Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруф бо намояндагони фурудгоҳи мазкур мулоқот анҷом дод.
Аз маркази матбуотии ин фурудгоҳ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, ки Баҳриддин Камолидинов, зимни мулоқоташ оид ба сабабҳои қабул шудани қонун дар бораи забони давлатӣ, раванди амалӣ шудани он ва натиҷаҳои бадастомада маълумот додааст. Номбурда қайд намудааст, ки забон бақои миллат аст ва ниёз ба ғамхорӣ, ғанигардонӣ, сайқалдиҳӣ ва риояи меъёрҳои истифодабарӣ дорад. Сарчашмаи манбаъ, хабар дод, ки профессор Камолиддинов дар ин ҳамоиш иброз доштааст, ки халқият ва қавму қабилаҳои зиёде дар таърихи мавҷудияти худ аз забони хеш маҳрум гаштаанд ва чунин хатар ба сари забони тоҷикӣ низ борҳо омадааст: « Бо омадани арабҳо ва қавму қабилаҳои зиёди бодиянишин ва кӯчӣ, хосатан муғулҳо ба забони тоҷикӣ зарбаҳои сахт расидааст. Ҳатто замони ҳокимияти шӯравӣ, ки барои миллати тоҷик давраи хуби инкишофи маданияту санъат ва пешрафти илмӣ ҳисоб мешавад, забони тоҷикӣ зарбаҳои ноаён хӯрдааст. Бо фарорасии айёми бозсозӣ миллати бедори тоҷик тавонист аз забони худ ҳимоят намояд ва сари вақт қонун «Дар бораи забон»-ро қабул намуд» Профессор Баҳриддин Кмаолиддинов дар сӯҳбат бо кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оид ба хизматҳои шоёни бузургони миллати тоҷик -Саидризо Ализода, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ мисолҳои зиёде оварда таъкид намуд, ки барои ҷовидонӣ нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳар як фарди тоҷик бояд кӯшиш намояд, зеро забон бақои миллат аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр