Бахшҳо

Пуштибонии дабири кулли СММ ва сарвазирони Покистону Қирғизистон аз пешниҳоди Э.Раҳмон

Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” дастгирӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Пан Ги Мун дар баробари дастгирии ин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии глобалии масоили вобаста ба об баҳои баланд дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015 пешниҳод кард, барои 10 соли оянда даҳсолаи нави байналмилӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” эълон шавад. Аз ин пешниҳоди президенти Тоҷикистон Навоз Шарифу Темур Сариев, нахуствазирони Покистон ва Қирғизистон ҳам ҳимоят кардаанд.

Конфронси натиҷагирӣ аз даҳсолаи “Об барои ҳаёт 2005-2015” субҳи имрӯз, 9 июн дар Кохи Сомон, бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон оғоз ба кор кард ва то 11 июн идома меёбад. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти кишвар барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Мӯҳр
Мухлис
Ин чхел Дабири кулли СММ хаст ки факат механдад мегуй актиёр бошад ё дар накшхои асосии Амрико актиёри мекунад.

рамаз
ХАХАХАХАХАХАХАХАХАХАХАХАХАХАХАХА
lol мУХЛИС ГАП ДОДИ НЕКИ КАНДАТА ЗАН ОФАРИН

хакикат талх аст
Бародаро дар инча масъала шинос намудани Точикистон дар арсаи байналмилали асту шумо ба хандидан машгулед!!! - Бигзор Худованд хадаро хамеша дар лаби тамоми мардуми сайёра хувайдо созад!!! аз гиряву гам чи фоида?

Мухочир
Агар 10-дафъаи дигар хам чаноб пешниход кунад фоидае нест инхо гайри конфронси оби тоза хеч коре намекунанд зеро амал намекунанд!

Точикистонро дар чахон на хама мешиносанд. Баъзехо то холо давлати момро мисли Авгонистон чангзада мехисобанд. Рахмат ба чаноби оли, ки бо чунин ташаббусхо миллати точикро дар чахон хамчун миллати инсондусту сулхпарвар шиносонд. Аммо, душманони дохиливу хоричии мо (афсус ки онхо низ точиканд) ором намешинанд ва ба амнияти миллати мо халалдор мешаванд. Мо бояд хамакаса давлатамонро обод кунем, ба чойи он ки танкид кунем.

Кулябец
Конфронс хуб, лекин аз паи иктисодиёт шудан лозим . Чунки иктисодиёти мо тамоман инкишоф намеёбад . Хатто аз Африкои Чануби кафоем . Бояд 80% хукумату вазирхоро иваз кард . Ин хангома дар рузхое шуда истодааст, ки дар баъзе дехоти нохияи Дангара то се километр оби нушоки бо хару ароба мекашанд!

карим
Ба Амри хо бародар як-дукас мехост ободкунан ватана, хозир камерохои зиндона обод кардестан.

Мухлис
Чавоб ба хакикат талх хаст.
Аввал ин ки бародари азиз актиёр аз сиёсатмадор фаркияташ дар хамин хаст ки сиёсатмадор камтар серёзни бошад ва актиёр баракс. Дигар сиёсатмадорохам механдан локин инхел бисёри бад неки дар баромад ва суханхронии сиёси хам ханда куни.
Дуюм ин ки ин СММ ягон мишкилиро хал карда наметонад то Америка рози набошад, мисоли оди 3-юмбор хам ки хамин Пагимун ба Точикистон меояд лекин ягон мушкилии байни хамсояхоро ки мо дорем(Мисоли Узбакистон) хал карда натавонист инро актиёри сиёсии Амрико мегуянд Бародари азиз!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)