Бахшҳо
21 мар 2015 12:32Ҳуқуқи инсон

«Занамро танҳо духтури ҷинси зан бояд муоина кунад!»

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Чунин аст даъвои баъзе мардони рустоӣ, ки ҳамсари бемори худро ба марказҳои саломатии маҳаллӣ барои табобат мебаранд. Дар ҳоле ки дар вилояти Хатлон духтурони бемориҳои занона бисёр команд, сабаби истиҳолаи баъзе занҳои бемор дар деҳотҷой аз муроҷиат кардан ба духтурони ҷинси мард чист ва мушкили норасоии духтурони момодояро чӣ тавр мешавад ҳал кард?


Ибрат аз сарнавишти талхи Оиша

Аз замоне, ки Оиша (исмаш тағйир дода шудааст), ҷавондухтари 20-солаи гирифтори бемории домана, бар асари саривақт муроҷиат накарданаш ба духтур, реҳлат кард, чанд сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз падараш худро бахшида наметавонад. Вай худро дар марги Оиша гунаҳкор медонад, чун монеи муроҷиати ӯ ба духтур шуда буд. Азбаски Оиша аз хонаводаи рӯҳониён буд, падар ба ӯ иҷоза надод, то барои муоина ба ягона духтури …ҷинси мард, ки дар дармонгоҳи деҳа кор мекард, муроҷиат кунад.

- Фикр мекардам, ки вай бадани духтарамро муоина мекунад ва шояд дасташ расад, - бо таассуф ба ёд меорад падар. - Аз ин рӯ иҷоза надодам ва гуфтам, ки дар хона муолиҷа мегирад. Кӯтоҳақлӣ кардему гулдухтарамонро аз даст додем…

Мутаассифона, дармонгоҳҳои вилояти Хатлон, хусусан муассисаҳои тиббии деҳотҷой бо мушкили норасоии пизишкони ҳирфаии бемориҳои занона ва дар маҷмӯъ духтурони зан рӯ ба рӯ ҳастанд. Танҳо аз духтурони гинеколог дар вилоят наздики 50 нафар намерасанд.

«Баъзе шавҳарон ба зан иҷоза намедиҳанд, ки ба духтури мард муроҷеъ шавад…»

Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо изҳори таассуфу нигаронӣ мегӯянд, ки гоҳе худи занон ва гоҳе шавҳаронашон иҷоза намедиҳанд, ки духтури мард занони беморро муоина кунад. Ва ин мушкил ба тамоюле мубаддал шудааст, ки ба иддаои таҳлилгарон, пайомадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт.

Сангаҳмад, як сокини ноҳияи Қумсангир, намехоҳад, ки ҳамсараш аз хизмати пизишкони мард истифода кунанд, зеро хонаводааш пойбанди арзишҳои мазҳабианд. Ба иддаои ӯ, даст расондани марди номаҳрам ба бадани зане, бигзор агар, ки духтур бошад, хилофи фармудаҳои ислом аст.

- Дар ноҳияи мо ҳақиқатан табиби занона, терапевту ҷарроҳи зан намерасад, - мегӯяд ӯ. - Занони мо бемор шаванд, ба беморхона мебарем, аммо он ҷо духтурони ҷинси зан нестанд, ки муоина кунанд.

Сангаҳмад барои муолиҷаи ҳамсараш ба дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе, он ҷо ки шумораи пизишкони ҷинси зан бештар аст, муроҷиат мекунад, аммо сафар ба пойтахт ва табобат дар шифохонаҳои пулакӣ барои ӯ сермасраф анҷом мешудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Саидисмоил Сатторзода, рӯҳонии саршинос, бо такя ба ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат мегӯяд, дар ҳолати зарурат, агар хавф ба ҷони зан бошад (яъне агар оҷилан ҷарроҳӣ накунанд, хавфи маргаш аст), вақте ки духтури зан нест, ба пизишки мард муроҷиат кардан мумкин аст…

Дар ноҳияи Қумсангир 8 пизишки момодоя ва як терапевти зан сари кор будаанд, аммо ҷарроҳ ва дигар пизишкони ҷинси зан дар муассисаҳои тиббии ин ноҳия кор намекунанд.

Холмаҳмад Раҳмонов, раиси собиқи ноҳияи Қумсангир, дар суҳбате бо мо гуфта буд, ки ҳукумати маҳаллӣ барои ҷалби пизишкон аз манотиқи дигари Тоҷикистон ваъдаи тақдими қитъаи замин ва мусоидат ба сохтмони манзили зистро додаст. Вай афзуд, ки тайи 20 соли охир ба сабаби норасоии пизишкон дар ин ноҳия шумораи қобили мулоҳизаи бонувони рустоӣ комилан аз хизматрасонии тиббӣ бебаҳра мондаанд.

