Бахшҳо

Абдулқодирзода: Ягон мулло ба “ДИИШ” нарафтааст, зеро...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон созмони террористии “Давлати исломӣ”, маъруф ба ДИИШ-ро “хилофат”-и ташкилкардаи кишварҳои абарқудрат алайҳи кишварҳои мусулмоннишин хонд.

Раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 29 май дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ин “хилофат”-ро абарқудратҳо барои тахрибу валангор кардан ва соҳиб шудани тамоми сарватҳои сарзамини мусулмоннишин ташкил кардаанд.

Абдулқодирзода аз пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба саффи ин гуруҳи террористӣ нигаронӣ карда, бори дигар таъкид кард, ки маҳз ноогоҳии динӣ боис шудааст, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ мераванд: “Боре шунидаед, ки ягон мулло ё имоми масҷид ба ин гуруҳ пайваста бошад? Не, чун огаҳанд. Абарқудратҳо бо ворид кардани калимаи Ислом ба номи ин созмон ҷавонони моро ҷалбу қурбони манфиатҳои худ мекунанд. Албатта, зери таъсири таблиғоти онҳо касоне қарор мегиранд, ки содалавҳу бедонишанд. Ин гуна гуруҳу ҳаракат ва созмонҳо аз аввали пайдоиши Ислом буду то охир мемонад. Яке вожаи Исломро дар номи ҳизбашу дигаре дар номи ҳаракаташ ворид карда, аз он муғризона сӯиистифода мекунад. Агар бидуни он барои дуздидани сарвату боигариҳои як кишвар нафаре ҷавононро даъват кунад, касе намеравад, вале вақте Исломро сипар қарор медиҳад, аз бефарҳангӣ ва камдонишии бархе ҷавонони мо хуб истифода мекунанд”.

Абдулқодирзода бори дигар аз ҷавонони кишвар даъват кард, ба ҳарфҳои пайравони ин созмон гӯш надиҳанду аз падару модарони тоҷик хоҳиш кард, дар тарбия фарзандонашон масъулияти бештар эҳсос кунанд.

Ин даъвату таъкидҳои Абдулқодирзода дар ҳолест, ки ахиран полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки чанд ҳафта пеш ғайб зада буд, аз пайвастани худ ба саффи ДИИШ дарак дод. Ӯ дар навори видеоие бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда иддао мекунад, ки бо ҳамроҳонаш барои барқарор кардани хилофат ба Тоҷикистону Хуросон бармегардад.
Мӯҳр
Осмон
Макун айби касон то метавони,
Ки ту ай муфтии кишвар айби худ надони!

усмон
Чаро аз палковник чизе намегуи

100%
Ба Осмон! Бовар кунед бехтарин ва шоистатарин шеьр дар васфи ин мансаб... би ба ном муфти. Офарин ба кормандони сайти Озодагон, ки вокеати фикрронии хонандагонро ба мисли муаллифи ин шеьр дар васфи ин ... Руи чоп шафоф руи чоп баровардед?

хочи
Зеро муллохо онхоро тарбият мекунанд агар муллохо ба чиход раванд ки мучохидонро таёр мекунад шумо ва шумо баринхо муллохоро аз таёр ва тарбият кардан манъ кардаистодаед лекин нури худоро хомуш карда наметавонед иншоалоох
Муфти сайд мукаррам

Осмон
Ба Усмон! Бошад ин суханхо нисбати ин полковники бе тарбияву бехирад
, локин аз чониби нафаре, ки худ ибрат е дар чомеаи имруз иззат ва эхтиром дошта бошад.

Ба фикрам аз хама мухим пойдории миллат ва давлатдории милли бо точикони мусулмони ханафимазхаб. аммо афсус, ки аксарияти чавонон факат мусулмониашонро фикр карда, аз пойдории миллату давлатдории милли бетараф гаштаанд. Мисол Россия ва дигар давлатхо барои хифзи миллат ва давлати худ миллиардхо долларро дарег намедоранд, аммо мо точикон двлати ба як азоб сохиб шудаамонро бояд хифз намоем.

Хамзаали
Агар хамрохи Ансори мебаромадиву бахс мекарди баъдан гапхои туро бовар мекардам. Аммо пас аз оне, ки аз ширкат дар барномаи "Висоли хак" худдори карди, боварии тамоман набудагиям ба нести рафт! Ч

Ман албатта пайвастани Халимовро ба ДОИШ махкум менамоям аммо Саидмукаррамро хамчун муфти, эмом ва як шахси мусалмон намехисобам, чун, ки рафтораш тамоман ба як нафари муъмин монанди надорад. Аз суханхову акидааш бештар буи лаганбардори дарбор меояд!
(Хакикат талх аст)

Муслим
Пас ҳамчун як Муфтӣ ба давлат муроҷиат то ба масҷид рафтану дарси исломӣ омӯхтанро озод кунанд. Баъд шарм надошта аз минбар ҳарф зан ҳозир чизе, ки ту мегӯи мо на бовар мекунем на иттиқод дорем....

Бузург мехр
Муфти худатонро гамнадихед Товакте Эшони нуриди Хочимирзо Амримаруф мекард чавонони ифроти кам буданд дар холеки гурухои Алкоидаву Ансорулохху Каврубалобд будандАммо вакте шуммо минбар хоро гирифте маслихат додед Ки ХНИТро бандед сафи чавононифроти зиёд шуда истодааст то хато ба ниходхои кудрати тасири расондааст Шарм доред сатро дармактабхо 2 бора ичозат дихед

масчохи
ин айби муфти хаст ки ба мансабдорон дар бораи хакикати ислом .гунох будани динситези чизе намегуи wink

Saif
Садкат шавм "хазрат" , ноогохи динии чавонон айби кист? огохкунии онхо бар души кист??.. лутфан ба хамин савол чавоб медодед, харчанд ба гуфти худатон интернетро намехонед, ки таъбатон хира мешавад....

МАН ИН МУФТИРО ХАМЧУН ЯК БЕАКЛ МЕДОНАМ.

Саймукарам барои чи як бор намегуи ки аз 18 сола поин ба масжид ояд ё не ? Акалан дар як баромадад хамин суханора гап зан ягон шахрванди Точикистон ба он ДИИШ рафтан намехоха мо безорем аз ончо.Худат нагз медони,ки хадис омадаги хаст аз Хурди кудакотона ба масжид бар нагуфт аз 18сола боло чи хап мекни 1 бор гап зан! !!! Баъд и Польковника ки звани дода бошад ягон бе дониши дига?? даракша ёв Хамзаали,

ТОЧИК
Ба вахшигарии ДОИШ магар абаркудратхо гунахкоранд???? Магар абаркудратхо зану кудаконро тачовуз мекунанд? Магар абаркудратхо асирони бегунохро сар мезананд???? Хама айб дар дини араб аст!!!! Кучое ин дин аст, он чо фитнаву катлу куштору низоъ аст!!! Озодагон чоп кун!!!!

Умар
мулло девона нест ба он чо биравад,магар дар дунье ахмак кам аст.Агар он чо чои хуб мешуд пеш аз хама имомони масчидхо мерафтанд. бо тамоми эшонхо мерафтанд.Он чо барои дузах пуркуни мераванд.Босаводхо имон доранд ва аз худо метарсанд.Касе он чо меравд бе имон мемураду рост ба дузах меравад дигар чо надорад.то хатто мисли инсон барояшон гур намекунанд.Мисли ахлот мурдаашонро даруни хок мепартоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)