Бахшҳо

Генерал Раҳимзода: Давлат ба андоз аз ришу сатр ниёз надорад

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи додани иҷозатнома барои ришу сатрро шарҳ дод.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 30 апрел ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Раҳимзода зимни мулоқот бо ҷавонон дар посух ба суоли донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон -- Аслиддин Хушвахтов оид ба хабари иҷозатнома барои мондани риш ва пушидани сатр изҳор доштааст, “ин иҷозатнома, ки гӯиё барои ришу сатр аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуда, қалбакӣ аст ва асоси воқеӣ надорад. Аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мондани риш ягон хел андоз муайян нагардидааст ва давлат ба андози ночиз барои чунин иҷозатнома эҳтиёҷ ҳам надорад”.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот бо ҷавонон Раҳимзода инчунин ба шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна дахл карда, афзудааст, ки сабаби асосии ин раванд аз сатҳи пасти маърифат, надоштани ҷаҳонбинӣ ва донишҳои муосир маншаъ мегирад. “Инсони боақлу заковат ва соҳибмаърифат, ки дорои шуури баланд аст, ҳаргиз даст ба амалҳои номатлуб ва кирдорҳои ҷинояткорона намезанад. Ҷавонон бояд ҳамеша дар пайи омӯзиш ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва илму технологияи муосир саъю кӯшиш намуда, вақти пурқиммати хурро босамар истифода баранд”,-таъкид намудааст вазири умури дохилӣ.
Мӯҳр
Шаҳроми Раҷабзод
Муҳтарам ҷаноби Р Раҳимзода чаро аз озоди сӯхан намезанед..?. Чаро дар давлатҳои демокраси, ки халқаш мусалмонанд бо ришу ҳиҷоб ба мактабҳову донишгоҳҳо мераванд касе аз онҳо кор намегирад шумо аз бо саводиву бо фарҳангиатон танҳо боло дини ислом мубориза мебаред Чаро давлатҳои пешрафт кӯшиш мекунанд ки ба миллати худ озодиву осониҳо биёранд шумо ба миллати худ баръаксашро мекунед?

Мухтарам вазир дуруст кайд кардан, ки сатхи пасти маърифатноки ва бесаводи чавононро ба хар гуруху харакатхои ифротгароёна мебарад. Аммо хуб мешуд чаноби вазир таъкид мекарданд, ки акалан дар солхои наздик чавонон бо чои кор таъмин шуда, таъсиси чойхои нави дар хакикат кори, паст кардани сатхи камбизоати дар чумхури ва дигар омилхое, ки чавононро ба ин роххо мебарад, дар назар дошта шудааст.

Ба Шахром. Чаноби Вазир дуруст мегуянд, бояд илму адаб омухт, ки то сохибмаърифат бигарди, то ки дар дунё миллататро шиносанд. Бо ришу хичоб, мебахшед, дар ягон давлати одаммонанд лозим нестед. Дар бораи демократия мегуи, дар кучо диди ту демократияро, демократия ин як инструменте хаст, ки агар кор ба ба манфиати давлаташ анчом ёбад, яъне дар итоати у боши (падари демократия Америка хаст) значит демократия, агар не бомбаборон аз болои сарат, то нобуд сохтани ё муттахам сохтани хамон кишвар, вот тебе демократия по американский... Озодию ободие, ки имруз дар Точикистони мо хаст, чашми бисёр давлатхо сих мезанад. Барои хамин ба кадри ин нозу неъмат расидан даркору, давлаи Точикона пурзур кардан лозим.

сино
Исломиддин
Номи хуб дориву лекин аз Ислому дин бедараки.

исломиддин, озодию ободи? Чашми бисёр давлатхо сих мезанад? Хандонди лекин, Афанди )))

тамошобини цирк
Тавба факат дар тч млеса сиесати андози давлатро муайян мекардаст.

muhammad
Чаноби вазир чаро як назар ба чумхурии исломии эрон, намекунед ? Чавонои эрони кариб хама ришхои базеб доранд ва дар айни хол бо саводтарин чавонони чахон ба шумор мераванд хамаи ихтирооти нави замонавиро кашф ва истехсол кардаистодаанд. ва хаминтавр хохарони чавони эрони бо хичоби исломиашон хамаи корхои илмиро пеш буодаистодаанд, масалан дар заминаи тибби ба чумхурии имломи нигох кунед, ва дигар....

Сино номи хуб дори, аз ислому дин бохабари, барои хамин тинчию оромиро намехохи. Ба ном бародари Илм аз илму маърифат тамоман дар канор мондааст, тинчию оромии давлат барои у хандаовар будааст, ана очаи Афандихои точик....
Мухаммад бошад, оби дахонаш ба риши эронихои чугитабор рафтааст (мисли попугай таклидкор), аз он бехабар хаст, ки вокеахои солхои 1992 (чанги бародаркуши) аз кучо сар задааст..., хайфи номи бузург

Шербачаи Кулоб
Илтимос бародарон биеед дигар аз суханхои килу коли ки бамаънои ^меган ки гуфтан ки^ бовар намекунему дониш меомузем чунки мо дар 20сол инкадар азобу машаккашида обод намудаем лекин вайронкори барои як ватани бихиштосо 1-мох бас аст барои хамин шукрона кунед кор намуда боз обод созед суханхои бегонагонро гуш надихед.
Чои дигар гуфтанихам ки Хукуматдорони мансабдорхам инсоф карда рухияи мардуми мусалмонро нисбати худ бад насозанд чунки мусалмон содаву тез бовар хаст каме дигар мардумро гуедки ришро гир сатро гир ин маънои теша ба пои худ задан хаст аз ин суханхои сахти хукуматдоронамон истифода бурда мардумамонро мардуми бегона бо худамон чанг меандозан Хукуматдорон бояд сахт андеша намоянд Давлатамон Демократи мебошад на бояд сади рохи сатру хичоб гардем Илтимос Мусалмононро Озор надихед ки токат карда наметавонанд ба хар хол дар тамоми дуне пуркуват тар Мусалмон хаст Макомотхои давлати аз он чумла КГБ МВД Прократура Суд ва Корупсия мисли бесаводони яне командирхои солхои 1992 -1993 бо халк муомила менамоянд Чаноби олли бояд лачоми инхоро кашад Марди Хуби замони мо падари милат Эмомалии Рахмон илтимос бо хабар бош халк аз дасти инхо косаи сабрашон лабрез шудааст. Халк танхо аз Эмомалии Рахмон ризо мебошаду халос дигар аз атрофиенаш безор аст.Шаҳроми Раҷабзод,

Генерал Раҳимзода: Давлат ба андоз аз ришу сатр ниёз надорад, Лекин чайбхои шумо ниёзи бисёр доранд, аз чумла мошинхои 60-70-100 хазор доллара ва хонахои 400-500 хазор доллараи шумо аз кучо аст, магар бо маоши 2000-3000 хазор сомони мешавад чунин касрхо сохт ва чунин мошинхо харид...

исломиддин. кадом ободиву пешрафт.акалан яктоашоро бигу. хайф бар ту

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)