Бахшҳо

Боздошти занҳои ҳиҷобпӯш дар Тошканд

Пулиси Тошканд дар наздикии бозори “Куйлюк” -и пойтахти Узбакистон занони ҳиҷобпӯшро боздошт кардааст. Бахши узбакии “Радиои Озодӣ” бо такя ба нақли шоҳидони ҳодиса хабар медиҳад, ҳарчанд занон пофишорӣ мекарданд, вале пулис онҳоро савори мошинҳои низомӣ кард.

“Касе ба дифои онҳо наомад”,-гуфтааст яке аз шоҳидони ҳодиса. Манобеъ аз мақомоти пулиси Тошканд гуфтаанд, барои ин амалиёт чанд гуруҳ аз тамоми шӯъбаҳои ин ниҳод таъсис ёфта буд. Ин гуруҳҳо дар чанд ҷойи дигар, монанди постгоҳи БДА-и “Бектимир” ва “Шарқ” даст ба чунин амалиёт задаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, занони ҳиҷобдорро ба идораи пулис мебаранд ва ҳар нафаре барои гирифтани ҳиҷоб розӣ шавад, зуд раҳо мекунанд: “Вале, касоне ки истодагарӣ кунанд, бо кормандони шӯъбаи муқобила бар зидди терроризм суҳбат хоҳанд кард. Пайвандони онҳоро ба суҳбат даъват мекунанд”.

Бахши узбакии “Радиои Озодӣ” аз қавли манобеи худ навиштааст, бархе аз кормандони пулис мухолифи ин амали ниҳоди худ ҳастанд. “Дар суҳбатҳои хусусӣ ба рӯшанӣ мегӯянд, зудтар ба нафақа баромадан лозим аст, хаста шудаем”,-гуфтааст шоҳиде.

Ба иттилои манбаъ, мубориза алайҳи пӯшидани ҳиҷоб дар Тошканд аз баҳори имсол шурӯъ шуд. Нахуст мақомот занони ҳиҷобпӯшро боздошт карданд ва баъдан таблуҳое, ки ҷадвали намоз ва иқтибос аз Қуръонро нишон медоданд, барчида шуд.
Мӯҳр
Худотарс
Салом
бузургон бехуда нагуфтаанд:
ЧАРОГЕРО КИ ЯЗИД БАРАФРУЗАД
ХАР ОН КАС ПУФ ЗАДА РИШАШ БИСУЗАД!!!
Дини Ислом хак аст ва хичоб фарз аст, инхо аз дасташон ягон кор намеояд ранги мансабдорони мо,

Ба фикрам хамин хичобро занхое ба бар кунанд, ки акалан камтар аз ислом бохабар бошанд, худотарс бошанд, намозашонро дар вакташ гузоранд, шавхарашонро эхтиром кунанд. Афсус, имруз хичобро занхои ба гуфтаи боло тамоман дахлнадошта ба бар карда, ба беахлокию бетамизи рох медиханд. Аввал бояд одби хичобпуши ва талаботхои ба он хосро омухт.

Юсуф
Худотарс,
алаи ҷу мегум Язид кай чроғ гирун мекард?
албатта агар манзурат маънии зартуштии он набошад
аммо манзури шоир аз Изад маънии форсии имрузаи он аст яъне Худо Аллоҳ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)