Бахшҳо
22 апр 2015 12:41Тоҷикистон / Сиёсат

Президент ба амниятию қудратиҳо: Зарур бошад, эҳтиётиҳоро ҳам сафарбар кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 22 апрел бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ машварати корӣ доир намудааст.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар машварат бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан вазъият дар давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон, масъалаи таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, Эмомалӣ Раҳмон хостори беҳбуди омодагии низомиёни кишвар шуда, таъкид намудааст, ки дар сурати зарурӣ афроди эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳ низ сафарбар шаванд: “Доир ба вазъи таъмини амнияти сарҳади миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳадии кишвар ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз сафи эҳтиётиёни ба ҳайтаи шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дошта ва дигар сохторҳои низомӣ истифода бурда шавад”.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа хамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда барои пурзур намудани мубориза бо он супоришҳои мушаххас дод: “Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба пурзур намудани мубориза бо коррупсия, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст, дода шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гароиши баъзе ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд: “Дар машварат инчунин рафти иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шахрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ ва пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ амри муҳим дониста шуд”.
Мӯҳр
Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ, хакикатан ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳади хамавакт омода бошанд

душанбе
эхтиетихо аз нафаккахои паст хама нафакахуру шахрванди россия шудаанд киро даъват мекунанд

Саид
Рузе мешавад, ки ба фикрам чорта вазифадор мемонад дар Точикистон, дигар хама ба мухочират мераванд. Аз 8 млн. ахоли алоакай 2 млн. дар мухочират мебошад, солхои еаздик боз 2 млн. дигар меравад мумкин. Пас ба ки даркор мешуда бошанд макомоти хифзи хукуку хукуматдорон?

ЧАНОБИ ОЛИ озирин 4 аскарии қӯшунҳои сарҳади дар гарави Толибон мебошанд Яке аз аскарон ба хонаи худ занг зада ба бадару модараш гуфтаст ки ман 45 руз шудаст ки дар шахри Кундуз дар плени Толибхо хастам ва хавотир нашавед

душанбе
эхтиетихо хама шахрвандиии россия

said
chinin siyosat-ho ba norushani mebarad in vatanro!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)