Бахшҳо

Шевченко дар бораи фирори Ҳалимов ва хатои сиёсии ҳукумат

Максим Шевчекно, рӯзноманигор ва коршиноси варзидаи Русия суҳбаташ дар бораи пайвастани полковники тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба “Давлати исломӣ”-ро аз рушду пешрафти феълии Тоҷикистон оғоз кардааст.

Шевченко, ки ба наздикӣ аз Тоҷикистон баргаштааст, дар барномаи “Дидгоҳи хос”-и радиои “Эхо Москвы” изҳор доштааст, ки бархилофи Русия, ки танҳо ваъдаҳои шифоҳӣ медиҳад, Чин дар Тоҷикистон воқеан сармоягузорӣ мекунад ва феълан дар кишвар роҳҳо, нақбҳо ва боғҳо бунёд шуда истодаанд.
Ӯ дар пасманзари ин пешрафтҳо зикр кардааст, ки онҳо натиҷаи созишномаи сулҳи тоҷиконанд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раиси ИНОТ имзо шудааст.

Ин таҳлилгар дар идома таъкид кардааст, ки феълан дар Тоҷикистон эҷод кардани маҳдудиятҳо барои анҷоми амалҳои эътиқодӣ мушоҳида мешаванд, ки зидди созишномаи имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдулло Нурӣ мебошад. Ӯ ин равандро кори пуч ва хатои сиёсии ҳукумати Тоҷикистон хондааст, ки танҳо метавонад боиси фирори афроди бештар ба Сурияю Ироқ шавад: “Тоҷикистон кишвари мусалмоннишин аст ва ба фикри ман дар масоили хондани намозу пӯшидани ҳиҷоб бояд маҳдудиятҳо набошанд. Бояд барои ҷиноят ҷазо дод. Ҳам одамони диндорро вақте ҷиноят мекунанд ва ҳам чунин маъмурини пулисро, ки террорист мешаванд ё зӯроварӣ мекунанд”.

Ин таҳлилгари рус талоши мақомоти Тоҷикистон барои кам кардани вазни сиёсии ҲНИТ-ро низ иштибоҳ хондааст: “ҲНИТ як ҳизби қонуниест, ки Муҳиддин Кабирӣ роҳбарӣ мекунад ва зидди ДИИШ-у салафиҳост. Ин як идеологияи исломии демократист. Аз ин рӯ поин бурдани вазни сиёсии ин неру дарҳоро барои ДИИШ-иҳо, хавориҷиҳо ва салафиҳо боз мекунад”.

Шевченко афзудааст, ки қазияҳои монанд ба пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба саффи ДИИШ дар худи Русия низ ба назар мерасанд. Ӯ қатли оммавии се нафарро дар минтақаи “ДИИШ” мисол овардааст, ки аз ҷониби собиқ корманди раёсати мубориза бо экстремизму терроризми Доғғистон амалӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Аркадий Дубнов, таҳлилгари дигари рус дар масоили Осиёи Марказӣ пайвастани Гулмурод Ҳалимовро ба “Давлати исломӣ”, ки гӯиё чанд афсари дигарро низ бо худ бурдааст, ба баррасӣ гирифта, таъкид намудааст, ки Душанбе, Маскав, Тошканд ва Вашингтон бояд дар мубориза бо ифротгароии исломӣ боэҳтиёттар бошанд.

Дубнов иддаои Ҳалимов дар мавриди бадномкунии ҳиҷобпӯшон ва маҳдудиятҳои дигари динӣ дар Тоҷикистонро зикр карда, афзудааст, ки манъсозиҳои беақлона ва иттиҳомоти подарҳаво алайҳи диндорон танҳо боварии онҳоро ба дурустии ғояҳои хилофат тақвият мебахшанд.
Мӯҳр
Гунохи асоси дар режими имруза мебошад
.

Андарз аз Шугнон
Гул бе хор намешавад. Ба як касофату хоин намешавад хамаро бадном кард. Ин махдудсозихо як бахона аст. Аксар хизматчиёни Гурухи "Омон"-ВКД чавонмардони банангу номусанд, Онхо хамеша ба Ватан содик буданд ва мемонанд. Сад дарег ки худи фармондехон дар ин чо гунахкоранд. Вакте фармондех хиёнат мекунад,чи чойи гила мемомнад дигар. Аз ин ру бояд дар интихоби фармондех хеле эхтиёт бояд кард.Ин хоин метавонист дар ягон лахзаи душвории дигар метавонист хиёнат кунад.У аллакай медонад, ки дигар вайро касе нахохад бахшид ва умеди бозгашт хам надорад дигар. Вай ба мисли саг бо хоку хуни хаммаслаконаш якчоя шуда, беному нишон мурда меравад.

