Бахшҳо

Панниер: Падари биологии Ислом Каримов тоҷик ё яҳудӣ аст

Брюс Панниер, рӯзноманигори маъруфи Ғарб, ки таҷрибаи кор дар Узбакистонро дорад, бо нашри як матлаб дар бораи шарҳи ҳоли Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, изҳор доштааст, ки падари биологии Каримов тоҷик ё яҳудӣ аст.

Ба навиштаи ин рӯзноманигор маълумот дар бораи ҳувияти Ислом Каримов бисёр камёб мебошад. Ӯ бо ишора ба шарҳи ҳоли расмии Каримов, ки соли 1995 аз торнигорҳои интернетӣ ҳазф шуд, навиштааст, ки Каримов дар хонаводаи камбағал миёни 7 фарзанд шашум буд: “Падараш коргари одӣ ва модараш хонашин буд”.

Панниер менависад, ки бар ин асос, дар торнигорҳои ҳукуматии узбакӣ дар мавриди давраи зиндагии солҳои 1938 -1960-и Ислом Каримов иттилое нест: “Солҳои 1992-1993, замоне, ки ман дар Узбакистон кор мекардам ба ман гуфтанд, ки Каримов дар дар хонаи кӯдакон ба воя расидааст. Падараш Абдуғанӣ буд (ҳади аққал бар асоси санадҳои расмӣ), ки ду сол пеш аз таваллуди Ислом маҳбасӣ мешавад. Падари биологии Каримов бар асоси маълумоти гуногун тоҷик ё яҳудӣ буд”.

Панниер афзудааст, ки замоне, ки Абдуғанӣ Каримов аз маҳбас озод мешавад Исломи сесола ба хонаи кӯдакон супурда мешавад: “Аммо Ҷанги ҷаҳонии дувум оғоз мешавад ва хонаҳои кӯдакони Шӯравӣ пури кӯдак мешаванд. Хонаводаи Ислом иҷборан ӯро боз ба хона меоранд. Ислом бо беодобиву гапногирияш фарқ мекард ва баъди ҷанг дигарбора ба хонаи кӯдакон фиристода мешаваду онҷо то ба балоғат расиданаш мемонад”.

Дар мавриди ин давраи зинадгии Ислом Каримов назарҳо гуногунанд. Яке ӯро донишҷӯйи барҷаста, дигаре ӯро як харбузадузди маъруфи бозорҳои Самарқанд, ки бо хӯйии махсусаш фарқ мекард, мешиносанд.

Соли 1964 бо Наталия Петровна Кучми хонадор мешавад ва баъди таваллуди писар хеле зуд аз ҳам ҷудо мешаванд. Гуфта мешавад, ки писараш Пётр дар вилояти Маскав зиндагӣ мекунад.

Рушди шахсияти Ислом Каримов аз давраи кори ӯ дар Идораи барномарезии давлатии Узбакистон дар соли 1966 оғоз мешавад. Соли 1967 дигарбора хонадор мешавад ва ин бор бо корманди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодии АИ Узбакистон Татяна Акбаровна.

Замони зина ба зина боло рафтан дар мансабҳои умури ҳизби коммунистӣ Ислом Каримов таваҷҷуҳи ду шахсияти таъсиргузор дар Узбакистони вақт – Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Узбакистон Шароф Рашидов ва пешвои қабилаи Самарқанд Исмоил Ҷӯрабековро ба худ ҷалб мекунад.

Вақте Рашидов дар соли 1983 бо ҷурми изофанависӣ дар ҳосили пахта гунаҳкор шуду моҳи октябри ҳамин сол вафот кард, Каримов ба сатҳи вазири молияи кишвараш расида буд. Ҳамин буд, ки соли 1991 вақте Узбакистон истиқлол касб кард Каримов Рашидовро сафед кард.

Ҳомии дигар Ислом Каримов Исмоил Ҷӯрабеков дар ҳодисаи барканории кадрҳои маъруф ба “корҳои пахта” дар Узбакистон эмин монд. Соли 1985 ӯ муовини аввали раиси Шӯрои вазирони Узбакистон таъин шуд.

