Бахшҳо

Нақшаҳои Э.Раҳмону Навоз Шариф ва шарти Ашраф Ғанӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон изҳори умед кардааст, ки тайи се соли оянда ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба 500 миллион доллар мерасад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Навоз Шариф, ки баъди зуҳри 9-уми июн сурат гирифт, зикр шудааст, тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст: “Ҳарду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматӣ ва густариши равобити доираҳои соҳибкории ду кишвар, рушди фаъолияти муштарак дар соҳаҳои энергетикаву саноат ва кишоварзӣ, истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон зарур дониста шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон ва дар шаҳри Исломобод ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошта, “густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ менамоем”.

Тавре зикр гардидааст, заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистон аз 40 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки ҷонибҳо инчунин барои ҳарчи зудтар ба имзо расондани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Ҳавасмандии Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф барои имзои ин созишнома дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои Ҳиндустон аз шартгузории Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар бораи додугирифти Тоҷикистону Покистон иттилоъ доданд. Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раисиҷумҳури Афғонистон дар доираи сафараш ба Ҳиндустон, рӯзҳои 27-29-уми апрел паём додааст, ки Покистонро ба шарте ба Тоҷикистон роҳ медиҳад, ки монеи додугирифти Ҳинду Афғонистон нашавад.

Тибқи иттилои расонаҳои ҳиндӣ Ашраф Ғанӣ ошкоро дар мулоқот бо Нариндра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ба Покистон шарт гузоштаанд, барои дастрасияш ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, агар Покистон барои дастрасии Ҳиндустон ба Афғонистон кӯмак намояд. Ба навиштаи ВАО-и Ҳинд ин ташаббус, гарчанде “дипломатияи хушк” аст, ҳадаф аз он пайваст намудани кишварҳо мебошад.

Ин шартгузориҳо дар ҳолеянд, ки солҳост имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба таъхир меафтад. Имзои ин созишнома метавонад, интиқоли осон ва арзони молро аз Покистон ба Тоҷикистон таъмин кунад.


Нақшаҳои Э.Раҳмону Навоз Шариф ва шарти Ашраф Ғанӣ (АКС)

Нақшаҳои Э.Раҳмону Навоз Шариф ва шарти Ашраф Ғанӣ (АКС)

Нақшаҳои Э.Раҳмону Навоз Шариф ва шарти Ашраф Ғанӣ (АКС)

Нақшаҳои Э.Раҳмону Навоз Шариф ва шарти Ашраф Ғанӣ (АКС)

Нақшаҳои Э.Раҳмону Навоз Шариф ва шарти Ашраф Ғанӣ (АКС)

Нақшаҳои Э.Раҳмону Навоз Шариф ва шарти Ашраф Ғанӣ (АКС)
Мӯҳр
РАХМАТ БА ЧАНОБИ ОЛИ ИНКАДАР СОФДИЛОНА БА МАРДУМАШ ХИЗМАТ КАРДА ИСТОДААСТ МО БОЯД ЭХТИРОМИ ИН ШАХСРО БАЧО БИОРЕМ ВАГАРНА ХУДО АЗ МО БЕЗОРАСТ

хакикат талх аст
Дуруст мегуи бародар Юсуф. Чаноб бехтиарин корхоро кардаистодааст. Агар конунхои зидди ислом баровардашударо аз байн бардорад ин боз обруяшро зиедтар намуда мухаббаташри мардумро ба даст меорад.

Мухаррик
Ашраф Гани дар Хиндустон чизе гуфта натавонист ки Нариндра Модиро хушаш ояду табъаш болида шавад, барои хамин як лукма партофт. Покистон кишвари мусалмон ва нисбати мо хайрхох аст. Хиндустон аз тарафи дигар фикр мекунад, ки абаркудрат буда, бо Хитой дар минтака куваозмои мекунад, аммо ин хама дар хакикат монанди кинохои индийски аст, чизе аз дасташон бар намеояд.
Барои хамин бо Покистон муносибатхоро мустахкам кардан даркор. Худи омадани Навоз Шариф ба Душанбе як нишонаи эхтиром ба давлат ва мардуми Точикистон аст. Чаро ки Нариндра Моди натавонист омадан? Озодагон, илтимос хаминро як фахметон.

ш. Душанбе
Шукронаи тинчию амони, шукронаи сериву пури, шукронаи ин ватан. Худованди бузург Сарвари давлат-ро бо тамоми мардумаш дар панохи худ нигах дорад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)