Ислом Каримов розӣ шуд Иди ғалабаро бо Путин таҷлил кунад
Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон баъд аз даъвати расмии ҳамтои русаш – Владимир Путин тасмим гирифтааст, дар ҷашни 70-умин солгарди Иди ғалаба дар Майдони сурхи шаҳри Маскав иштирок кунад.
Дар ин бора Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар додааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои хабарии Узбакистон иттилоъ дода буданд, ки Ислом Каримов Иди ғалабаро дар канори Владимир Путин таҷлил нахоҳад кард. Вале Ушаков гуфтааст, “аз ҷониби Владимир Путин ба Ислом Каримов барои иштирок дар ин ҷашн даъватномаи расмӣ фиристода шуд ва субҳи 7 май аз дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбакистон ҷавоби мусбат гирифтем.”
Қаблан сухангӯи раисиҷумҳури Узбакистон гуфта буд, Ислом Каримов барои иштирок дар ҷашни Иди ғалаба дар Майдони сурхи Маскав ҳозир нахоҳад шуд, чун дар ин рӯз дар кишвараш ба муносибати Ғалаба дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум чорабиниҳое дар назар астанд, ки ӯ дар онҳо бояд иштирок кунад.
70-умин солгарди Иди ғалабаро ҳудуди 30 раҳбари кишварҳои дунё, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Узбакистон дар канори Путин дар Майдони Сурх таҷлил хоҳанд кард. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ тасмим гирифтааст, дар баробари сарони даҳҳо кишвари дигар рӯзи 9-уми май дар Маскав дар ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ иштирок кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |