Бахшҳо

Давлат ва авом: Чаро ба ҳам бовар надоранд?

Азизи НАҚИБЗОД

Мардуми оммӣ миёни мафҳумҳои давлат ва ҳукумат фарқ намегузорад. Барояш ҳукумат давлат асту давлат ҳукумат. Тавақуъу хостаҳояш аз давлат ҳам тавақуъ аз ҳукумат аст.

Ҳеч зарурате ҳам нест, ки омиён ба фарқи ин ду мафҳум сарфаҳм раванд. Муҳим ин аст, ки мардум ба ҳукумат эътимод дошта бошаду ҳукумат хостаҳои онҳоро бароварда созад ва ба бовари мардум сазовор гардад. Асоси амнияту осоиш ҳам ҳамин аст.

Замоне, ки Шуравӣ ҳукумат мекард, мардум ба давлат (хонда шавад ҳукумат) эътимод дошт. Ёдам ҳаст, ки ун айём таҳсилдидаҳо мегуфтанд: “Агар 25 сол хушксолӣ ояд давлат иқтидор ва захирае дорад, ки мардумро бо ғизо таъмин намояд”. Ва ба ин гуфтаҳо аксарият бовар доштанд. Дурӯғ буданашро шояд чанд нафар дар сатҳҳои хеле боло медонистанд. Оре, чунин дурӯғҳое ҳам дошт, вале ҳақиқатҳояш низ кам набуд. Воқеиятҳояш ин буд, ки касе гурусна набуд. Бехонаву дар, бе замин, бе ҷои кор, беҳуқуқ, бедониш ва ниҳоят бесоҳиб намемонд. Бахусус таҳсилдидаҳо бекор намемонданд. Дақиқтараш баробар ба ҷойи кор мутахассис омода мешуд.

Агар дар деҳаву ҷамоат арзи касеро намешуниданд ба ноҳия, дар ноҳия гӯшаш намекарданд ба вилояту ҷумҳурӣ даъво мебурд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ мушкилаш ҳал намегардид ба Кремл шикоят мекард. Ва ҳатман мушкилаш ҳал мешуду гунаҳкор ҷазо мегирифт. Он вақт давлат раиятро ҳам омӯзиш медоду ҳам парвариш менамуд ва ҳам табобат мекард. Бо тамоми маъно мехӯронду мепӯшонд. Касе ба ин шак надошт.

Ҳоло ки бистучанд сол аст, мо ҳам давлат бунёд намудаем ва ҳукумат ҳам дорем, оё тавонистаем, ки ниёзҳои мардумро бароварда бошем? Оё медонем ки имрӯз мардум аз мо чӣ тавақуъ доранд? Мо ки мардумро бо кор таъмин намуда натавонистем, ақалан ниҳоде дорем, ки шикояташро гӯш кунад? Магар огаҳ ҳастем, ки то куҷо раият ба давлату ҳукумат эътимод дорад?

Имрӯз ҳам хабари шуми марги як оилаи тоҷик дар Сурия расид. Чунин шумхабарҳо ахиран зиёд ба гӯш мерасанд. Шояд сабаби рӯ ба Ироқу Сурия ниҳодани ҷавонони тоҷик ин аст, ки дигар муҳоҷирати Русия ҳам ниёзҳои мардуми бекормондаи тоҷикро бароварда намесозад? Шояд аз наёфтани роҳи дигар рӯ ба ин роҳи маргу даҳшат пеш гирифтаанд? Оё мо аслан дар ин маврид андеша кардем?

Дар воқеъ, ҳукумат бо ҳар роҳе мегӯяд, ки ба Ироқу Сурия наравед, ин амал хатост. Вале, оё омода аст, ки дар ин баробар роҳе нишон диҳад? Тайёр аст, то бигӯяд, ба ин роҳи хатарзо наравед, ин аст роҳи рӯшану ҳамвор?

Таассуфбарангез аст, лек воқеият аст, ки роҳи дигар нишон намедиҳад.

Фикр намекунед, сабаби роҳи маргро интихоб кардани ҷавонон низ шояд ҳамин набудани эътимод бошад? Эътимод ба давлат ё ба ҳукумат.

