HRW хостори баррасии қазияи Шуҳрат Қудратову Зайд Саидов аз Пан Ги Мун шуд

Human Rights Watch ё Созмони дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, сафари дабири кулли СММ -- Пан Ги Мун ба Осиёи Марказӣ фурсати калидии нигаронӣ аз масъалаи ҳуқуқи башар дар тамоми ин қаламрав аст.
Ин созмон мегӯяд, қабл аз сафари Пан Ги Мун ба Осиёи Миёна тафоҳумномаеро таслими ӯ кардааст, ки дар он ба ҳавзаҳои мавриди нигаронӣ ишора мешавад. Аз дабири кулли СММ хоста шуда, нигарониҳоро бо давлатмардони кишварҳои Осиёи Миёна дар миён гузорад.
Таъқиби сиёсӣ ва зиндонӣ кардани фаъолони ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ, маҳдудият дар ростои фаъолияти гуруҳҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо ва беҷазо мондан барои шиканҷа аз масоили мавриди нигаронии Созмони дидбони ҳуқуқи башар будааст. Вероника Сзенте Голдстон, мудири мудофеи Созмони дидбони ҳуқуқи башар дар умури Осиёи Миёна бо ишора ба саркӯб шудани фаъолони ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ дар минтақа, гуфтааст, масъалаи ҳуқуқи башар бояд дар ҷойгоҳи барҷастаи дастури дабири кулли СММ бошад.
“Пан Ги Мун бояд барои поён додани нақзи ҳуқуқи башар ба монанди иштибоҳан пушти панҷараи зиндон бурдани одамон, иҷоза додан ба кори гуруҳҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон ва поён додан ба беҷазоӣ барои шиканҷа қадамҳои мушаххас гузорад”,- гуфтааст Вероника Сзенте Голдстон.
Хонум Голдстон дар идома гуфта, дабири кулл бояд ба қазияҳои Владимир Козлов, раҳбари мухолифон дар Қазоқистон, Азимҷон Аскаров, мудофеи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон, Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва Зайд Саидов, соҳибкор дар Тоҷикистон, Гулгелдӣ Аннаниёзов, мухолифи сиёсӣ дар Туркманистон ва Азам Фармонов, вакили мудофеъ дар Узбакистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кунад: “Пан Ги Мун бояд масъалаи ҳуқуқи ҳамҷинсгароён, одамони дорои хусусияти ҷинси нару мода ва транссексуалҳоро дар Осиёи Миёна бардорад, ки он ҷо барои тарғиботи амалӣ кардани қонунгузориҳои тавҳин ва таъбизомез алайҳи ҳамҷинсгароён талош мешавад”.
Пан Ги Мун шоми 8 ба 9 июн вориди Душанбе шуд ва гуфта мешавад дар чанд рӯзи оянда аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам дидан мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |