Бахшҳо

Шоҳидии Матлубхон Давлатову Гул Шералӣ ба нафъи З.Саидов дар додгоҳ

Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Матлубхон Давлатов, собиқ раиси Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол имрӯз, 4 июн дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори зиндонишудаи тоҷик ширкат намуда, дар мавриди парвандаҳои ахире, ки аллайҳи Саидов эълон гардидааст, пурсида шудаанд.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов дар суҳбат ба “Озодагон” нишондодҳои ин ду нафарро зимни мурофиаи додгоҳӣ дар маҷмӯъ ба манфиати зерҳимояаш арзёбӣ кард. Ҷаноби Табаров гуфт, Гул Шералӣ дар мавриди хусусигардонии корхонаҳои “Гулистон” ва “Тоҷиказот” пурсида шуд. Ба иттилои манбаъ, Гул Шералӣ иброз доштааст, ки хусусигардонии корхонаи “Тоҷиказот” дар чорчубаи қонун бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ба иттилои Табаров, Гул Шералӣ гуфтааст, дар вақти хусусигардонии ин корхонаҳо ягон қонуншиканӣ роҳ дода нашудааст ва таъкид кардааст, ки корхонаҳои мазкур дар гузашта аз бузургтарин корхонаҳо ба ҳисоб мерафт, ки маҳсулоташон ба хориҷа содирот мешуд.

Вакили мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, Матлубхон Давлатов оид ба хусусигардонии ошхонаи Вазорати саноат нишондод дода, тасдиқ кардааст, ки замоне ки Зайд Саидов вазири саноат таъин шуд, тасмим хусусигардонии ин иншоот аллакай аз ҷониби шахси дигар гирифта шуда буд: “Давлатов гуфт, Зайд Саидов барои хусусӣ гардонидан ягон хел таъсир надошт ва имкони таъсир расонидан ҳам надошт”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Зайид Саидов дар доираи парвандаҳои наваш, хостори даъвати мансабдорони баландпояи кишвар, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раиси Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Давлаталӣ Саидов, муовини сарвазир ба мурофиаи додгоҳиаш шуда буд. Баъдан, оқои Саидов аз даъвати Убайдуллоев даст кашид.
Мӯҳр
Сафол
Ачоиб, ин спектакл чи маъно дошта бошад?

Рустам
Матлубхон Далатов аа Гул Шерали тамоми иншоотхои чумхуриро бо нархи ночиз фурухта болои миллионхо гирифтаанд.

шахрванд
Дар давраи раиси Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол будани Гул Шерали корхонаҳои “Гулистон” ва “Тоҷиказот”хусуси гардонида шудааст. Барои хамин бечора мачбур аст, ки чунин нишондод дихад. Холо он ки дар айни замон бо карорхои Суди иктисоди ин карорхои хусусигардони барои гайриконуни буданашон бекор карда шуда, ин карорхои суди этибори конуни доранд.

Muhojir
Xudo ki teztar ozod shawad... omin...

Эхтиромона хохиш дорам М.Убайдулоевро низ даъват намоянд.

Хакикатан хам як намоишномаи(спектакли) хубай, ба навор гирен баъди чанде филми хуб ба гирифтани ЧОИЗА сазовор мегардад :
Муаллиф, рёжиссёр ва "продюсерхо"-ву гайрахо низ маълуму машхур мегарданд !!!!!

Нисбати бисёр фарзандони донишогохи Точикистон имрузхо чабру зулм раво дидашудааст ва окибаташа факат Худованд медонад. Дасткашии зиндони Саидов аз шахрдори дар он мебошад, ки шояд аз болои у фишор оварда шуд, ин фикри ман аст. Лекин онхое, нисбати ин фарзандони точик чун барои химояи манфиати худ бардуруг делои чинояти кушоданд , хамина бифахманд, ки чазои Хактаоллох вазнин аст ва гузаштан аз Сиротул-мустаким душвор аст. Шояд ин матни навиштаи маро мехонанд ва бар холи ман механданд , аммо ин ханда пас аз ин мисли хандаи он актёронемегардад, ки дар синамои Хиндии "Месть и закон "ба назар мерасад.

иззат
Бародарони азиз Гул Шерали ва Матлубхон Давлатов шири модаратон ,хавои Точикистон халолатон бод Шерона гуфтаед! Касе, ки дуругбофи мекунад агар Худо назанад,охи дили бечорагон рузе чигарашро об мекунад.Саволи дигаре ,ки то хануз маро ва бисре аз мардумро рухафтода кардааст инаст:охир Зайди маъюб бо як дасташ чи хел як зани девсуратро тачовуз кардааст?Дар рафти тафтишот ташхиси БИО- Папаро ,ки ба фоидаи Зайд буд як су гузошта ,уро говсуд карданд.Инаш хам рузе руи об хохад баромад.

Ҳолдон
Ин боз як спектакли дигар.
Судяи гиромӣ, як бор аз Гул Шералӣ ва Матлубхон Давлатов напурсидед, ки агар Зайд Саидов накарда бошад, пас кӣ кардааст?

Оё ин ду нафар гуфта метавонанд, ки ин қадар давлату савлате ки доранд аз кадом ҳисоб аст?

Юсуф
ّАллоҳу акбар!
хеле хушҳол шудам

Сангак
Шукуфоии Зайдро дида , 10 сол пеш ба балое гирфтор шуданашро дарк мекардам ва дар номае барояш навишта будам : Аз офати замона ,Аз фитнахои даврон Зайди Саиди моро ,Бошад Худо нигахбон!Баъдтар хангоми супурдани Душанбе -Плаза ,ки он маврид нофахмихо рух дода буданд баназдаш рафтам ,ки набуд бо муйсафеди дарбонаш ,ки хешонаш буд гуфтам ,ки бирасонаш ,ки ба балое гирфтор мешавад ва корро бас кунад!Чи илоч аз дасти нотавонбинон он бало ба сараш омад.Шояд рахму инсоф рох ёбаду озодаш кунанд.

Соиб
Хамааш ки конуни буд пас чаро онхоро гирифтаннду Зайдро луччак кардандИн нафарон шахсони масъул ва пояхои давлат буда хеч гох аз осмон ва бе факту далел ва беинсофона гап намезананд.Азобхои кашидаи Зайд чуброн дорад.

замира
пас Гул Шерали ва Матлубхон гуфта метавонанд ки ин кадар касрхову кушкхои онхо аз хисоби кист?

умед
хамаи чизхои доштаашро кофискация ккнанду худашро чавоб диханд.

Худованд, ту бузурги, инсофу вичдони ин ду нафарро бедор намуди, азони шахсони якумро низ бедор намо! Кош онхо низ аз тухматхояшон дар тахлукаю азият бошанд, омин!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)