Бахшҳо

Муовини муфтии Тоҷикистон куштори Фархундаро маҳкум кард

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қатли Фархундаи 27-солаи афғон аз ҷониби тӯдаи мардон дар шаҳри Кобули Афғонистонро ба шиддат маҳкум кард.

Ӯ рӯзи 3 апрел дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа бори дигар аз қазияи ин духтари афғон ёдовар шуда, гуфт, ин амали тӯдаи мардон дар Афғонистон як кори ваҳшиёна буд. Ба гуфтаи домулло Сайид Акбар, Фархунда бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар Кобул дар ҳоле аз сӯи як гуруҳ кушта шудааст, ки як зани порсо ва олима будааст: “Вақте тафтиш кардаанд, Фархунда қуръонсӯзӣ накардааст ва як зани порсо ва олима будаву ибодати Худоро мекардааст”.

Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз сокинони кишвар хост, таҳаммулпазир бошанд ва бидуни доштани иттилои дақиқ аз ҳукм кардан дар ҳаққи якдигар худдорӣ варзанд.

Фархунда, номи як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 20 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд. Вале дар пайи тафтиши ин қазияи пулиси Кобул эълон кард, Фархунда Қуръонро насӯхтааст. Дар робита ба ин қазия 13 маъмури пулис аз вазифаҳои худ барканор шуда, 18 нафар боздошт гардиданд.

Ҷомеаи мадании Афғонистон ба ин амал вокуниши тунд нишон дода, тайи чанд ҳафтаи ахир дар тамоми вилоятҳои ин кишвар роҳпаймоиҳо идома дорад.
Мӯҳр
Муким
Мусулмони хам меъёр доштагист. Наход инсон ин гуна вахши бошад? Худованд халки точикро аз гуна бетартиби нигох дорад.

Акидахои галати мазхабии мо (МУСУЛМОНОН) ба як ФИРЪАВН табдил шудаанд, ки МОРО дар АСОРАТИ ФИКРИИ ХУД гирифтаанд. Дар сари рохи мо (пешоруи мо) дарёи НИЛ аст. Ва як ХАЗРАТИ МУСО лозим аст, ки дасти моро бигираду аз ин дарё гузаронад !!!!! Дар замони хозира ин ХАЗРАТИ МУСО КИ МЕТАВОНАД БОШАД ?
КУРЪОН !!!!! КУРЪОНЕ , КИ БО ДАСТУРИ ЧАНОБИ ОЛИ , ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМЪУРИИ ТОЧИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАХМОН БО ХАРФХОИ ШИНОСО ВА ЗАБОНИ ТОЧИКИИ БА ХАМА ФАХМО БА ТАБЪ РАСИДААСТ !!!!!
Хар яки мо мусулмонон бояд КУРЪОНро хонда амал намоем , на ин ки муллохову нимчамуллохои ифротиро сачдаву гуш кунем !!!!!:?!!!!

хамин аловидин дар роликхои хачвияш мегуяд ки интизом интизом интизом. бояд конун риоя намоем

ин афгонхо мисли украинский майдан рафтор кардиян мисли фашистон, ин хамааш аз окибати аз дини ислом бехабар будан аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)