Асри XXI, ки дигар асри воқеиятгаройист, эътимоди мардумро намешавад бо насиҳат, хусусан насиҳатҳои шабакаиякумӣ ба даст овард. Барои он ки мардум ба ҳукумат эътимод кунад роҳе ва ё пружае зарур аст, ки мардум онро бубинанд ва таъсирашро дар зиндагияш эҳсос кунад.

Ва ниҳоят ин хонае, ки мо бо номи давлат бунёд ниҳодем, магар ба бозсозӣ ниёз надорад?
Мӯҳр
а
Шиори имруза: худат медониву дави аспат.

ш Душанбе
Мо бояд як чизро фаромуш накунем солхои бемаънии чангхои Шарвандиро , ки солхо 92 -95 ро ...ба чибудему ба кучо расидем ..хазор маротиба шукур ...Рахмат ба Хукеумати хозира ...АММО озоди кам дида мешавад шароит ба чавонон ва халки мехнаткаш кам мушохида мерасад... Мисол як шахри бехатар чаримахои подархаво дида мешавад, 2-ум Донишгохои кишвар бовар кунед маблаги хондан (бутжави)бисиёр дандоншикан ,3- ум чои кории маоши хуб нест, 4-Мухочиратро бо тамоми шароиташро мухайо кардан лозим аст ...Ана хамин камбудихои мо бартараф шавад бовар кунед Точикистони мо дар Чахон чои аввалро ишгол мекунад......

ХЕЛЕ КУТОХ ВА ХЕЛЕ ДАКИК ВА ХЕЛЕ ЧОЛИБ...
БА ОКИЛ ЯК ИШОРА... ВАЛЕ ИН ИШОРА НЕ ИН МАГЗИ ГАП АСТ...
ХУДО ОН МИЛЛАТЕРО САРВАРИ ДОД
КИ ТАКДИРАШ БА ДАСТИ ХЕШ БИНВИШТ
БА ОН МИЛЛАТ НАДОРАД У САРУ КОР
КИ ДЕХКОНАШ БАРОИ ДИГАРОН КИШТ

МЕДОНЕД КИ БАРОИ НАВИШТАНИ ТАКДИРИ ХЕШ БО ДАСТИ ХЕШ ЧИ БАХОЕ БОЯД ПАРДОХТ... АГАР НАМЕДОНЕД ПАС БА ХАМСОЯИ ХЕШ БИНГРАЕД...
АСОСИ ОНРО ИРОДА ВА ГАЙРАТИ МИЛЛАТ ТАШКИЛ МЕДИХАД... ПАС МО ЧУНИН ХИСЛАТХОРО ДОРЕМ??????????

... яъне замона бо ту насозад, ту бо замона бисозу локин бинед-да,
ки аспат аз аспи МАН пештози накунад, ЙО ХУД :"БАРОДАРИ МАН БОШ, АММО АЗ МАН ПАСТТАР" ........ а......

Мастон
Хукумати имрузаи Точикистон ба аморати Бухороро монанд шудааст. Президент амиру хешу табораш вазир. Давлати мероси шудааст Точикистон. Гуё ин оила аз сари кудрат равад, Точикистон бе сохиб мемонад. Аккалан дар 20 соли истикоолият зиндагии мардуми кашшок хуб нашуд. Дар давраи шурави шумораи камбагалон хеле кам буд. Мансабдорон пора намегирифтан. Хозир пора дар чои аввал. Мансабдоре нест, ки пора нагирад. Агар чои бедаромад бошад ягон мансабдор сохиб ннамешавад. Хайфи асри 21, хайфи миллати точики точдор.

Алишер Шурча
Пуф-пуфффф, хамин хам макола шуд? ягон факту далел ва ягон ракам надорад. умумигуии хушку холи.

