Бахшҳо

Шарики додарарӯси Президент ба 3 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон Бурҳон Абдуллоев, яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯсро барои тайёрӣ ба ҷиноят ва қасди сӯзондани бозор ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба “Озодагон” Ином Абдуллоев, писари Бурҳон Абдуллоев хабар дода, афзуд, аллакай вакили дифоъ аз болои ин қарори додгоҳ шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.

Ҳимоятгари Абдуллоев иддао дорад, ки додгоҳ тамоми далелҳои бегуноҳии зерҳимояашро нодида гирифтааст. Ба иттилои манбаъ Ҳошимҷон Ризвонов, ки ба иттилои мақомот бояд бо дастури Бурҳон Абдуллоев бозорро оташ мезад ба 3 солу 6 моҳ маҳкум шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Бурҳон Абдуллоев 3 солу 9 моҳи зиндон талаб намуда буд. Худи Бурҳон Абдуллоев зимни сухани ниҳоияш дар додгоҳ иттиҳом алайҳи худро сохта унвон карда, изҳор доштааст, он ба кашмакашҳо барои бозори "Ином" бо Муҳибулло Саъдуллоев рабт дорад.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доштанд. Моҳи майи соли гузашта Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, эълон карданд, ки дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.

Аммо моҳи декабри соли 2014 Абдуллоев боздошт шуда, мақомоти умури дохилӣ алайҳи ӯ бо моддаи 32 қисми 3 - тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд.
Мӯҳр
ш Душанбе
ту боки бахс кардестай абача холиам нафахмидай....

Вой бар холи миллати точик!!!!!!

Мухочир
Афсус руз то руз миллатро гулом карда истодаанд

МО ИСРОР НАДОРЕМ, КИ ҲАТМАН ЗАНОН ВА ХОҲАРОНИ МО ПУШИШАШОН СИЁҲ БОШАД ВАЛЕ САВОЛИ МАН ИН АСТ, КИ ОЙ ЗАНОН ВА ХОҲАРОНИ САТРПУШИ МО ДАР КИШВАР ИН ХАҚРО ДОРАНД, КИ ҒАЙР АЗ ЛИБОСИ СИЁҲ ДИГАР РАНГҲОРО МЕТАВОНАНД ПУШАНД?? МУШКИЛИ ХОҲАРОИ МО ДАР ИН АСТ КИ ДАР АСЛИ САТР НА ВОБАСТА АЗ НАВЪИ РАНГИ ОН ГИРИФТОРИ ОЗОРУ АЗИЯТ ҲАСТАНД ЧАРО ??? ДАР ИСЛОМ ДАРОЗ БУДАНИ РИШИ МАРД ОН ҚАДАР ТАЪКИД НАШУДААСТ ВАЛЕ ГУЗОШТАНИ АСЛИ РИШ ТАЪКИД ШУДААСТ ЧАРО ИНРО НАМЕБИНЕД ????

разок
Сайидалӣ,
чи нушиди имруз ки дар бораи сатру хичоб гап мезани вакте ки ин чо гап дар бораи дигар чиз меравад??

Аскар
авало Аллох хаматона хидоят кунад . Агар лойки хидоят бошед....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)