Бахшҳо

Нигаронии мақомот аз гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротгаро (САДОВУ ВИДЕО)

Ҷамшед МАЪРУФ

Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд бо нигаронӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремисти мухталифи берун аз марзи кишвар, пешниҳод кардааст, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон фаъолияти дастаҷамъона буда, бояд ба танзим дароварда шавад.

ШӮҲРАТ ҚӮЗИБОЕВ ВА ҲАММАСЛАКОНИ Ӯ

Мақомоти пулис дар вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ ҷузъиёти боздошти 11 нафарро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафия” шарҳ дода, изҳор доштанд, ки боздоштшудагон боиси сар задани муноқиша дар масоҷиди шимоли кишвар шудаанд. Акбар Шарифов – масъули Дафтари матуботии РКД дар вилояти Суғд, ба хабаргузории "Озодагон" гуфт, ки раҳбари ин гуруҳ Шӯҳрат Қӯзибоев, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ мебошад, ки пас аз бозгашт ба Тоҷикистон шогирдони худро дар рӯҳияи таълимоти ин ҷараён дарс медодааст: “Шогирдони Шӯҳрат Қӯзибоев сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, мақомот пас аз хабардор шудан аз гирифтани таълимоти динии ин гурӯҳ онҳоро дастгир кардаанд. Инчунин, дар рафти боздошт адабиёти динӣ, аз ҷумла, китобҳои ҷараёни “Салафия», аз онҳо мусодира карда шуд, ки ба ин ҷараён тааллуқ доштанд”.

НАСИҲАТ КАРДАМ, РИШ НАМОН, ШИМИ КӮТОҲ НАПӮШ, АММО...

Ғуфрон Зарифов, падари Шӯҳрат Қӯзибоев дар гузориши ба навор гирифтаи мақомоти пулис мегӯяд, ақидаи фарзандаш баъди таҳсил дар Маккаю Мадинаи Арабистони Саудӣ тағйир ёфта, насиҳатҳояш ба фарзанд натиҷае надоданд: “Насиҳат кардам, риш намон, шими кӯтоҳ напӯш, аммо фоидае надод. Раҳмат ба корманди пулис, ки инро вақташба боздошт карданд. Агар боздошт намекарданд, ояндаи инҳо террористӣ буд”.

Ин гуруҳи 11 нафара, ки гуфта мешавад, бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни "Салафия" ва таблиғи ғояҳои он муттаҳам мешаванд, дар як ҳолати пайванди занҷиравӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохила боздошт шудаанд. Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҳанӯз ҳам идома дорад.



БОЗДОШТИ 52 УЗВИ ГУРуҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР 2 МОҲИ СОЛИ 2015

Генерал Назарзода Шариф Раҳмон – сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, мегӯяд, дар зарфи ду моҳи ахири соли равон дар қаламрави шимоли Тоҷикистон 52 узви гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд. Ӯ ин нуктаро дар конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони “Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот”, ки 16 марти соли равон бо даъвати ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иброз дошт.

Генерал Назарзода Шариф Раҳмон афзуд, ки мувофиқи ахбороти оморӣ, дар давраи 5 соли ахир – солҳои 2010-2014 ва 2 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ, аз сӯйи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 13 гурӯҳи муташаккили ҷиноии дорои раванди террористию экстремистӣ, ки шумори аъзояшон 467 нафарро ташкил медиҳад, муайян ва дастгир карда шудаанд.

Бино ба иттилои ӯ, кормандони ин ниҳод инчунин давоми солҳои 2010 – 66 нафар, 2011 – 73, 2012 – 5, 2013 – 31, 2014 – 84 ва 2 моҳи сипаришудаи соли 2015 – 52, ҷамъ 311 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гуррӯҳҳои мухталифи террористиву ифротӣ боздошт кардаанд: “Аз ҷумла, 177 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, 68 узви ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 31 нафар аъзои ҳизби динӣ-экстремистии “Ҳизб-ут-Таҳрир”, 13 узви равияи динии “Салафия”, 12 тан аъзои ҷамоати “Ҷундуллоҳ” ва 10 узви ҷамоати динӣ-экстремистии “Даъват-ут-таблиғ”, ки дар ҳайати 12 гуруҳи муташаккили ҷиноӣ фаъолият намуда, мақсади содирнамоии ҷиноятҳои вазнини дорои раванди террористию экстремистии таъсири васеи ҷамъиятиро доштанд, муайяну дастгир шуданд ва далелҳои шайъии тасдиқкунандаи харакатҳои ҷинояткоронаи онҳо дарёфту мусодира ва нисбат ба аъзои ин гурӯҳҳои ҷиноӣ бо дастрасии талаботи моддаҳои 187, қисмҳои 1 ва 2, 401 иловаи 1, қисми 1, 347, қисми 2, 307 иловаи 2, 195, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд”.