- Дар рустоҳо мо бунгоҳҳои тиббӣ сохтем, то ки занон зери назари табибон бошанд ва ба хизматрасонии тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд, - гуфт Х. Раҳмонов. - Мутаассифона, ҳанӯз ҳам қисмате аз занони рустоӣ аз назорати духтурони касбӣ дур мондаанд.

«Табиб бояд мутахассиси хуб бошад. Зан ё мард – аҳамият надорад…»

Дар ҳамин ҳол, Маъмурҷон Мадмӯсоев, ҷарроҳ ва духтури ташхиси ултрасадои беморхонаи марказии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки беморон пеш аз ҳама кӯшиш мекунанд, ки ба мутахассиси хуби соҳаи тиб муроҷиат кунанд ва ҷинсияти табибон барояшон аҳамияти зиёд надорад.

- Аммо гоҳ-гоҳе агар занҳои ҷавон ҳамроҳ бо шавҳаронашон ба назди мо оянд, аз муоина истиҳола мекунанд, - афзуд М. Мадмӯсоев. - Муҳим ин аст, ки онҳо шояд баъдан дарк мекунанд, ки духтур танҳо рисолати худро анҷом медиҳад ва ҳеҷ гоҳ бо чашми бад ба бемор нигоҳ намекунад. Воқеан, ҳоло қариб 80 дарсади муроҷиаткунандаҳои мо занонанд ва онҳо аз ин истиҳола намекунанд. Танҳо дар мавридҳои ҷузъӣ, аҳён-аҳён чунин мешавад, ки шояд аз сабукфикриашон бошад ё мазҳабгароии шадид мардҳо ба хонумҳои худ муроҷиат ба духтури мардро иҷоза намедиҳанд.

Нигина Убайдуллоева, роҳбари Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон, низ мегӯяд, ки азбаски дар баъзе навоҳии дурдаст духтурони ҷинси зан намерасанд, занҳо шояд аз рӯйи шарми шарқиёна ба пизишкони мард муроҷиат намекунанд.

- Воқеан мо ҳам эҳсос кардем, ки занҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистоние мисли Ховалинг, Шӯрообод, Балҷувон то ҷое аз мадди назари духтурон дур монда метавонанд, - афзуд Н. Убайдуллоева. - Норасоии духтурони касбӣ, масофаи дур то бемористон, шароиташон начандон хуби иҷтимоӣ ҳам сабаби муроҷиати ками занон ба шифохонаҳо мебошад. Менталитет, ақидаи куҳнагароӣ, низ сабаби истиҳола кардани занон аз муроҷиат ба духтурони мард аст. Баъзан шавҳароне, ки руҳониянд, намемонанд, ки ҳамсаронашон барои муоина ба пеши духтурони мард раванд. Аммо бояд донист, ки саривақт табобат нагирифтан сабаби оризаҳо (осложнение) мешавад.

Ба гуфтаи Н. Убайдуллоева, бояд квотаҳои президентии таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасту кӯҳистонӣ бештар карда шавад, то онҳо баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳҳояшон баргашта, ба мардум хизмат расонанд.

«Занон шарм медоранд…» ё чаро духтур намерасад?

Ба иттилои Муқаддас Сатторова, мутахассиси Раёсати кор бо занони вилояти Хатлон, бо таваҷҷуҳ ба норасоии духтурони момодоя дар навоҳии дурдаст, бо ибтикори ниҳоди мазкур ва ҳамдастии Раёсати тандурустии вилоят чанде пеш машварати сайёри духтурони касбии момодоя барои бонувони рустоҳои кӯҳистонӣ ташкил дода шуд.

- Дар ҳақиқат занони мо аз рӯйи шарму ҳаё ва имкониятҳои начандони хуби иҷтимоияшон ба духтурони мард камтар муроҷиат мекунанд, - идома дод М. Сатторова. - Аз ин рӯ, мо бо як қатор духтурони саратоншинос, бемориҳои занона ва пизишкони ташхиси ултрасадо ҳар вақт ба ноҳияҳои дурдаст сафар карда, барои муоинаи ройгони садҳо зан шароит фароҳам меорем.

Ба қавли мусоҳиби мо, дар баъзе ноҳияҳо духтурони занона намерасанд. Масалан, дар мавзеи сернуфуси Шугнов дар ноҳияи Ховалинг аппарати УЗИ (ташхиси ултрасадо) ҳаст, аммо духтур нест.
- Мо духтур кофтем, наёфтем, - идома дод М. Сатторова. - Сокинони маҳаллӣ хоҳиш карданд, ки агар духтур биояд, хона медиҳем, маоши хуб муҳайё мекунем, аммо наёфтем. Дар ноҳияи Носири Хусрав ҳам чунин мушкил ҳаст. 1-2 духтур буд, аммо аз сабаби набудани шароити ҷойи зист, тарки кори худ кардаанд.

