Бахшҳо

Назарзода: Хориҷиёнро ба Бадахшон роҳ намедиҳем, то замоне, ки...

Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, манъи сафари сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон замоне бекор мешавад, ки амнияти онҳо пурра кафолат дода шавад.

Назарзода 15-уми май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, маҳдудияти сафари хориҷиён ба Бадахшон то замоне, ки мақомоти амниятӣ нагӯянд, вазъ дар Бадахшони Афғонистон ором аст, боқӣ хоҳад монд: “Мо ҳам хоҳони онем, ки вазъ хуб бошаду сайёҳон ҳарчӣ бештар ба Бадахшон раванд. Ин иқтисодиёт аст, нони мардум аст. Аммо аз ҷониби дигар ин ҷо манфиати миллӣ ва амнияти сайёҳ аст. Вақте мо барои сайёҳ раводид медиҳем, масъули амнияти ӯ дар дохили кишварем. Мо умед дорем, ки вазъ ба зудӣ дар Бадахшони Афғонистон муътадил мешавад ва мо барои сайёҳон иҷозаи сафар ба Бадахшон хоҳем дод”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои бархе аз расонаҳои Афғонистон ҳудуди 9 ноҳия дар минтақаи Бадахшони ин кишвар ба дасти террористҳо гузаштаанд.
Ин нооромиҳо ба сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле таъсир гузоштаанд, ки соли равон ба иттилои масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ теъдоди сайёҳони воридшуда ба кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 36 ҳазор нафар зиёд шудааст ва бисёри сайёҳон ба Тоҷикистон ба хотири боздид аз Бадахшон меоянд.

Инчунин “National Geographic” маҷаллаи маъруфи ҷаҳонӣ дар шумораи ҷадидаш номи 10 ҷойи беҳтарин барои истироҳат дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравиро ба нашр расонда, Помири Тоҷикистонро ба сегонаи беҳтарин ҷойҳои собиқ СССР барои истироҳат ворид кардаааст.
Мӯҳр
члхнд.
Ин амалро мегуянд теша задан ба пойи худ бо дастони худ.Агар дигар давлатхо барои чалби саехон милиенхо долларо масраф кунанд ва кишварашонро дар арсаи чахони таблигу тариф кунанд,дар мо баракс мегуянд,ки ба Бадахшон наравед,ки вазияти Авгонистон ноамн хаст,Ба бадахшон нараванд,дигар кучо раванд аксаран туристони хоричи махз барои хотири тамошои Бадахшон меоянд,ва аз ин вохимае,ки пеш аз пода пахн мекунед метавонад,ки дар оянда барои рушди туризм дар ТЧ-латмаи бузурге ворид намояд,ва чун асри бистуяк асри интернети хаст,ин гуна хабархо бисер хам тез дар тамоми дуне пахн мегарданд.Водии Ванч,ки бештар хамасола бахотири тамошои Пиряхи калонтарини кухии дуне пиряхи Федченко ва Куллаи Сомони саехони зиедеро чалб менамояд дар як минтакаи амн чойгир хаст ва бо сархаду Авгонистон ягон иртибот ва хамбастагие надорад.

ИН КУМИТАИ ЧАВОНОН, ВАРЗИШ ВА... БАДАХШОНИ ТОЧИКИСТОНРО АЗ БАДАХШОНИ АФГОНИСТОН ФАРК НАКАДОС, БАДАХШОН 200%
ШУКРИ ХУДОВАНД ТИНЧУ ОРОМ АСТ , ВОХИМА НАКУНЕН !!!!!

In amalro amniyat va vahdaty bekhatarii mardum va shahrvandoni davlatsho I khoriji memo and. agar khizmat kardagi boshi mavhumi Vatana ba khubi dark mekuni agar gurekhta boshi behuda gap nazan...

Ozodagon chop kunen

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)