия ва Идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав рӯбарӯ шуд. Ин ду ниҳод 26 ноябр бо нашрия як изҳороти расмӣ вуҷуд доштани нуқтаҳои ҷалби ҷангиён барои интиқол ба Сурияро дар масоҷиди Маскав қатъиян рад карданд. “Гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат, гузашта аз он, ташкили нуқтаҳои ҷалби афрод дар масҷидҳо қатъиян манъ буда, бо ҳар роҳу васила пешгирӣ карда мешаванд. Баръакс, имомҳои масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз равияҳои тундгароёна ва таҳкими арзишҳои хлоқиву рӯҳонии мбанӣ бар аслҳои суннатии Ислом пайваста мавъизаҳову нишастҳо барпо карда, ҳаррӯза ба намозгузорон барои ҳалли масоиле, ки пеш меоянд, кумаки фаврӣ мерасонанд”,-гуфта мешавад дар изҳорот.

Кадом омилҳо ҷавононро ба кишварҳои хориҷӣ мебаранд? Ҷавоб ба ин суол мухталиф аст, аммо бесаводӣ, “фанатизм”, “пули бедарди миён”, баҳсҳои мазҳабиву огоҳии комил надоштан аз Ислом, вазъи бади зиндагӣ, бекориву фақр аз сабабҳои аслӣ гуфта мешавад. Неъматуллоҳи Акбар, як ҷавони худшинос - Худношиносӣ, худбохтагӣ, худобехабарӣ, роҳгумзадагӣ ва ҷаҳолати фитриро аз омилҳои аслӣ медонад. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар як ҳамоиш далелҳои аслии онро “дур мондан аз мактаб” ва “мушкилоти иқтисодӣ” гуфт. Аммо Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ ба хабаргузории “Озодагон” далели асосии афзоиши ифротгароӣ миёни ҷавононро “кам будани заминаи динию фарҳангии онҳо” хонда, гуфтааст, “захираи илмӣ надоранд ва аз ин сабаб ҳақиқатро аз хурофот ташхис дода наметавонанд”. Ба қавли ӯ, “ҷавонони моро ба саффи гуруҳҳои ифротӣ бештар маблағи бедарди миён ва таассуроти ақидаи ғайримазҳабӣ мебарад”.

Аммо барои ҷилавгирӣ аз афзоиши ин падидаи номатлуб чӣ бояд кард? Сайидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд: “Роҳи пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо танҳо вазифаи имом-хатибон нест, балки ҳар касе ақли солим дорад, набояд дар ин самт бетараф бошад. Аммо имом-хатибон ҳамин қадар тавоноӣ доранд, ки дар рӯзҳои ҷумъа аз минбарҳои масоҷид зарарҳо ва оқибатҳои бади онро баён намоянд. Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон дар ҳар ҷаласаи худ ба имом-хатибон ва имомони масоҷиди панҷвақта тавсия медиҳад, ки дар суханрониҳои худ ҷавононро ба пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ тарғиб намоянд. Дар ин маврид Раёсати фатвои Маркази исломӣ низ фатво содир намудааст”.

Атохон Ғаниев як хабарнигори тоҷик ахиран пешниҳод кард, дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва олии Тоҷикистон дарсҳои “Асосҳои Ислом” роҳандозӣ шавад. “Барои он ки мушкили пайдо кардани маблағ, мутахассисони соҳибтаҷриба, ба ҳар тамоюл гардонидани дарсҳо пайдо нашавад, дарси "Асосҳои Ислом"-ро бо усули интерактивӣ-видеоӣ ташкил карда шавад. Яъне, бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва донишманди Маркази исломӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва гимназияи Донишкадаи исломӣ дарсҳо дар ҳудуди 45 дақиқа ба шакли видео сабт гардад. Дарсҳоро метавон дар яке аз синфхонаҳои гимназияи Донишкадаи исломӣ бо иштироки хонандагони ин муассисаи таълимӣ гузаронид. Таърихи Ислом, пешвоёни он, ақида ва риояи маросимҳои динӣ- мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ, метавонад аз мавзӯъҳои дарсҳо бошад. Вале вақти таҳияи барномаи таълимӣ барои дарсҳо ба ҳисоб гирифтани синну соли хонандагони мактабҳо таъсири дарсҳоро афзунтар хоҳад кард. Ҳар як дарс пас аз гузаштани ташхиси давлатии диншиносӣ, дар DVD-дискҳо сабт ва нусхабардорӣ шуда, аз ҷониби Вазорати маориф паҳн гардад. Ва дар навбати худ дар мактабҳо ҳафтае як ё ду маротиба дарсҳои "Асосҳои Ислом" метавонад ҷорӣ карда шавад. Тарзи ташкили ин дарс душвор набуда, балки роҳбари ҳар синф метавонад масъули ташкили ин дарсҳо бошад. Фақат як синфхонаи муайянро бо таҷҳизоти махсус барои пахши ин дарсҳо муҷаҳҳаз сохтан лозим меояд”,-омадааст дар шарҳи пешниҳоди ӯ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)