Соли 1986 Каримов сардори Идораи барномарезии давлатии кишвар шуд ва июни соли 1989 котиби аввали КМ ҲК Узбакистон гардид. 24 марти соли 1990 президенти Узбакистон шуд. Моҳи августи соли 1991 баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ҳам ин мансаби худро нигоҳ дошт.

Бо ҳамроҳии Каримов дар Узбакистони соҳибистиқлол шахсияти Ҷӯрабеков низ рушд кардан гирифт ва ӯ мансабҳои вазири мудофиаи шаҳрвандӣ, кишварзӣ, муовини аввали сарвазирро соҳиб шуд.

Ҷӯрабеков бо ниҳодҳои қудратӣ равобити хуб дошт ва ин имкон дод, ки рақибони сиёсии Каримовро дар солҳои оғози истиқлол аз миён бардорад.
Ҳамчун шахси мавриди эътимоди Каримов ӯ ба як фигураи пасипардагии таъсиргузортарини сиёсати Узбакистон табдил ёфт ва равобити ӯ бо доираҳои олами ҷиноӣ бисёр сару садоҳоеро ба бор оварда буд.

Охири соли 1998 Ҷӯрабековро ба истеъфо равон карданд. Ин замон овозаҳо пайдо шуданд, ки гӯиё Ҷӯрабеков мехостааст ҳукумати Каримовро сарнагун кунад. Моҳи феврали соли 1999 вақте дар Тошканд таркишҳо рух доданд, гуфта мешуд, ки ин таркишҳо кори дасти пешвои қабилаи Самарқанд Ҷӯрабеков мебошад.

Соли 2000-ум Ҷӯрабеков дигарбора ба ҳукумат дар вазифаи муовини сарвазир баргашт ва баъдан ба вазифаи мушовири президент таъин шуд, ки дар ин мансаб то соли 2004, то замони нафақахӯр шудан, кор кард.

Парниер Ислом Каримовро аз тамоми сарварони Осиёи Миёна худкоматар ва аз ҳама золимтар унвон кардааст. Ба назари ӯ Каримов зери назорати шадид як кишвари 31 миллионаро роҳбарӣ мекунад ва ба эҳтимоли зиёд 29 марти соли равон дигарбора ба мақоми роҳбари ин кишвар интихоб мешавад.
Мӯҳр
вакил
президентхои средний азия аз инкубатор баромадаги

Чи тавр падари Ислом 2 сол пеш аз таваллуди писараш махбаси мешавад ва вакте ки озод мешавад Ислом 3 сола буд? Ислом 2 сол дар шиками модараш буд? Ва чи тур дафъатан 3 сола шуд?
Матни маколахои ОЗОДАГОН бисер заиф аст, забони пасти хашин ва кучаги аст. Бисер кудакони 10 сола астанд ки аз ОЗОДАГОН бехтару маънидор менависанд. Навиштахои худро ислох кунед, айб аст ки бо чунин забони кучаву бозор маколахо нашр шавад.

Анушервони Одил

duw
хамикаша медонам аташ точикай...........агар точик намебд то хозира намемондануш.......

Резина дароз кашидиву ки будни падарша нагуфти✂️

Мансури ҳалоҷ
мастона хабар бигзор

Али
Агар дурустараша хохед фахмед аз Шарофат рашидов пурсед, ки духтари хохари раднояш хаст. Падари онхо яхуд буд.

ке
Ин хамааш гапхои кучаги аст, ки журналисти англис аз кучахои Тошканд чамъ намудааст.

хами як кас нестай ки хами хдшона тафтиш кна, ташкил кааагиро. дика кор надорен чи? ята ята ку мера хама а и олам, е ягон кас ба фикрум тахтачувшуда мондания чи?)))))))

Каримов ягон хуни яхуди надорад, солхои пеш ягон мусалмон бо чухуд расидаги намекард , чунки кишлокихои Узбекистон умуман дар Осиеи Миена дин сахтгир буд , имруз бошад мусалмон на танхо ба чухуд балки ба чинихо ва шаманихо издивоч мекунад. агар бошад хам аз руи одоб нест ки як нафарро ин кадар реклама мекунед. У самаркандист, агар хуни чухуди медошт дар ягон симои руяш он маълум мегардид.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)