Бузург мехр
Ээээ Бародар Шефченко и давлат мандои мо камсаводан охи чикокнем Метарсм ки бади чанка бо Хамира Азои ХНИТ наган медонан Кабири босаводай метарсанки курсишонамегира барои хами болои ХНИТ фишор оварданд Мансабам Ай чанширин мешидайда

Исфара
Хакикатро гуфтааст хнит душман нест балки салафихо (сагбаччахои исроил) душмани мо хастанд!

Сайти мвд хама пур ай китоб оиди фаъолияти оперативи чустучуи ки вазир чоп намудааст. Ана практика. Китоба монену ку кобед ебед. Бад малум мешавад китоб то чи андоза ба талабот чавобгу аст

Асомудин
Бубинед як тахлилгари рус дуруст кайд кардааст аммо хукуматдорони мо бошанд барои дини худ ки худро мусулмон мешуморанд аз доираи шариат берун мебароянд ки хатто онхо дар дирни дигаранд ба ислом эхтиром мегузоранд

Саид
Бародарон чаро дар дахон об гирифта мешинем, точикистон як проблемка дорад - як нафар

Кулябец
Шевченко дуруст кайд кардаанд, ки ваъдахои пучи Россия нисбати Точикистон бисёр аст . Россияи имруза Точикистонро хамчун давлат эътироф намекунад ва хамчун як казарма барои афсаронаш медонад . Баъди созишнома дучониба дар бораи базаи харбиаш имтиёзи се сола кор кардани мухочиронро дар каламраваш нописандона бекор кард . Жириновский дар шабакаи аввал хам Раиси Чумхур а давлатдориамонро бо суханхои кабех тахкир кард. Имруз пайваст шудани як полковники точик сабаби бори дигар ба мухокима мондани точикон шудааст . Россия гуё ягон проблема надорад .

Рустам
Сад дар сад дуруст. Як рус, шахси бегона холати моро мефахмаду ин Мукарраму хукуматдорон гуё чашмхояшон куру гушхояшон кар бошад, ягон чизро дидану шунидан намехоханд. Гуфтаи шайх Хофиз бисёр мувофик омдааст дар ин давра: Воизон к-ин чилва бар мехробу минбар мекунанд, Чун ба хилват меравад в-он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам зи догишманди мачлис боз пурс, Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Наход ин када МУШОВИРОНи ЧАНОБИ ОЛИ аз Щевченкову Дубнов бесаводу бе... бошанд, ки ин корхоро намедонистаанд -а ? Агар дониста бошанду машварат накарда бошанд ,пас онхо ДУШМАНИ халку миллату ЧАНОБИ ОЛИ астен !!!!!?????

Допустим гуфтум
Максим Шевчекно, рӯзноманигор ва коршиноси варзидаи Русия....
ШевчеНко, ШевчеКно не, майли?

Кулябец
Хамаи нафароне, ки дар ДИИШ аз Точикистон рафтаанд фарзандони миллати точик хастанд . Новобаста аз он ки берун аз Ватан рафтаанд . Бисёрихо онхоро дуои бад мекунанд ва мурдани онхоро мехоханд . Ин умумуман ба мусалмони рост намеояд . Бигузор онхо рохгумзадаанд, аммо чи мушкиле онхоро ба ин интихоби вазнин тела додааст.
Соли 1992 бисёре аз хамватанон ба Афгонистон фирори шуданд . Буданд нафароне ки бозгашти онхоро намехостанд, аммо акли солим галаба карду онхо баргаштанд. Дастгирии хамдигар дар ин дунёе, ки мусалмонро нест карда истодаанд фарз мебошад .
Барои чи дар бораи худкушии одамон ин кадар наменависем? Чи онхоро ба ин амали нангин тела медихад?
Барои он ки онхо мемиранду хомушанд! Ин гурезагони ДИИШ сабаби маълумро бо санадхояш мегуянд. Магар Халимов мисли Абу Холиди кулоби бекору мухочир буд? Ин муаммои халшаванда аст . Ва халли он дар дасти хукумати имруза мебошад!

Масчоӣ
Андарз аз Шугнон,
фабрикаи бесаводи ҷавоб,ба ҷои эътироф намудани хатогии ин ҳукумати ба сафсата гузаштааст.О ту аз куҷо медони,ки ин сиёсати хатои ҳукуматро киҳо тарафдоранд дар милисаву омону армия!???Шумо бо ин рафторатон барои такрори ҳодисаҳои араб дар Тоҷикистон замина гузошта истодаед.Қатра қатра дарё шавад..агар ба худ наоеду боз наистед.

ораз
Озодагон! Камтар ба тарзи чумласози ва имло диккат дихед. Дар як чумла ду-се бор такрор шудани пайвандаки "ки", инчунин баъзе хатохои техники ба назар мерасад.
(Ин эрод барои мухаррирони сомона аст, онро чоп накунед)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)