70%-И ҶАВОНОН ДАР МУҲОҶИРАТ БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО ҶАЛБ ШУДААНД

Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, 58 тан аз Исфара, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 кас аз Бобоҷон Ғафуров, 20 нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 тан аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.

Номбурда гуфт, 153 тан аз дастгиршудагон ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70%-и онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд: "10 нафар аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои муштарак ва нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд".



109 НАФАР ДАР КОФТУКОВИ РАСМӢ, 72 КАС ШАХСИЯТАШОН НОМАЪЛУМ

Ин генерали тоҷик гуфт, амалинамоии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотии гузаронидашуда барои пешгиринамоии 350 ҷинояти вобаста ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, 7 ҷинояти раванди террористӣ – таркишҳо дар иншоотҳои муҳими давлатӣ ва актҳои террористӣ нисбат ба ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, мусоидат намуданд: “109 нафар гумонбар ба узвият дар созмону ҳаракатҳои ифротгаро аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва ҳамчунин 94 нафари онҳо дар ҷустуҷӯи фаврӣ, 18 узви оилаи онҳо бо 34 нафар фарзандонашон дар урдугоҳҳои махсуси гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд. Ба ғайр аз ин, 72 нафар бо ном мегузаранд, ки шахсияташон номаълум боқӣ мондаанд, ки сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғданд”.

Генерал Назарзода Шариф Раҳмон пешниҳод кард, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремистӣ берун аз марзи кишвар фаъолияти дастаҷамъона буда, бояд ба танзим дароварда шавад.

Бино ба иттилои расмӣ, то 1 млн. ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то 2 млн. шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзиашон дар Русия қарор доранд ва ин ҳолат бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик барои ифротӣ шудани сокинони кишвар ангушти иттиҳомашонро сӯйи Маскав мекунанд.

Қаблан, Рамазон Раҳимзода – вазири умури дохилии Тоҷикистон, низ гуфта буд, то кунун 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик ҷойи кории худро на дар Русия, балки ба майдонҳои ҷанг дар Сурия иваз намудаанд.

БО МУҲОҶИРОНИ БАРГАШТА БОЯД РАВОНШИНОСОН КОР КУНАНД

Дар ҳамин ҳол, Ислом Раҳимов – коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, бо муҳоҷирони корие, ки бо далели бӯҳрони иқтисодии Русия аз он кишвар бармегарданду дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд, дар Ватан корҳои равоншиносӣ гузаронида намешавад: “Будан ва набудани пул ҳам боиси харобии асаб мегардад ва касро ба ҳолати изтироб ва риққат меоварад, ки метавонад, ба зиёд шудани ҳар гуна ҷиноятҳо гардад”.

Ин коршинос дар идома афзуд, ки бархеҳо мушкилоти иҷтимоиро бо роҳи зӯр ҳал кардан мехоҳанд, “дар ҳамин ҳолат эҳсос мегардад, ки сатҳи ахлоқӣ ва ҳолати башардӯстии мардум хеле поин рафтааст. Барои паст кардани чунин ҳолат, пеш аз ҳама бояд марказҳои равоншиносӣ таъсис дода шавад ва мутахассисони хуб он ҷо ҷалб шаванд. Дар марҳилаи аввал бояд ақаллан мутахассисони рус ё эронӣ даъват шаванд”.

КАМБУДИ ҶОЙИ КОРИЮ ҚАРЗ МУҲОҶИРОНРО БА ЗАРХАРИДӢ ВОДОР МЕСОЗАД

Аммо коршиноси масоили сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, имрӯз теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, ба душвориҳои зиёд дучор мешаванду на ҳамаашон кор пайдо карда метавонанд: “Онҳо баъзан ба қарз ғӯта мезананд ва шарм мекунанд, ки бидуни маблағ назди оилаашон чӣ гуна баргарданд. Аз ин нуқтаи назар, ба ҳар кор розӣ мешаванд ва гумон дорам, ки ҳатто ба зархаридӣ, аз ҷумла, ба ҷиноят, ҳам розӣ шуданашон аз эҳтимол дур нест. Инчунин, гумон дорам, он нафароне, ки имрӯз дар Сурия меҷанганд, қисман шояд муҳоҷирони меҳнатӣ бошанд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба қарз ғӯта зада бошанду кор пайдо карда натавониста, ё фирефта шуда бошанд ва ба доми ҳар гуна ифротгарон афтода бошанд”.

МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ҶАВОНОНИ РОҲГУМЗАДАРО МЕБАХШАНД, БА ШАРТЕ КИ…

Шариф Қурбонзода – собиқ додситони вилояти Суғд, дар нишасти солонаи ин ниҳод аз ҷавононе, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шуда, пушаймон гаштаанд, даъват карда, гуфта буд, “ҳар нафаре, ки ба аъзогии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил шуда бошаду ихтиёран омада, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намояд ва нишондод диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад”.

