Сабаби асосии афзоиши нархи сўзишворӣ дар Тоҷикистон ба боҷи содиротии Русия рабт дода мешавад, ки Тоҷикистон сар аз моҳи майи соли гузашта, ба далели аъзо набуданаш дар Иттиҳоди гумрукӣ пардохта истодааст.Димитрий Медведев, президенти Русия, зимни сафараш ба Тоҷикистон, аввалҳои моҳи гузашта изҳор дошта буд, ки то охири соли ҷорӣ ба тарифҳои боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ миёни ин ду кишвар таҷдиди назар хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон бо такя ба ин изҳорот ҳадс мезананд, ки то охири соли ҷорӣ боҷи содиротӣ лағв мешавад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи воломақом аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» изҳор дошт, ки овозаҳои лағви боҷи содиротӣ фаъолнокии соҳибкоронро дар самти воридоти сўзишворӣ коҳиш додаст: «Метарсанд, ки рафта бо пардохти боҷи содиротӣ сўзишворӣ харанду чанде пас Русия ин боҷро лағв намояд ва дар натиҷа онҳо зарар хоҳанд дид». Манбаъ ҳамчунин аз воридкунандагони сўзишвории Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба овозаҳои лағви боҷи содиротӣ бовар накарда, воридоти сўзишвориро коҳиш надиҳанд.
Тибқи иттилои расмӣ моҳҳои охир ҳаҷми бензини расман воридшаванда, ба 50 фоизи талаботи моҳонаи кишвар баробар аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |