Бахшҳо
27 апр 2015 11:03Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қазоқашро бо пирӯзӣ табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон[/b], раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома [b]Нурсултон Назарбоев[/b]ро барои бори дигар президенти Қазоқистон эълон шуданаш табрик гуфтааст.

Дар ин номаи Раҳмон, ки субҳи 27 апрел дар торнамои расмии раёсатҷумҳури кишвар нашр гардид, навишта шудааст, [b]“мӯҳтарам Нурсултон Абишевич, Басо сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон такроран интихоб шуданатон самимона муборакбод намоям”.[/b]

Эмомалӣ Раҳмон ғолиби интихоботи президентии Қазоқистон эълон шудани ҳамтои қазоқашро ба сиёсатҳои созандаи ӯ рабт дода, гуфтааст[b], “пуштибонии васею бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба манзури шукуфоии кишвар, дар арсаи ҷаҳон бемайлон баланд бардоштани обрӯи он ва беҳбудии халқи он ба тамоми ҷаҳон намоиш дод. Муваффақиятҳое, ки дар ин ҷода ба даст омадаанд, бо номи Шумо зич алоқаманданд”.[/b]

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ибрози қаноатмандӣ карда, ибрози умедворӣ кардааст, минбаъд низ Назарбоев ба рушду густариши ҳамкории байни Душанбеву Остона мусоидат мекунад: [b]“Мо аз ҷониби худ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду давлат ҳамаи чораҳои заруриро мебинем”.[/b]

Комиссияи интихоботи Қазоқистон ахиран эълон кард, Нурсултон Назарбоев дар интихоботи рӯзи якшанбе 97,5 дарсади ороро ба даст овардааст. Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи якшанбе (26 апрел) баргузор шуд ва ба иттилои КИҚ беш аз 95 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй дар он иштирок кардаанд. Дар баробари Назарбоев,[b] Тургун Сиздиқов[/b], раиси Ҳизби коммунистӣ ва [b]Абелгазӣ Кусаинов[/b], раиси Иттиҳодияҳои синфии Қазоқистон довталаби курсии президентӣ буданд. Нурсултон Назарбоев баъд аз суқути Шӯравӣ ва истиқлол ёфтани Қазоқистон дар соли 1991 ин кишварро раҳбарӣ мекунад.

Қарор буд, интихоботи президентии Қазоқистон дар моҳи апрели соли 2016 баргузор шавад, аммо бо далели ба интихоботи парлумонӣ рост омадани он Анҷумани халқи Қазоқистон пешниҳод кард, як сол қабл гузаронда шавад. Баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон таҷрибаи наве нест. Чор соли пеш дар ин кишвар чунин як интихобот баргузор шуд ва КИҚ эълон кард, Назарбоев 95,5 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)