Аксарияти халк дар кашшокии худ хукумату хукуматдоронро айбдор мекунад, лекин як бор фикр накардаанд ки бо халки камсавод давлатро пешбурда намешавад, махсусан дар ин аср. Гузашт он асрхое ки ба зури номи худро дар таърих мегузошти, ба мисли мугулон кариб тамоми дунёро ишгол карданд. Лекин замони хозира гайр аз илм дигар чизеро талаб намекунад. Мо хелло танбал хастам, агар халки Чопон дар сарзамини мо мебуданд, кайхо метрохои бо суръат, сарватхои таги кухро истифода бурда иктисоди худро пеш мебурданд. Мо натавонистем худамон як гидроэлектростанция созем аз дигарон ёрдам талаб кардем. Хол он ки онхо кайхо аз АЭС-у Генераторхои хавои истифода мебаранд. Айб дар худи мо аст.

нуриддин
Сабабхои асосии руафтода шудани мардум аз хукумат ИН КОНУНХОЕ ХАСТ, КИ РУЗ ТО РУЗ ХУКУКХОИ МАРДУМИ МУСАЛМОНИ ТОЧИКИСТОН МАХДУД ШУДАИСТОДААСТ. БА МИСОЛИ: ДАР ЧОИ КОР НАМОЗ НАХОН, ТО 35 СОЛА ХАЧ НАРАВ, ТО 18СОЛА МАСЧИД НАРАВ, БО САТР Ё ХИЧОБ ба кор ВА БА МАКТАБ НАРАВ, РИШ НАМОН ВА ГАЙРАХО...
ХОЛ ОН, КИ ХАЛКИ ТОЧИКИСТОН АКСАРИЯТАШ МУСАЛМОН АСТ. БАРОИ БОЗ ГАРДОНИДАНИ ЧАВОНОН АЗ ГУРУХХОИ БА ГУФТАИ ХУКУМАТ ТУНДГАРОИ инКОНУНХОИ ЗИДДИ ИСЛОМРО БЕКОР КАРДАН ЛОЗИМ АСТ

Мардум ба давлат ва Хукумат аз пештара дида имруз эътимоди зиёд доранд. Замони Шурави рафт бояд ояндаамонро фирк кард, онхое, ки ба Хукумати худ эътимод надоранд аз чихати паст будани сатхи донишашон мебшад.

кулябец
Ба точик: ту худ бесавод хасти! ЧАХОНБИНИИ ЯК МУХОЧИРИ ОДДИ АЗ ЧАХОНБИНИИ ДИЛХОХ ВАЗИР ВА КОРКУНИ ХУКУМАТ БОЛО ХАСТ!!
Ин аз тачрибаи пурсиши мухочирон ва мукоиса бо баромади вазирон!!

Муътабар
Агар Русия, ки 80%-и тичорати нефти чахонро дар ихтиёр дорад, ниёзхои мухочирони корирро бароварда натавонад, пас Сурияи чангзада чи гуна метавонад ин ниёзхоро барорад? Ру ба Ироку Сурия овардани баъзе аз шахрвандони Точикистон аз гумрохиву камсаводи ва чахонбинии танг доштанашон асту бас! Накибзод ту мохирона гунохро ба гардани давлату хукумат напарто! Ин найрангхоят ба кор намеравад ва мардум хам ба гапхои бедалели ту дигар бовар намекунанд.

Кулябец
Чавоб ба МУЪТАБАР: --- Агар шахрвандони Точикистон чои кор ва зиндагии нагз медоштанд ба Сурия ё Руссия мерафтанд? Шумо ки зиндагиатон тенч хаст, шикаматон сер парвои камбагалро надоред! Тамоми гумрохи аз камбагали ва хичрат аз зиндагии норасо аст!!

точик
Ин гапхо хавоиянд. Чи магар дар Амрикову Аврупо ва дигар кишвархо давлату хукумат нест магар ки аз он чо низ ин гуна гумрохон зиёданд. Оне ки 200 ё 300 нафар дар давлати исломианд пиндоред, ки алаккай худро нобуд сохтаанд.
Хамин давлату хукумат аст, ки мо мисли Сурияву Ирок нашудем ва хамаруза кушиш менамояд ин гумрохонро ба Ватан баргардонад.
Шукр мекунам, ки сохибватанам ва давлату хукумати милли дорам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)