Аммо ҷаноби Қурбонзода гуфт, на ҳамаи ин афрод аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд, “зеро қонунгузорӣ шарт гузоштааст, ки агар дар фаъолият ва кирдори содиркардаи ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар набошад”.

8 ПЕШНИҲОДИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК

Генерал Назарзода Шариф Раҳмон мегӯяд, дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ раҳбарияти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд амалинамоии чорабиниҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморад:
1. Бо таҳсили ҳатмӣ фаро гирифтани ҳар як сокини ноболиғ ва ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят, баланд бардоштани сатҳи савод ва маърифатнокиву дониши ҳуқуқии онҳо;
2. Баргузор намудани вохӯриву сӯҳбатҳо ва ба саъми сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят расонидани маълумот оид ба шомилшавии ҷавонон ба аъзогии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ ва оқибатҳои он;
3. Бедор намудани зиракӣ ва ҳушёрии аҳолӣ, пешгиринамоии сабаб ва бартарафнамоии шароитҳои ба шомилшавии шаҳрвандон ба аъзогии ҳизбу ҳаракатҳо мусоидаткунанда;
4. Ҷалб намудани нерӯи ҷомеаи шаҳрванди ва ВАО дар танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ;
5. Ташкил ва гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳои судманд бо толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсею коллеҷҳо, донишкадаҳои олӣ, сокинони минтақаҳои маъмурӣ ва фаҳмонда додани мақсаду мароми равияи динии «Салафия», ҳизби динӣ-экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир», иттиҳоди ҷиноии «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», ҷамоатҳои «Ансоруллоҳ» ва «Ҷундуллоҳ», пешгиринамоии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба аъзогии ин ҳизбу ҳаракатҳо;
6. Муайян намудани сабабу шароитҳои ба шомилшави шаҳрвандон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мусоидаткунанда дар давраи тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ. Андешидан ва амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазир баҳри бартарафнамоии онҳо;
7. Ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ;
8. Омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷа дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм.



ЯК ОМОР БАРОИ АНДЕША

Ин дар ҳолест, ки дар аввали соли хониши 2014-2015 дар вилояти Суғд аз шумори умумии 42 ҳазору 818 нафар хонандагони зинаи 2-уми таҳсил – синфи 9-умро хатмнамуда, ҳамагӣ 36 ҳазору 995 нафар ё 86,4% таҳсилро дар марҳилаи 3-ум (синфи 10), омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва коллеҷҳо идома додаанд. Боқимонда, 5 ҳазору 823 нафар ё 13,5% ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд.
Мӯҳр
мухочир
Ба мардуми гушна насихати бе пул ба ки даркор бехтараш чои кор созед мардуми точик як бор чангро дид агар шумо мачбур кунедам чанг намекунем хотиратон чам бошад

Shahboz
нархи андозу гумрукро ба осмон бардоштен!!! аз сагу пишак (хайвоноти хонаги) андоз мегирен. Аз як мошин ки ба ТЧК ворид мшавад 4 намуд андоз ситонида мешавад: 7% аксиз, 18% фоида 14%гумрук, бо 13% аз зарар.!!! Дар русуми точикон бояд мард 3 дарахт шинонад фарзанд калон кунад ва онхоро хонадор намояд лекин аз дарахт андоз мегирен! аз як замин барои кишт 10-20 намуд андоз мегирен. БЕЗОР КАРДЕН КАТИ ХАМИ андозгиритон. Бад ки дар замин кор мекна? Айни хол вазъият бехад безеб шудааст сатхи чинояткори то 35% меафзояд агар чунин рафтан гирад!!! дар Н. Фархор заминхои обиро майдони футболбози кардаанд то чавонон ба чиноят даст назананд. Лекин дар замин кор намеккунанд аз дасти андози баланди ШУМО. эээээ ВОЙ БАР ХОЛТОН ВОЙ

точик
Бовар кунед 70-80 фоизи хамин айбдоршавандахо УМУМАН гунохе надоранд.Агар мабодо бо ягон салафи хамту сухбат карда бошанд ин милисахо бо шиканчхои сахт ба сарашон гунохи нобударо бор кардаанд.Ними чавонони Исфараро барои пул шуда хамин хел кардаанд.,

Shahboz,
Ин кадар вохима карди, чура! Дар сохаи истифодабарии замин Кодекси андоз як намуди андозро мукаррар кардааст - андоз аз замин. Тамом. Ставкаи ин андозро Хукумати Точикистон бо коэфитсентхои минтакави муайян мекунад. Кишоварз, агар марди мехнати бошад, ягон мушкиле нест. Шояд, дастраси ба кредитхои арзон надошта бошад, ки ин масъалаи дигар аст.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)