Бахшҳо

Бонки миллӣ: 50% саррофиҳои хусусӣ дубора ба фаъолият оғоз карданд

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти саррофиҳои хусусӣ аз сар гирифта мешавад, аммо дар сохторҳои бонкҳои тиҷоратӣ.

Абдуғафор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ҳоло 50 дарсади нуқтаи мубодилаи асъори хусусӣ, ки аз 17 апрел фаъолияташон манъ гардида буд, дар доираи сохторҳои бонкҳои тиҷоратӣ фаъолиятро оғоз кардаанд. Оқои Қурбонов мегӯяд, нуқтаҳои дигари мубодилаи асъор ҳам ҳоло дар пайи гузариш ба ҳайати бонкҳо ҳастанд ва бо бастани шартнома бо бонкҳову муайян намудани механизми корашон фаъолиятро шурӯъ хоҳанд кард: “Дар доираи ҳамин қарори Бонки миллӣ ба чунин нуқтаҳои мубодилаи асъор то якуми июли соли равон муҳлат пешбинӣ шудааст ва то ин вақт онҳо пурра корашонро дар доираи сохтори бонкҳо сар мекунанд. Ин ҳама барои беҳтар гардидани вазъи бозори асъори миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муштариён роҳандозӣ шудааст. Дар доираи сохторҳои бонкҳои тиҷоратӣ низ тақрибан корашон мисли аввала аст, фақат баъзан шартҳоро бояд иҷро кунанд, масалан касе, ки доллар мехарад бояд бақайд гирифта шавад”.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ки бо дастури онҳо бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад. Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор мешаванд, ки ҳар амалиёти фурӯши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Ин қарор дар ҳолест, қи ахиран Бонки миллии Тоҷикистон теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст.
Мӯҳр
Барои чи махз да кишвари мо курби доллар боло мераваду дигар паст намешавад, чаро дар Россия курби рубль то 8 боло рафта буду хозир то 4.8 ро фаромад да кишвари мо не??'
Ин кишвари мо сохиб дорад ё не ???''
Чаро да чашми президент хок мепошед эй гурухи аз хисоби камбагалон пули харом кор кардан...
Барои чи чаноби оли нарх да мо мехезаду дигар намефарояд да хама намуди чизхооо...
Чаро чаноби оли ягон макомотдоро танбех намедихед??
Мо мухочирон мехохем фахмем...илтимос чоп кунед озодагон

Бонки мили барои фоидаи худаш валючикора махкам кард.иёра махкам карду,Худаш доларо 670 кард,боз руз баруз болотар шуда истодаст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)