Бахшҳо
21 мар 2015 12:32Ҳуқуқи инсон

Чаро зан даст ба ҷиноят мезанад?

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз содир шудани беш аз 300 ҷиноят аз сӯйи занони хатлонӣ дар тӯли соли гузашта хабар дода, ин нишондиҳандаро мояи нигарониҳои мақомоти давлат хондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки даҳҳо тан аз занони даст ба ҷиноятзада ҳанӯз 18 сол ҳам надоштаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки занро ба содир кардани ҷиноят чӣ таҳрик медиҳад? – Мушкилоти зиндагӣ, хушунату зӯроварӣ, ҳаваси зиндагии беҳтар, ноилоҷӣ ё тарбияи нокофӣ?


Мақомоти прокуратура дар шарҳи омилҳои ҷинояткории занон содагии табиӣ, бекорӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, сатҳи пасти донишҳои сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии онҳоро мисол меоранд. Дар миёни ҷиноятҳои занон бештар аз ҳама қаллобӣ ном бурда мешавад. Аммо ҷойи афсӯс ва ташвиш аст, ки занон ҳамчунин дар пайравӣ ё узвияту пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундраве низ муттаҳам дониста мешаванд. Дар мақомоти прокуратура бо такя ба таҳлилҳои худ гуфтанд, ки “дар бисёр маврид, пеш аз ҳама, одамони сатҳи зиндагиашон аз ҷиҳати иқтисодӣ паст ба чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд. Баъзе мисолҳо ва таҳқиқотҳо ҳаст, ки аъзояшонро ҳатто аз ҷиҳати моддӣ ҳам дастгирӣ мекардаанд, ё ба воситаи маблағ ҷалб менамудаанд. Аммо хулосаи мо ин аст, ки ин занҳо шояд саводи кофӣ надоштанд, қобилияти таҳлилу таҳқиқи пурраи ҳамин гурӯҳҳои тундрав ва барномаҳои онҳоро надоранд, шояд то охир дарк намекарданд, ки ин созмонҳо ба амнияти кишвар хатар доранд”.

Таҳлилгари маҳаллӣ дар умури занон Наргис Муродалиева низ ба ин андеша аст, ки камбизоатӣ ва ночорӣ сабаби аслии даст ба ҷиноят задани занон намебошад.«Ҳеҷ вақт, ягон инсон барқасд ҷиноят содир намекунад, то баргашта ба зиндон афтад. Ягон вақт ҳаёти зиндон бо ҳаёти мулкӣ баробар шуда, ё аз озодии инсон боло буда наметавонад. Ин ҷо шояд гап бар сари якчанд нафари алоҳида меравад, ки зиндон барояшон ба ягона макони зиндагӣ табдил ёфтааст. Зани тоҷик пурмашаққаттарин корро анҷом медиҳад, соҳибкорӣ мекунад, фарш мешӯяд, кишоварзӣ мекунад, аммо нангу номусаш иҷоза намедиҳад, ки даст ба содир кардани ҷиноят бизанад. Камбағалтарин оила ҷинояткор нест, ҷиноятро боз ҳамонҳое содир мекунанд, ки вазъи молиявиашон хуб аст», - афзуд Н. Муродалиева.

Аммо як ҷанбаи дигари масъала ҳам ҳаст, ки ба ахлоқ ва тарбият иртибот дорад. Як дӯсти мо, ки корманди милитсия мебошад, гуфт, ки «ба сабаби душвории зиндагӣ бисёр занҳо ба ҳар роҳ мераванд, фирефтаи гурӯҳҳои ҷинояткор мешаванд, дар зиндагӣ роҳгум мезананд. Шояд ба ҳамин хотир даст ба ҷиноят мезананд. Дар чӣ гуна оила ин занҳо калон шудаанд, ин ҳам асар дорад. Ҷиноятро асосан ҳамон занҳое содир мекунанд, ки бо ҳар хел доираҳо ҳамкорӣ мекунанд, ба танфурӯшӣ машғуланд ва ё ба корҳои дурусту мувофиқи меъёрҳои ахлоқӣ сарукор намегиранд».

Дар ҳамин ҳол, коршиноси маҳаллӣ Фотима Ҳалимова мегӯяд, ки агар ҳадафи аслӣ аз зиндонӣ кардани ҷинояткор ислоҳи кору рафтор ва мафкураи ӯ бошад, аммо дар асл маҳбас наметавонад зани маҳбусро ислоҳ ва ба зиндагии шоистаи минбаъда ҳидоят намояд.
- Аслан ба маҳбас кашондани ҷинояткор ҳадафи расондани таъсир ва гирифтани ибрат барои одамонеро ба думбол дорад, ки дар озодӣ ҳастанд, - афзуд Ф. Ҳалимова. - Вале худи он нафаре, ки пушти панҷара равон мегардад, дар аксари маврид ислоҳ намешавад. Вай нафрати мардумро нисбат ба худаш мебинад, ҳис мекунад, ки муносибат ва диди атрофиён ба ӯ холису хайрхоҳона нест. Аз ин рӯ талош намекунад, ки чеҳраи худро хуб нишон диҳад, исбот кунад, ки ислоҳ шудааст. Маҳбусоне, ки натиҷаҳои мусбати ислоҳшавиашонро намебинанд, дигар ба гуноҳи кардаашон пушаймонӣ ҳис намекунанд. Баъзе занҳое, ки ба зиндон бармегарданд, эҳсоси ҷинояткор будан барояшон табиӣ шудааст, онҳо бо ҳамин андеша худро роҳаттар эҳсос мекунанд.

Ба иддаои Ф. Ҳалимова, дуздию тақаллубкорӣ ва нашъаҷаллобӣ, ки кори дасти занон будааст, ба сабаби тангдастии молиявӣ ва надоштани манбаи даромад барои таъмини рӯзгор содир шудааст.
Тамоми ҷомеа бояд сари ин масъала ҷиддан андеша кунад, ки чаро имрӯз дар баробари мафҳумҳои муқаддасе чун «зан – модар», «зан – тарбиятгар», «зан – олиҳаи ҳусн ва намунаи ибрат», «зан – хайрхоҳу мушфиқ», «зан – гулдасту пурҳунар, «зан- созанда ва ободкор... ҳамчунин истифода аз ибораҳои дилхароши «зан – нашъаҷаллоб», «зан – тақаллубкор, «зан – ифротгаро», «зан – қотил, «зан – фарзандфурӯш»… низ маъмулу фаровон шудааст?!
Занҳо ба меҳрубонӣ, оилаи солим, донишу ҳунаромӯзӣ, шуғли муносибу бо ҳақмузди шоиста ҳақ доранд. Агар ин ҳама муҳайё бошад, шояд дар бораи содир шудани ҷинояте аз сӯйи зани тоҷик дигар комилан хабаре нашунавем. Ҳамин тавр не?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)