Бахшҳо

20 соли зиндон барои қатли ваҳшиёнаи Маҳина дар Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе Убайд Эргашов, сокини 31-солаи пойтахтро барои қатли пурсарусадои ҳамзисташ Маҳина Амоншоеваи 52-сола ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Ҷасади Маҳина Амоншоева бо гардани бурида рӯзи 6-уми марти соли равон аз ҷониби роҳгузарон дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт дарёфт гардида буд.

Дар пайи дарёфти ҷасад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, аз боздошти муттаҳам дар ин ҷиноят Эргашов Убайд хабар дод, ки бо кушташуда, ҳамзистӣ дошта, ӯро дар заминаи рашк ба қатл расондааст.

Тавре зимни мурофиаи додгоҳӣ маълум шудааст, маҳкумшуда бо марҳум моҳи январи соли 2014 шинос шуда, ҳамзистӣ доштаанд. Манбаъ мегӯяд, миёни онҳо шоми 5 марти соли 2015 барои он, ки наздикони Амоншоева зидди ин муносибатҳояшон будаанд, муноқиша сар задааст: “Дар пайи ин баҳсҳо Эргашов нақшаи қатли ҳамзисташро тарҳрезӣ мекунад ва тахминан соати 24:30 дақиқаи шаби 6 март дар ҳолати хоб гардани А.М-ро мебурад ва ҷасадро шабонгоҳ ба партовгоҳ дар кӯчаи Маяковский мепартояд”.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе 21 майи соли 2015 Эргашовро бо моддаи 104 -одамкушӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Мӯҳр
Дуне чи шуда истодааст дар хайрат мемонад инсон

Дуне чи шуда истодааст дар хайрат мемонад инсон

Мануш
Магар тахминан соати 24:30 дақиқаи шаби 6 март дар ҳолати хоб гардани А.М-ро бурида бошад? 24:30 ягонбор нашунидаги бдам

ay dasti hamin guna jurnalisthoi besavoda har4i wudanaw mumkin. Naxod soat 24:30 wavad...

Одил
24 шаб яне 12 шаб и 24 шаб навистаи журналист нишонм медихад ки рузноманигори харок аст яне метавонат тагирот дароварда бисёр сода нашавед

dovud
Одил, - хайфи номи инсон шавед!
ба чои хамдарди инхо имлою граматика бахс мекунанд!!

Довар
Мануш,
Бахс накунед рафикон баъди нимсоат соат 25 - 00 мешавад......))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)