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба проблемаи мазкур ва бо дарназардошти хоҳишу талаби сершумори занон аз минтақаҳои дурдаст тасмим гирифтааст, ки ҳар сол чунин муоинаҳои сайёри духтурони занонаро дар навоҳии кӯҳистонӣ барпо намояд.

«Солҳои наздик ин мушкил комилан ҳал мешавад»

Дар ҳамин ҳол, ба иддаои масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, мушкили норасоии пизишкони бемориҳои занона дар минтақа нигаронкунанда нест.

- Ҳоло дар вилоят беш аз 250 нафар духтури момодоя кор мекунанд, ки ин шумораи кам нест, - зикр кард манбаъ дар ин раёсат. - Аммо муассисаҳои тиббии мо боз ба 47 пизишки дигари бемориҳои занона ниёз доранд. Худо хоҳад, солҳои наздик ин мушкил комилан ҳал мешавад.

Бо ҳадафи рафъи мушкили норасоии пизишкон, мақомоти маҳаллӣ як барномаи нави давлатиро барои то соли 2016-ум қабул кардааст, ки бар асоси он, ҷиҳати ҷалби мутахассисони ҷавон силсилаи тадбирҳои ҳавасмандсозӣ анҷом хоҳад шуд.

- Мо аз мақомоти маҳаллӣ мехоҳем, ки кадрҳои ҷавоне, ки ба ноҳияашон мераванд, дастгирӣ кунанд, - зикр кард Матлуба Шоназарова, муовини сардори раёсати тандурустии Хатлон. - Зеро нигоҳ доштани мутахассиси хуб дар ноҳияҳо бо маоши паст хеле мушкил аст…

Ҳақмузди нокофӣ, набуди шароити корӣ ва фанноварии муосири табобат дар бемористонҳои навоҳии вилояти Хатлон дар аксари маврид сабаби фирори пизишкони ҳирфаӣ ва худдории пизишкони ҷавон аз кор дар чунин муассисаҳои музофотӣ унвон мешавад.

Чаро пизишкон аз кор дар музофот парҳез мекунанд?

Муҳаммади Холиқ, пизишки ҷавоне, ки ҳоло дар як дармонгоҳи шаҳри Душанбе кор мекунад, мегӯяд, азбаски дар музофот шароити дурусти кору зиндагӣ ва карйерасозӣ барояш муҳайё набуд, вай ба зодгоҳаш - шаҳри Қӯрғонтеппа бар нагаштааст.

- Яке аз факторҳои муҳим камии маош аст, - афзуд ӯ. - Дигараш ин, ки мутахассиси ҷавоне, ки ба музофот рафт, таҷрибаи кофӣ надорад, устоди қавии амалӣ надорад, ки ба ӯ роҳи дурусти корро нишон диҳад. Барои ҳамин пизишкони ҷавон фикр мекунанд, ки агар ба музофот бираванд, имкони рушди донишу таҷрибааш маҳдуд мешавад, дигар ба марказ ба кор рафта наметавонад ё кори илмӣ анҷом доданаш мушкил мешавад. Таъминоти техникаи тиббӣ дар қишлоқҷойҳо ҳам сабаби асосӣ аст, ки азбаски таҷҳизот намерасад, шароити кор нест, барқ нест, ташхисҳои дуруст анҷом дода намешавад, пизишки ҷавон худашро такмил дода наметавонад. Хуллас, ҳамаи ин проблемаҳои соҳа ҷавононро ба он моил мекунад, ки дар Душанбе монанд…

Як устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, бо ин вуҷуд, ки дар кишвар норасоии шадиди кормандони тиб ба мушоҳида мерасад, ҳамоно ҳукуматҳои маҳаллӣ дар амри ҷалб ва ҳавасмандии пизишкон ба дармонгоҳҳои маҳаллӣ аз тадобири кофӣ кор намегиранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бисёре аз хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ талош мекунанд, ки дар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба кор бираванд, ҳарчанд шумораи пизишкони дармонгоҳҳои пойтахти кишвар ҳоло ба маротиб бештар аз меъёр аст.

Ба ҷойи охирсухан

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон беш аз 50 адад бунгоҳу муассисаҳои тиббӣ таъсис дода шуд, аммо мушкили норасоии кадрҳои пизишкӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ дар миён аст. Тибқи омори расмӣ, 15 дарсади хатмкардаҳои Донишгоҳи тиббӣ ба музофот барои кор дар муассисаҳои тиббӣ ҳозир намешаванд.

Аслан боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ хеле муҳим аст, чунки нигоҳ доштан ё барқарор кардани саломатӣ фақат аз духтурон вобастагӣ надорад, балки бештар вобастаи муҳити зист, вазъи иҷтимоӣ, ирсият, тарзи ҳаёти солим ва дигар омилҳост.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)