Заминларза Помирро такон дод: Олмониҳо шиддати онро 5,1 балл мегӯянд
Имрӯз, 28 апрел дар қисмати ҷанубу шарқи Тоҷикистон заминларза ба вуқӯъ пайвастааст.
Тавре аз Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, заминларза соати 10:03 ба қайд гирифта шудааст: "Шиддати он дар маркази заминларза, 300 километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 25 километрии шарқи Хоруғ чор баллро ташкил додааст. Тавоноии заминларза дар маркази Ишкошим ва шаҳри Хоруғ ба 3 бал баробар буд".
Дар ҳамин ҳол, Маркази олмонии пажуҳиши Замин мегӯяд, шиддати ин заминҷунбӣ дар маркази он, 90 километрии шарқи Хоруғ ба 5,1 бал аз рӯи ҷадвали Рихтер расидааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба "Озодагон" гуфт, дар пайи заминларзаи имрӯз хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |