Бахшҳо

Махфират Хидирзода: Фардо даҳҳо Фархундаи дигар қурбон мешавад, агар...

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон қатли Фархунда, як духтари 27-солаи афғонро аз дасти ҳамватанонаш мояи нигаронӣ хонда, гуфт, ин ваҳшониятро таърих наметавонад фаромӯш кунад.

Хонум Хидирзода, ки шоми 12 ба 13 май тавассути Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, агар ҷомеа нисбат ба қазияи Фархунда бетарафӣ ихтиёр кунад, имкон дорад, фардо даҳҳо Фархундаи дигар қурбон шавад. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба эътирози зиёд дар пайи куштори Фархунда таъкид намуд, “чун ҷомеа эътироз карданд, бояд ин як ҳушдор бошад, ки дар ин масир аллакай ноадолатиҳо гузаштаанд”.

Ба қавли Махфират Хидирзода, куштори Фархунда бориди дигар чеҳраи манфур ва нафратовари хурофтпарастонро ба ҷаҳониён нишон дод: “Дар назди чунин ашхос на зан, на модар, на духтар на иффати вай, на номуси вай ягон арзише надорад. Бино бар ин ҳар қадаре, ки ҷомеа огоҳ бошад ва нигоҳи қатъи ва ҷиддӣ доштани ҷомеа дар ин маврид ниҳоят зарур аст”.

Нигаронии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки додгоҳи Кобул рӯзи 6 май чаҳор мардро ба ҷурми иштирок дар қатли Фархунда ба марг маҳкум кард. Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон, инчунин 8 нафари дигар барои 16 сол равонаи зиндон шудаанд. Дар парвандаи қатли Фархунда номи 50 муттаҳам омадааст, ки 19 нафари онҳо корманди пулисанд. Додгоҳ то кунун дар бораи кормандони пулис, ки дар маҳали ҳодиса ҳузур доштанд, ҳукм содир накардааст.

Фархунда, як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд. Вале дар пайи тафтиши ин қазияи пулиси Кобул эълон кард, Фархунда Қуръонро насӯзондааст.
Мӯҳр
саид
Чаро махфират хидирова аз вахшиени рус сухан намегуяд. Хол он ки харруз часади сухтаву бурида ба точикистон меоранд. Хакикат бояд гуфта шавад.ту афгонистонро мисол наер русияро хам мисол биер. Мухтарама

и занак хдаш чи параст боша???

Худованд рахаматаш кунад. мохам низ бар котилони фархунда лаънат мехонем. Марги як зани афгон инкадар сарусадохоро ба бор овард, ки дар расонахо такрор ба такрор онро нишон медиханд. Инчо факт дар онаст,ки як занро ба таври вахшиёна ба катл расониданд. Вале дар Русия чавонони точикро сар мебуранд, шахсан ман медонам,ки як хамдехаи моро дар Русия бо арра реза - реза карда буданд ва волидайн танхо пас аз чустучуи зиёд кисме аз порахои бадани мархумро аз чангалхои Русия пайдо каранд хаминтавр якчанд кисмхои буридашударо ба ватан оварда ба хок супориданд.Бокимонда пайдо нашуд шояд котилон сузонда бошанд. Амсоли ин садхо мисоли дигарро метавон овард. Мухарама Магфират Хидирзода!!!!!!!! чаро як бор дар бораи катли хамватанони худатон харф намезанед!? чавонони точикро аз Фархунда дида зиёдтар азобу шиканча дода ба катл мерасонанд. Мард бошед як бор танхо як бор дар мавриди катлу шиканчаи бародарони точике, ки аз чониби тоссархо кушта мешаванд, сухан гуйд.
Чашми шумо инхоро намебинад чунки вазифахоятонро аз хамачиз авлотар медонед. Чизе,ки ба шумо талкин шавад ба мисли тутихо хамончизро мегуйд. Ман ин суханонро барои он мегуям, ки миллатамро дуст медорам бештар ана хамон мухочирони кориеро, ки ба хотири як буридан нон солхои дароз аз фарзанду ватан дур хастанд. Бародарони мансабдор!? акар шумохам марги як нафар мухочире,ки дар русия кушта мешаван, ба мисли Фархунда махкум мекардед, шояд катлу шиканча нисбат ба мухочирини мо кам мешуд.

мирзои ҳоҷимуҳаммад
Фархунда ба хотири кадом ақидаҳояш қурбон шуд?. У мисли Роза люксембург озодии бесатри занон, ҳуқуқи баробари дар шахтаву паси фармони трактор баробари мардон кор кардан қурбон шуд е ақидаи дигаре????

Кулябец
Махфират рафта дар Кобул митинг ё гуруснанишини эълон кунед! Чи даркор хамин рекламаи Шумо? Он кадар аз занон мухофизат кардани бошед дар Точикистон бисеранд мухточи дасгири. Оё такдири заноне, ки шавхар доранду танхо фарзандонашонро тарбия мекунанд Шуморо ба ташвиш намеорад? Оё намедонед, ки мардон хама мушкилоти зиндагиро ба души занон партофта ба мухочират мераванд? Оё худкушии занони серфарзандро намешунавед?
Дар чумхурии худамон ягон масъаларо хал карда наметавонеду аз хорича дар ташвишед!


насрин
МАХФИРАТБОНУ КАЛЛАБУРХОИ МУХОЧИРОНИ ХАМВАТАНАШРО ДИДАГИ НЕ...ВАГАРНА МЕГУФТ ....

точик
Хонум Махфират,шахида Фархунда чояш чаннатулфирдавс аст.Кори у нишони ибрат ва муборизааш сазовори тахсин аст.Аммо у дар рохи покии дин шахид шуд,на "озодихои" дуняви!

Мухаммад
Чаро ин хонум ва телевизиони точикистон намегуяд ки барои катли Фархунда ки 27 сол дошт, хатмкунандаи дорулулуми исломи буд, яъне худи Фархунда низ мулло буд. 4 нафар хукми катл, 8 нафар 16 соли хукм гирифтанд. Судяе ки ин хукмро баровард, тибки ахкоми шариат баровард. Ва хамон судя низ мулло салладор буд. Бале дар хакки ин хохар зулм шуд. Дар Точикистон бо мошин писарони мансабдор зада мекушанд, бо чарима халос мешаванд. Ин хонум ба худ ва кишвари худаш назар кунад. Беадолати, вахшоният дар худамон даххо маротибаи Афгонистон аст.

АПАИ МАХФИРАТ ЧАРО ДАР БОРАИ ЧАВОНХОИ ТОЧИКИСТОНРО (ОЯНДАИ МИЛЛАТРО) саронашонро мебуран ва хар-руз 2-3 ТОБУТАШОНРО АЗ РОССИЯ МЕОРАНД СУХАН НАМЕГУЕД???
КИМ КАДОМ АФГОНРО КУШТИЯН ИНКАДАР ДОДУ ВОЙ ДОРИ МАГАР МАН ХАТО МЕГУЯМ Й ТУХМАТАТОН ДОРАМ? ане аппа? гунахкорон чазошона гририфтанд бехтару хубтар мешуд гами миллати худро мехурдед чунки 50% Торикисто бо пули маоши мухочирон нон хурда истодаанддд!!!

[u]Абду-Рауф хуб навистаанд!ОФАРИН !!!!! ШУМО ,Раисхонум хакикатан
хам бояд АЗ ФАРХУНДАИ ЯК ЗАНИ ЧАВОНМАРГИ АФГОНРО, КИ ОН ДАВЛАТ ГУНАХГОРОНРО ЧАЗО ДОД, НИГАРОНИ НАКНЕН,ХАМЧУН раиси кУМИТАИ кор БОЗАНОН ГАМИ 177029 НАФАР (хисоботи расмии ШУМО-хукуматихо) МУХОЧИРЗАНОНИ ТОЧИК ХУРЕД НА БЕШШШ!!!!!
ОЗОДАГОН ЧОПША КУНЕН, ИЛТИМОС !!!!!

лутфия
ха.ана раисахои мо чи кадар гами халка мехуранд.Дар бораи Мархум Фархунда халки афгон харруз дар телевизионашон мегуянд ки мо мебинем.барои мо ачибаш он аст ки озодона бетарс сухан мегуянд.агар дар мо ин ходиса рух медод чашми касе сих намезад.милисахо ягон касро барои результат

..Ин Махфират хам мавзуи рузро ефт.Чаро пеши фохишадухтархову занхои сабукпои точикро намегиред.Дар хакикат Мафтуна беаклона рафтор кард,харчанд Ман хам зидди таассубу фанатизм хастам.Адиба ном навкаламе пештар Бо сузу гудоз дар ин бора гуфта Буд..Дар шахри Санкт-Петербург,часади сухтаи духтари 25-солей точки,дар як сардхона(морг),кариб 2-хафта боз сард хобаст.Ба инаш чи мегуед?.Боре дар бораи Фархундахои худ гап занед,апа!!!

Мухаммад,
э бародар, и хонум нест, ин мисли мову ШУМО барино, як шахрвандд аст. ируз хаст пагох нест. кай и коро бас мешуда боша, хонуму чанобу ва гайрахо. ТОВАРИЩ-урток буген охир, хамаро чазир карден ку!

Тоҷик, на афғон
Ба Озодагон ва ҳама нашрияҳои Тоҷикистон. Лутфан аз корбурди вожаи "афғон" дар мавриди мадуми ин кишвар парҳез мекардед. Зеро ин вожа маънии қавми паштунро дорад ва дар ин кишвар танҳо паштунҳоро афғон ё авғон мегӯянд. Ақвоми дигари ин кишвар чи тоҷику ҳазора ва чи ӯзбаку балуч... ба ҳеч сурат худро афғон намегӯянд.Тоҷикони ин кишвар борҳо гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳое таҳти шиори "Мо афғон нестем!" роҳандозӣ кардаанд ва дар сафҳаҳои фейсбук ҳам ин шиор ҳамеша такрор мешавад. Ба гуфтаи тоҷикони бедори ин сарзамини Хуросон, афғон хондани тоҷик як таҳқир аст ба онон. Мо бошем, "бо ифтихор" ҳама мардуми ин кишвар, аз ҷумла бародарони тоҷики худро ҳам дар расонаҳоямон афғон мегӯем. Ин кори нобихрадонаи мо аз як сӯ ба ҳошия кашидани тоҷикон ва дигар ақвоми ғайрипаштун дар ин кишвар бошад, аз сӯи дигар як хидмати "бузург" ба қавмпарастони паштун аст, ки онон мехоҳанд оҳиста- оҳиста ҳама мардуми кишварро афғон бикунанд. Яъне мо бо ин корамон огоҳу ноогоҳ ба осиёби душманони қавмпарастамон, яъне авғонмиллатиҳо об мерезем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)